Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6-уми декабр

Як-рузи-таърих-06-12-2022Соли 1839 нависандаи гурҷӣ Антон Пурселадзе ба дунё омад.

Соли 1864 адиб ва муаррихи литвонӣ Симонас Даукантас аз олам рафт.

Соли 1870 дар шаҳри Краслав файласуфи рус Николай Лосский, яке аз поягузорони равияи интуитивизм таваллуд шуд. Интуитивизм яке аз аслитарин мавзӯи фалсафӣ дар  масъалаи иродаи озод мебошад.

Соли 1882 нависандаи англис Энтони Троллоп аз олам рафт.  Энтони машҳуртарин романнависондар давраи малика Виктория мебошад. Даврони малика Виктория дар Британия замони рушди саноат дар ин кишвар буд.

Соли 1904 дар шаҳри Санкт-Петербург шоир, намоишноманавис ва адиби кӯдакон Александр Введенский ба дунё омад. Аксари асарҳое, ки Введенский барои калонсолон навиштааст, баъди маргаш чоп шудаанд.

Ин асарҳо мутааллиқ ба ӯянд: “Ҳайвонҳои зиёд, “Сафар ба Қрим”, “Роҳи оҳан”, “Дар роҳ”, “Бод”, “Моҳидорон”, “Володя Ермаков” ва ғайра.

Петер Хандке

Соли 1942 дар Гриффен нависандаи австралиёӣ Петер Ҳандке дида ба олам кушод.  Ҳандке барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 2019 мебошад. Интихоби Петер Ҳандке ба унвони барандаи ҷоизаи Нобел интиқодоти зиёде аз Академияи Нобелро барангехт. Зеро нависанда замон ҷанги Боснӣ аз неруҳои серб ҳимоят карда буд.

Романи “Занбӯри сурх”, намоишномаи “Пешгӯӣ ва иттиҳом ба худ”,Бод ва дарё, чаҳор намоиши савтӣ” мутааллиқ ба ӯянд.

Соли 1943 шоир ва наққоши рус Олег Григорев ба олам момад.

Соли 1958 дар Ню-Йорк аввалин анҷумани нависандагони украин дар олами озод баргузор шуд. Ташаббускори он Созмони адибони украинии “Сухан” буд.

Таҳияи Б.Шафеъ