Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 – уми июл
Соли 1743 дар моликияти Сокура дар наздикии Қазон шоир, намоишноманавис, намояндаи асосии классики рус, Гавриил Державин ба дунё омадааст. Ў ходими машҳури давлатии асри XVIII дар дарбори Екатерина II буд ва муаллифи аввалин гимни ғайрирасмии Русия мебошад.
Эҷодиёти Гавриил Державин қуллаи классикаи рус ба шумор меравад. Аввалин асарҳои шоир дар давраи хидмати ҳарбиаш пайдо шудаанд. Соли 1774 асарҳои «Қасидаи бузургӣ» ва «Қасида ба ашроф» рўйи чоп омаданд. Дар соли 1776 бошад, аввалин маҷмуаи ашъори шоир «Қасидаҳое, ки дар ғами Читалагой тарҷума ва эҷод шудаанд» ба дасти хонандагон расид.
Соли 1782 мадҳияи «Фелитса», ки ба императритса Екатерина II бахшида шуда, ба табъ расид, ки он ба шоир шуҳрати васеи адабӣ овард. Дере нагузашта дигар асарҳои машҳури Державин аз қабили: «Ашроф», «Ба Евгений. Ҳаёти Званская», «Барои марги княз Мешерский», «Худо», «Добриня», «Шаршара», «Ирод ва Мариамна» ва ғайраҳо пайдо шуданд.
Соли 1860 дар Прилуки шоир, мақоланавис, арбоби ҷамъиятиву сиёсии рус Василий Величко таваллуд шудааст.
Величко Василий Лвович Донишкадаи ҳуқуқшиносиро хатм кардааст. Шоир аз соли 1880 баъзан бо тахаллуси В.Воронетский дар маҷаллаву рўзномаҳои гуногун шеърҳои худро чоп мекард. Асарҳои «Мавзуҳои шарқӣ» (1890), «Шеърҳо барои кӯдакон» (1894), «Аз оҳангҳои Қафқоз» (1895) ҷудогона нашр шудаанд. Дар ашъори Величко аксар вақт олами Шарқ ва ривоятҳои қадим тасвир ёфтааст. Шеърҳои шоир оммафаҳм, равшану рангин ва бо ҳазлу шухиҳои ҳалим эҷод шудаанд.
Василий Величко инчунин асарҳои бадеии «Тўҳфа», «Ёддоштҳои Рӯҳ», асари таҷумаҳолии Владимир Соловев (ду нашр), драмаи «Меншиков» ва очерки драмавии «Пашшаи аввалин», ки ба саҳна гузошта шуда буд, навиштааст.
Соли 1928 дар Тифлис нависандаи шӯравии гурҷӣ Нодар Думбадзе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Волидони нависанда соли 1937 ба ҳабс гирифта шуданд ва барои Нодари хурдсол зиндагии сангини писари “душманони халқ” оғоз шуд. Онҳоро танҳо дар соли 1956 сафед карданд. Соли 1946 модари нависанда Анико Думбадзе-Бахтадзе аз қароргоҳ баргашт. То ин дам Нодар мактаби миёнаро дар деҳаи Хидистави хатм карда, дар он ҷо бо бобояш Кишварди Думбадзе ва модаркалонаш Олга Хинтибидзе зиндагӣ мекард.
Олга Хинтибидзе пас аз 14 сол қаҳрамони асосии достони машҳури «Ман, бибиам, Илико ва Илларион» (1960) мегардад, ки ба нависанда шуҳрати гўшношунид овард. Думбадзе баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тифлис, дар он ҷо чанд сол лаборант шуда кор кард. Дар вақтҳои холии худ ба адабиёт машғул шуда, аз соли 1957 худро ботамом ба он бахшидааст. Дар маҷаллаҳои гурҷии «Тулўъ» ва «Тимсоҳ» кор карда, чанд сол дар киностудияи «Грузияфилм» кор кардааст. Аз соли 1965 то соли 1973 сардабири маҷаллаи «Тимсоҳ» ва аз соли 1981 то дами марг раиси Иттифоқи нависандагони Гурҷистон буд. Аввалин ашъори Нодар Владимирович соли 1950 дар алманахи Донишгоҳ «Нури аввалин» чоп шуда буд.
