Тафреҳ. Чанд шеър аз Шоири халқии Тоҷикистон

Гулназар

Тафреҳ. Чанд шеър аз Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар

АЙЁМИ ГАП

Ҳаббазо, хуш омада айёми гап,

Зинда бодо дар ду олам номи гап!

Он ки аз пастии фитрат паст буд,

Ҳай фароғат мекунад дар боми гап.

Сад дареғ аз суннати волои мо,

Ҳофизи гап мондаву Хайёми гап.

Ҳар куҷое сифла буду қалтабон,

Мерасад ҳар лаҳзааш инъоми гап.

Ҳамчу тарбуз фасли ҷавзо пухтааст,

Раҳкушову раҳнамои хоми гап.

Пеши минбар субҳи гап бикшода чашм,

Боз дар минбар бихусбад шоми гап.

Зикри ҳалво коми кас ширин накард,

Суфрае аз бод дорад моми гап.

Ҳеҷ гаҳ  аз нангу номусаш напурс,

Ӯ фиканда ҷумларо дар доми гап.

Сарбадорон бесаранду ин ҷаҳон

Пур шуда аз Рустаму  аз Соми гап.

Интизорам рӯзи анҷоми варо,

Мерасад рӯзе магар анҷоми гап?!

***

             Дар синаи ман, ки  тирамоҳ аст,

             Ҳарфам зи хазони ман гувоҳ аст.

             Эй боғи ғунуда, ханда омӯз,

             На фасли фиғон, на гоҳи оҳ аст.

             Хоҳам, ки зи хор гул бичинам,

             К-аз обила пойи дил табоҳ аст.

             Афсӯс, наям баҳор, афсӯс,

             Ин ғусса чӣ ногувор, афсӯс!

                    ***

Пир шуд мурғи нафас дар синаам,

Шоҳболи нав куҷост?

Пираҳан дар пайкарам чун шом мурд,

Ҷомаи партав куҷост?

Гӯши ман чун ҳалқаи дар занг баст,

Ҳиммати  раҳрав куҷост?

Меҳри Ширин заҳр мехоҳад зи ман,

Кинаи Хусрав куҷост?

Шаҳри ман Юмгони дурафтодааст,

Носири Хусрав куҷост.

***

Наврӯзи ман порина шуд, бими хазонам баҳри кист?

Умри ҷавонам даргузашт, ишқи ҷавонам баҳри  кист?

По мезанад андешаам дар роҳи ноҳамвори хеш,

Ин осмонам баҳри чист? Ин остонам баҳри кист?

Минбар талаб дорад дилам, сад гап ба лаб дорад дилам,

Бо ин ҳама шӯри аён сӯзи ниҳонам баҳри кист?

Савдо фурӯ мону даме андеша  бар дунёи  хеш,

К-ин Ҳофизи ман аз куҷо, Мавлои ҷонам баҳри кист?

Гармии хунро дидаам танҳо ба шарёни шафақ,

Эй мурдахунҳо, баъд аз ин теғи забонам баҳри кист?

Аз бурҷи вайрони Ҳисор ояд ба гӯшам ин фиғон:

«Эй номбардори Ватан, ному нишонам баҳри кист?!»

Дилам хун шуд зи озори сиёсат,

Зи гуфтору зи кирдори сиёсат.

Наёбӣ фарди озоде дар ин мулк,

Ҳама маҳву гирифтори сиёсат.

Зи бекорӣ даҳан макшо, гуноҳ аст,

Ки мо бандем дар кори сиёсат.

Шавад ҳар рӯз пайдо сад навоҳӣ-

Хуҷанду Рашту Фархори сиёсат.

Нарӯяд аз замини файзи деҳқон,

Ба ҷуз зарпечаку хори сиёсат.

Ниҳоли боғи мо ҳосил расонад

Муруду  олуву нори сиёсат.

Пайи ободии бому дараш кист?

Кифоя бому девору сиёсат!

Шубонӣ мекунад дар кӯҳу пушта

Ба моли мо зиёнкори сиёсат.

Хабар орад хурӯси бомдодон

Фақат аз субҳи бедори сиёсат.

Саҳар гавҷӯши пир аз меҳрубонӣ

Биҷӯшад  шири пиндори сиёсат.

Ҳама анборҳо холист, холӣ,

Вале пур бошад анбори сиёсат.

Хари Исо напӯяд роҳи мақсуд,

Агар бораш бувад бори сиёсат.

Ҷаҳон бишкаст сад бору бино шуд,

Вале нашкаст бозори сиёсат.

Худоро, аз шифокоре хабар кун, 

Раҳонад ҷони бемори сиёсат.

Бубояд пар кашад чун зоғи бадмур

Аз ин манзил шаби тори сиёсат.

Сиёсатбозро, эй кош, эй кош,

Бубинам дар сари дор сиёсат! 

      ***

Нақши поятро ба раҳ бинам, дилам гум мезанад,

Чеҳраатро як нигаҳ бинам, дилам гум мезанад.

Рез-рези кокулони мушкбедии туро

Рӯ ба рӯю таҳ ба таҳ бинам, дилам гум мезанад.

Хирмани гул мебарӣ дар домани пироҳанат,

Бегаҳӣ бинам, пагаҳ бинам, дилам  гум мезанад.

Ту панаҳ аз чашми мардум мекунӣ сӯям назар,

Ҳар нигоҳатро панаҳ бинам, дилам гум мезанад.

Рӯдбори беғубориву пур аз шӯру шааф,

Ҷилваатро раҳ ба раҳ  бинам, дилам гум мезанад,

Бӯсаро кори гунаҳ гӯянд лабҳои  тарат,

Дар дилам майли гунаҳ бинам, дилам гум мезанад.

Ҳамчу абрӯят  раҳи мо то ба ҳам пайвастанист,

Ҳар куҷо  торе гираҳ бинам, дилам гум мезанад

Аз китоби Гулназар «Девон», Хуҷанд «Хуросон», 2025

Таҳияи Адиба Мардонзода,  

мутахассиси пешбари