Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23-уми январ

Як-рузи-таърих-23-01-2023Соли 1783 нависандаи маъруфи Фаронса  Анри Мари Стендал ба дунё омад. Вай аз муваффақтарин нависандагони сабки реализм дар адабиёти асри 19 Фаронса буд. Стедалро бештар романи ӯ “Сурх ва сиёҳ”, ки ба тоҷикӣ низ тарҷума шудааст, машҳур кард.

Қабл аз он ки бо номи Стендал машҳур шавад, ки бо номҳои зиёде менавишт. “Хотироти як сайёҳ”, “Сурх ва сиёҳ”, “Арманс”, “Савмааи Парм” аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1993 дар шаҳри Москав дар синни 67-солагӣ шоир, тарҷумон ва омӯзгори рус  Евгений Винокуров вафот кард. Вай барандаи ҷоизаи давлатии СССР буд. Муддати 18 сол мудири шуъбаи назми маҷаллаи машҳури “Новый мир” буд.

Соли 1812 дар Верон дар синни 60-солагӣ шоир ва намоишном анависи итолёвӣ Ҷованни Пиндемонте аз олам гузашт.

Соли 1856 журналист, мунаққиди адабиёт, ношири маҷаллаи “Телескоп”, файласуф, қавмнигор, донандаи хуби таърихи калисо Николай Иванович Надеждин тарки олам кард.

Соли 1897 нависандаи халқии Литва Ёва Симонайтите ба дунё омад. “Сарнавишти Шимонисов”, “Вилюс Каралюс”, “Буше ва хоҳарони ӯ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Ёва Симонайтите 27 августи соли 1978 дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Вилнюс даргузашт.

Дерек УолкоттСоли 1930 дар Кастри шоир, намоишноманавис ва наққош, барандаи ҷоизаи  Нобели адабиёт дар соли 1992 Дерек Уолкотт ба дунё омад. Вай аз маъруфтарин адибони Сент-Люсия ба шумор мерафт.

Уолкотт соҳиби беш аз 20 маҷмуаи шеър ва 30 намоишнома буд. Китобҳои шеъраш бо номҳои “Табл ва рангҳо”, “Ёдгорӣ”, “Ҳосили сафед” ва ғайра чоп шудааст.

Дерек Уолкотт 17 марти соли 2017 дар синни 87-солагӣ аз олам гузашт.

Равшан-ЗамирСоли 1948 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд  адиби тоҷик  Равшан Замир (Валиев Мирзоғанӣ) ба дунё омад. Солҳои 1973-1974 хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар вилояти Ленинобод, аз январи соли 1975 корманди Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, аз соли 1980 то июни 1992 сармуҳаррири он будааст.

Моҳи июни 1992 ба шуъбаи матбуоти Ҳукумати вилоят ба кор гузашта, баъдан дар вазифаҳои сардори Маркази матбуоти Ҳукумати вилоят ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоятӣ фаъолият бурдааст.

Аз феврали 1996 корманди рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», ҳамзамон, аз феврали 2004 то 2009, хабарнигори нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» дар вилояти Суғд будааст.

Ҳикояву таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои «Ашки осмон», «Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду», «Мағзи ҷон» ва «Чашми бад» интишор ёфтаанд. Қиссаи «Парӣ дар киштичаи гул» дар байни наврасону ҷавонон хонандаи бисёр пайдо кардааст.

«Аз Хуҷанд то Макка», «Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман» ва «Нур аз дур» китобҳоеанд, ки баъди сафарҳояш ба Арабистони Саъудӣ навишта шудаанд.

Китобҳои «Ҳамнаво бо субҳ», «Чархи гардон», «Ситораи сапедадам», «Сафои субҳи умед», «Офтоби дили падар», «Нақш дар оинаи дил», «Роҳ ба водии рӯшан», «Уқобони парвозӣ», «Машъал дар зулмоти рӯз», «Поктар аз домони субҳ» ва «Коргоҳи шуҳратёр» (ҳамроҳи М.Хоҷазод) аз офаридаҳои дигари ӯстанд.

Барои саҳми арзанда дар рушди адабиёт ва рӯзноманигорӣ ба дарёфти Нишони «Сухан», Ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ мушарраф гардидааст.

Аълочии телевизион ва радиои СССР, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Рэй-КаммингсСоли 1957 дар Маунт-Вернон, иёлати Ню-Йорки ИМА дар синни 69-солагӣ нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Рэй Каммингс бар асари сактаи мағзӣ вафот кард. Вай муаллифи асарҳое чун “Одаме, ки вақтро идора мекунад”, “Духтар-соя”, “Фирории вақт” буд.

Соли 2019 дар Гаосюн, воқеъ дар ҷазираи Тайван дар синни 65-солагӣ нависанда, публистист ва академики тайвонӣ Лин Синсюан аз олам рафт.  Лин аз қаламкашони машҳуру м аъруфи Тайван буд. Ӯро яке аз “ҳашт адиби насрнависи Чин” медонанд.

Таҳияи Б.Шафеъ.