Дар солҳои 1956-1957 се китоби ҳикояҳои мазҳакавиаш аз чоп баромад, ки дарҳол ҳаводорони зиёд пайдо карданд. Баъди шеърҳои бачагона ва маҷмуаи ҳикояҳои солҳои 1960-1962 роману повестҳо пайдо шуданд, ки Нодар Думбадзе ҳамчун яке аз насрнависони барҷастаи замонаш шуҳратманд шуд. Аз он ҷумла: «Офтобро мебинам» (1962), «Шаби офтобӣ» (1967), «Натарс, модар». (1971), «Парчамҳои сафед» (1973), «Қонуни абадият» (1978) мебошанд. Ҳамаи ин романҳо ва бисёр достонҳои нависанда даҳҳо бор чоп шуданд. Нодар Думбадзе муаллифи шеъру достонҳо, асарҳои бачагона, мақолаҳои публитсистӣ ва ёддоштҳои зиёд аст.
Соли 1954 дар Галапагара (Мадрид) намоишноманависи испанӣ Ҷасинто Бенавенте –и-Мартинес, узви насли 98, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1922) дар синни 87-солагӣ даргузашт.
Бенавенте-и-Мартинес дар Мадрид дар оилаи табиб таваллуд шудааст. Падару модари писарбача одамони бофарҳанг буда, аз хурдӣ ўро ба намоишномаҳои театр мебурданд.
Соли 1882 ӯ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Мадрид дохил шуд, аммо пас аз марги падараш дар соли 1885 таҳсилро тарк карда, ба Фаронса, Англия ва Русия сафар мекунад. Ў аз айёми камолот ба адабиёт шавқу рағбати зиёд пайдо кардааст. Баъди ба Ватан баргаштан ба касби актёрӣ машғул мешавад.
Нахустин китоби нависанда бо номи «Театри афсонавӣ» соли 1892 аз чоп баромад, пас аз як сол ду маҷмӯаи ў: «Шеърҳо» ва «Номаҳои занон» ба табъ расид.
Эҷодиёти Бенавенте фаҳмиши нозуки рўҳияи занро инъикос мекунад. Песаи «Одамони машҳур», ки соли 1896 чоп шуда буд, ба муаллиф шуҳрати бузург овард. Соли 1899 Бенавенте муҳаррири маҷаллаи «Литературная жизнь» шуд.
Дар соли 1907 вай песаи «Бозии манфиатҳо»-ро эчод карда, баъд дар намоишномаҳои он аксар вакт худаш нақши асосиро бозидааст. Аз соли 1908 то соли 1912 Ҷасинто Бенавенте дар рӯзномаи «Импассионте» (Мадрид) рубрикаи худро мебарад ва ба мунаққиди хеле маъруфи адабӣ табдил меёбад.
Пйесаи «Зани одил», ки соли 1913 эҷод кардааст, тамоми саҳнаҳои ҷаҳонро мафтун карда буд. Ин фоҷиа ҳаёти рўҳонӣ ва табии деҳқононро тасвир мекунад. Аз соли 1920 саррежиссёри театри миллии Испания Эспанол буд.
Дар соли 1922 намоишноманавис барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд ва дар соли 1924 ў ба Салиби бузурги Алфонсои ҳаким (баландтарин ҷоизаи адабии Испания) сарфароз гардонида шуд ва инчунин ба ҳайси шаҳрванди фахрии Мадрид эътироф гардид.
Ҷасинто Бенавенте ва Мартинес дар тӯли умри худ зиёда аз 170 пйеса навиштааст. Ӯ то дами марг аз эҷодкорӣ даст накашидааст.
Соли 1960 дар Маскав нависандаи рус Полина Дашкова ба олам омадааст. Полина Дашкова (номи аслиаш Татяна Викторовна Поляченко) дар оилаи зиёӣ ба воя расидааст. Ба эҷодиёти адабӣ Дашкова аз кӯдакӣ шавқу рағбат дошт, аммо он замон нависандаи оянда танҳо шеър эҷод кардааст.
