Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30-уми январ

adabiyotСоли 1904 дар саҳнаи Театри ҳунарии шаҳри Москав нахустнамоиши мазҳакаи Антон Чехов “Боғи олуболу” баргузор шуд, ки онро коргардонҳои машҳур К.С.Станиславский ва В.И. Немирович – Данченко ба саҳна гузошта буданд.

“Боғи олуболу” охирин асари Антон Павлович Чехов аст, ки дар соли 1903 навишта шуда ва соли 1904 дар Театри ҳунарии Москав дар коргардонии Константин Станиславский ба рӯи саҳна рафтааст. Худи Чехов ин намоишномаи худро асари мазҳакавӣ медонад, вале Станиславский онро асари фоҷеавӣ донист ва дар ҳамин жанр коргардонӣ кард.

Намоишномаи “Боғи олуболу” дар аксар театрҳои машҳури олам ба саҳна гузошта шудааст. Замоне онро адибон ва мутарҷимони шинохтаи эронӣ Симини Донишвар, Бузурги Алавӣ, Ноҳиди Кошичӣ ва дигарон ба форсӣ тарҷума карда буданд. Соли 1351 ҳиҷрӣ ин намоишнома дар театри Теҳрон ба саҳна гузошта шуд ва дар нахустнамоиши он шаҳбонуи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ ширкат намуд.

vsevolod-zinovevich-nestajkoСоли 1930 дар Бердичев нависандаи украинӣ Всеволод Нестайко, ки дар втанаш чун классики адабиёти кӯдак дар Украина шинохта мешавад, ба дунё омад. Асарҳое чун “Дар Кишвари Харгӯшони Офтобӣ”, “Духтари ношиносе аз Кишвари Харгӯшони Офтобӣ” мутааллиқ ба ӯ мебошанд.

Соли 1930 дар театри давлатии драмавии шаҳри Ленинград нахустнамоиши пйесаи Владимир Маяковскийй “Ҳаммом” баргузор шуд.

Соли 1941 дар Мобил, иёлати Алабама астрофизик ва нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Грегори Бенфорд дида ба олам кушод. Вай барандаи ҷоизаи “Небюла” буд.

Соли 1945 дар ҷамоати деҳоти Қистакӯз (имрӯза Хистеварз)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд профессор Усмонҷон Ғаффоров ба дунё омад. Дар бораи ӯ матлаби муфассалтар дар сомона дорем, ки лутфан ба он таваҷҷуҳ кунед.

safar-abdulloСоли 1955 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент адабиётшиноси маъруф, шоир ва мунаққид Сафар Абдуллоҳ ба дунё омад.  Тавре дар муаррифии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омадааст, солҳои 1981-1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан, Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст.

Аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курси забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Алайхон мебошад.

Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии «Эроннома»-ро таъсис дода, сардабирии онро низ бар уҳда дорад. Маҷаллаи мазкур, ки ба забони русӣ чоп мешавад, мақола, рисола ва гузоришҳои илмии эроншиносони кишварҳои мухталифи олам ва мухаққиқони Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо мамолику ақвоми ҳамсоя ба табъ мерасонад.

Бархе аз мақолаҳои ӯ дар китобҳои «Нури сухан» (Алмаато, 2005), «Магические мосты» (Алмаато, 2005, ба забони русӣ), «Шаранги андӯҳ» (эссе дар бораи Лоиқ ва эҷодиёти ӯ; Душанбе, 2001) чоп шудаанд.

Ҳамроҳи донишманди эронӣ Сайидбоқири Камолиддинӣ нусхаи форсии мавҷуд дар Китобхонаи миллии Қазоқистонро тавсиф намудааст, ки соли 2008 ба забони русӣ мунташир гардидааст.

«Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ» низ аз таълифоти ӯст, ки соли 2011 дар чопхонаи Донишгоҳи Аблайхон ба табъ расидааст.

Ҳамчунин, таҳиякунандаи Куллиёти осори шоири маъруфи қазоқ Олжас Сулаймонов (дар 8 ҷилд) ва муаллифи сарсухани муфассали он мебошад.

Соли 1995 гулчини ашъори Абайро (дар тарҷумаи Фарзона, ба забони форсии тоҷикӣ) дар Теҳрон ба табъ расондааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

boki-rahimzodaСоли 1980 дар шаҳри Душанбе бар асари беморӣ яке аз шаҳсутунҳои адабиёти муосир, Шоири халқии Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода аз олам гузашт. Боқӣ Раҳимзода 15 майи соли 1910 дар деҳаи Сорбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Соли 1931 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд таҳсил кардааст. Баъдан дар мактабҳои ноҳияи Ғарм муаллим будааст. Соли 1941 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, дар ҳамон ҷой ба муаллимӣ пардохтааст.

Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмӯаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шудааст. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975-1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982-1983), «Шеъру достонҳо» (1983) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тилло» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974)-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Муаллифи либреттои «Духтаре аз Душанбе» (ҳамроҳи Шамсӣ Қиём) мебошад, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузоштааст.

Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории ӯ дарак медиҳад.

Ӯ миёни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хоса дошт.

Ашъори ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зелёный лист» (Маскав, 1963), «Путь солнечного луча» (1964), «Чудо» (1971), «С Крыши Мира» (Маскав, 1973) ва ғ. чоп шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967), Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соҳиби унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (1974) буд.

Бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Дар «Боғи Устод Айнӣ» мадфун аст.

dzherald-darrellСоли 1995 дар Сент-Хелиер дар синни 70-солагӣ нависанда ва табиатшиноси англис Ҷералд Даррел аз олам гузашт. Нуҳ моҳ пеш аз маргаш ҷигари дардманди адиби маъруфро иваз карда буданд ва бо ҷигари нав вай як сол ҳам назист.

Маъруфтарин асари ӯ “Оилаи ман ва ҳайвоноти дигар” мебошад, ки он бо форсӣ ҳам тарҷума ва дар Эрон нашр шудааст.

Ҷералд Даррел ҳамчунин поягузори боғи вуҳуши Ҷерсийск ва Хазинаи ҳифзи олами вуҳуш мебошад.

 Соли 2007 дар Ранчо-Мираж нависанда ва намоишноманависи маъруфи амрикоӣ Сидни Шелдон бар асари илтиҳоби дутарафа тарки олам кард. Вай 89 сол дошт.

Шелдон ҳамчунин муаллифи 30 филмнома, 250 филмномаи телевизионӣ ва 10 намоишнома мебошад.

Таҳияи Б.Шафеъ.