Дашкова баъди хатми мактаб ба Донишкадаи адабӣ дохил шуд. Баъд вай чанд сол дар идораи яке аз рӯзномаҳои Маскав кор кардааст. Нахустнамоиши адабии нависанда дар соли 1996 баргузор шуд.
Теъдоди умумии нашршудаи китобҳои Полина Дашкова зиёда аз сӣ миллион нусхаро ташкил медиҳад. Эҷодиёти ўро метавон ба якчанд марҳила тақсим кард. Дар офаридани асарҳо дар жанри насри пурмазмун тўли бист сол ба маҳорати ҳақиқӣ ноил гардид. Ва ба ақидаи хонандагон, ҳар як китоби ӯ аз китоби қаблӣ беҳтару шавқовартар аст.
Асарҳои «Хуни навзодон», “Ҳеҷ кас гиря намекунад“, «Ҷой зери офтоб» «Сарчашмаи саодат», “Реги тиллоӣ” аз ҷумлаи осори ўянд.
Соли 1968 дар Маскав нависанда, филмноманавис ва омӯзгор, рӯзноманигор шӯравии рус Константин Паустовский дар синни 76-солагӣ даргузашт.
Константин Георгиевич 31 май соли 1892 дар Москва ба дунё омадааст, вале оилаи ӯ борҳо аз як ҷо ба ҷои дигар, аввал ба Псков, баъд ба Вилна кӯчида, дар охир дар Киев маскан гирифт. Паустовский дар гимназияи классикии Киев таҳсил мекард. Аввалин повести Паустовский «Дар рўи об», ки дар соли охири таҳсил дар гимназия навишта шуда буд, дар алманахи Киев «Огни» рўйи чоп омад.
Соли 1912 баъди хатми гимназия ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи Киев дохил шуда, баъд ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав гузашт. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ӯро маҷбур кард, ки таҳсилашро қатъ кунад. Пас аз марги ду бародараш Паустовский ба Маскав ба назди модараш баргашт, аммо пас аз муддате аз он ҷо рафт. Паустовский ҳангоми дар Таганрог зиндагӣ кардан ба навиштани аввалин романи худ «Хаёлпарастон» шуруъ кард. Соли 1928 аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш «Киштиҳои мутақобил» аз чоп баромад. Дар соли 1936 повести «Бинии қашқалдоқӣ», ки ба вилояти ороми Мешерский бахшида шудааст, рўйи чоп омад.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Паустовский дар фронти Ҷанубӣ мухбир буд ва он замон ҳикояҳои «Барф» ва «Субҳи боронӣ»-ро навишт, ки мунаққидон онҳоро нозуктарин тасвири лирикӣ меноманд. Дар миёнаи солҳои 1950 Паустовскиро дар тамоми ҷаҳон эътироф мекарданд.
Чанд асари Константин Паустовкий ба тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудаанд.
Соли 1995 нависандаи шӯравӣ, мақоланавис ва арбоби ҷамъиятии украинӣ Олес Гончар дар синни 77-солагӣ вафот кард.
О. Гончар Қаҳрамони Украина, барандаи ҷоизаи Ленин (1964), ду Ҷоизаи Сталини дараҷаи II (1948, 1949) ва Ҷоизаи давлатии СССР (1982) ба шумор меравад.
Гончар дар айёми наврасӣ аз навиштани иншои мактабӣ ба навиштани очерку мақола гузашт ва пас аз хатми мактаби ҳафтсола ба идораи рўзномае ба кор даромад ва ба омӯзишгоҳи рўзноманигории Харков дохил шуд. Дар соли 1937, ба ҳайси муаллим фаъолият карда, баъди як сол донишҷӯи факултети филология шуд, ки танҳо баъди ҷанг таҳсили онро ба итмом расонд, чунки Олес ихтиёрӣ ба фронт рафт.
Гончар бо орденҳо аз майдони ҷанг баргашт ва ба навиштани сегонаи «Парчамбардорон» шуруъ намуд, ки он аз ҷониби хонандагон ва мунаққидон баҳои мусбат гирифт. Ин асар сазовори Мукофоти сталинӣ гардид.
Роман дар новеллаҳои «Тронка» сазовори Мукофоти Ленинӣ ва китоби «Инсон ва силоҳ» ба мукофоти Тарас Шевченко мушарраф гардид.
Соли 2017 дар Версал нависанда, рӯзноманигор, филмноманавис ва муаллифи силсилароманҳо дар бораи Анжелика хонум Анн Голон дар синни 95-солагӣ даргузашт.
Анн Голон номҳои зиёде дорад, аммо номи аслиаш Симон Шанжё аст. Симон 17 декабри соли 1921 дар Тулони Фаронса, дар оилаи капитани флоти баҳрӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Зани фаронсавӣ нахустин романи худро бо унвони «Кишвари пушти чашмони ман” (1944) зери тахаллуси Ҷоэл Дантерн нашр кардааст. Баъди нашри он худро ба эҷод ва адабиёт бахшид.
Ҳикояи «Анжелика» Анн Голон ва шавҳарашро аз бӯҳрони иқтисодӣ наҷот дод. 13 романи аввалини Анжелика, «Анжелика, маркизаи фариштаҳо» (1956), тадқиқоти 3 соларо талаб мекард. Вай ҳам дар зодгоҳи худ Фаронса ва ҳам берун аз ҳудуди он шӯҳрати гўшношунид ба даст овард. Хонандагонро далерии қаҳрамон, озодшавӣ ва саргузашти аҷоиби ў мафтун карда буданд.
Дар тўли камтар аз 5 сол Анне Голон боз 5 роман навишт. Ҳар як нашри он ҳадди аққал дар 20 кишвари ҷаҳон фурӯхта мешуд. Аз рўйи романи мазкур филмҳо ба навор гирифта шуданд. Нахустин филм аз рӯи романҳои ӯ соли 1964 рўйи навор омад. Дар бораи Анжелика дар маҷмӯъ шаш филм вуҷуд дорад. Панҷтои онҳоро дар солҳои 60-ум ва охиронаш аз рўйи сюжет романи «Анжелика, маркизаи фариштаҳо» соли 2013 ба навор гирифта шудаанд.
Соли 1972, вақте ки нӯҳ китоб дар бораи Анжелика рўйи чоп омаданд, шавҳари нависанда Серж Голон аз дунё гузашт. Сабаби маргаш сактаи мағзи сар буд. Нависанда барои аз даст додани шахси азизаш хеле ғамгин шуд, бо вуҷуди ин ӯ тавонист худро ба даст гирифта, ба эҷодкорӣ идома диҳад. Аз он вақт инҷониб, вай чор романи дигар навишт. Охирин асар — «Пирӯзии Анжелика» соли 1985 ба табъ расида буд.
Дар солҳои 1990-ум, Анн Голон дар ҳолати сахти тангдастӣ қарор дошт: романҳои Анжелика чун замонҳои пеш маъруфиятро зиёд доштанд, аммо ҳаққи қалам ба дасти соҳиби қонунии он намерасид. Сипас, зани фаронсавӣ ноширонро ба додгоҳ кашид. Ҷанги судӣ тақрибан 10 сол давом кард ва дар соли 2004 он бо пирӯзии Анн Голон анҷом ёфт. Вай соҳиби пурраи ҳуқуқи муаллиф шуд.
Дар соли 2012, ин бонуи фаронсавӣ барои нашри романи ниҳоии худ бо номи “Анжелика ва шоҳигарии Фаронса” омодагӣ медид, аммо ин лоиҳа муваффақ нашуд. Эҳтимол саломатии нависанда ба ин имкон надод, чунки он вақт, синну соли Анн Голон аллакай аз 90 боло рафта буд.
Сарфи назар аз бемориҳои шадид, Анн Голон то рӯзҳои охирини худ ба вохўриву ҷамъомадҳо мерафт, романҳои Анжеликаро мутолиа намуда, тағйиру иловаҳо ворид мекард.
Дар эҷодиёти Анн Голон, аз 13 ҳикоят дар бораи Анжелика шаш романаш бо тахаллуси Ҷоэл Дантерн, яктоаш бо тахаллуси Линда Бод ва 10 ҷилди боқимонда дар шарикмуаллифии шавҳараш Серж Голон эҷод ва нашр шудааст.