Китоби нав. Мирзотоҳир Набизода: «Таърихи асрҳои миёна»

Таърихи асрҳои миёнаКитоби мазкур соли равон зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонзода дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст. Он дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои “таърих”, “таърих ва ҳуқуқ”, “таърих-бостоншиносӣ”, “таърихи дин”, “таърих-диншиносӣ” буда, аз номгӯи мавзуъҳо, намудҳо ва тарзи иҷроиши корҳои амалӣ ва мустақилона, кор бо сарчашмаҳо ва адабиёти илмӣ ва адабиёти тавсияшуда иборат аст.

Дар муқаддимаи китоб аз ҷумла омадааст: Муҳимияти илми таърих дар он аст, ки вай оинаи тамомнамои ҳар як халқу миллат буда, омӯзиши он дар ташаккули шахси бомаърифат, эъмори ҷомеаи солим ва шаҳрвандӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳифзу нигаҳдории суннатҳои ниёгон василаи муҳим маҳсуб меёбад, Омили муфид ва созанда дар раванди рӯҳияи ватанпарастӣ, ба камолрасии мутахассисони баландихтисоси ҷавон маҳз дар дуруст ва мувофиқи матлаб донистани таърих ва фарҳанги мамолики хориҷӣ дар давраҳои мухталифи таърихӣ мебошад.

Имрӯз дар шароити ба миён омадани тағйиротҳои куллӣ ва ҷиддии охири асри ХХ – ибтидои асри ХХI, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баробари он суръат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ, зарурияти дуруст ва мувофиқи талаботи ҷомеаи муосир ба роҳ мондани таълими ин фан ба миён омадааст. Дигаргуниҳои ба вуқуъ омада зарурияти пешниҳоди консепсияи комилан нави тафаккури таърихиро тақозо менамояд,

Таърихи асрҳои миёна яке аз қисмҳои асосии таърихи умумӣ мебошад. Он ҳамчун дигар қисмҳои таърих, пеш аз ҳама дар бораи таърихи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ ва бевосита дар бораи яке аз давраҳои муайяни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании он сухан меронад.

Истилоҳи «асри миёна» аз ибораи лотинии mediuv aevuv (асри миёна) дар асрҳои ХХ-ХХI дар доираи гуманистон (инсондӯстон, инсонпарварон)-и Италия ба вуҷуд омадааст, Масалан, яке аз гуманистони асри ХVII Флавио Бондо дар асараш «Таърих аз суқути Рум» аввалин шуда истилоҳи «асри миёна»-ро нисбат ба солҳои байни замонаш ва давраи антиқӣ ба кор бурдааст,

Дар асрҳои ХVIIVIII забоншиносон ва муаррихони давраи нав низ ба даврабандии таърих машғул шуда, истилоҳи «асрҳои миёна»-ро васеъ истифода бурдаанд. Дар асри ХVII дар Германия профессори донишгоҳи Галлия Й. Келлер ба даврабандии таърихи умумиҷаҳонӣ машғул шуда, ба он истилоҳи «асрҳои миёна»-ро дохил намуд ва ҳамаи таърихро ба таърихи атиқа, таърихи асримиёнагӣ ва таърихи нав тақсим кард. Ба воситаи ин гуна забоншиносону муаррихони асрҳои ХVII  ХVII ва ХІХ истилоҳоти «дунёи қадим», «асрҳои миёна» ва «давраи нав» то замони мо омада расидаанд.

Мақсади ниҳоӣ аз омӯзиши фанни таърихи асрҳои миёна тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи омӯзгорӣ мебошад. Фанни мазкур донишҷӯёнро бо асосҳои донишҳои таърихии барои омӯзгори мактаби ҳамагонӣ зарур мусаллаҳ намуда, дар рафти машғулиятҳои назарию амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ниҳоди донишҷӯён маҳорату малакаҳои барои фаъолияти амалии касбии омӯзгори фанни таърихи умумӣ муҳим, пеш аз ҳама салоҳиятҳои коммуникативӣ ва касбии онҳоро ташаккул медиҳад.

Дар шароити муосир, ки дигаргуниҳо дар мактабҳои олӣ ба назар мерасанд, худфаъолиятӣ ё худ мустақилона кор бурдани донишҷӯён яке аз аломатҳои навовариҳои имрӯза ба шумор мераванд. Консепсияи муосири таълим эҷодкории фардӣ, ҷустуҷӯи мустақили донишҳо, талабот ба мустаҳкамкунии он ва фарҳанги волои шахсиро пешбинӣ менамояд.

Ташаккули талаботи дохилӣ ба худомӯзӣ аз яктараф талаби замон ва аз тарафи дигар шарти асосии ташаккули шахсияти донишҷӯ мебошад. Қобилияти инсон ба даъвои ӯ барои пайдо кардани мавқеи баланд дар ҷамъият аз кӯшиши фардии вай дар раванди мустақилонаи азхудкунии донишҳои нав вобаста аст. Ҳалли вазифаҳои маорифи имрӯза бе боло бардоштани нақши кори мустақилонаи донишҷӯён дар раванди омӯзиши маводи таълимӣ, ҳавасмандгардонии объективонаи онҳо ба натиҷаҳои кори худ, тарбияи фаъолияти эҷодӣ ва ташаббускорӣ ғайриимкон аст.

Асоси методологии кори мустақилонаи донишҷӯёнро фаъолияти самаранок ташкил медиҳад, ки моҳияти он дар ташаккул додани маҳорату малака барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда ифода меёбад. Ин маънои онро дорад, ки дар раванди фаъолияти мустақилона донишҷӯ бояд сатҳи дониши худро нишон диҳад.

Имрӯз ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки бо кӯмаки амалии омӯзгор таърихи давлатҳоро аз нигоҳи нав омӯзад. Кашфиётҳои илмии ҷаҳон имрӯз бо далелҳои раднашаванда исбот намудаанд, ки инсонияти рӯи замин аз охири ҳазораи IV ва аввали ҳазораи Ш пеш аз мелод сар карда, тадриҷан аз ҳолати ибтидоӣ ба тамаддун рӯй мениҳад.

Дар рафти омӯзиш ва таълими таърихи асрҳои миёна бояд пеш аз ҳама ба омилҳои аз худ кардани таҷрибаи муфиди таърихӣ, таҳлили воқеонаи ҳаводиси таърихӣ, норасоиҳо ва мушкилиҳои ба миён омада, дарки сабақи таърихӣ амиқ сохтан ва донистани вазифаҳои асосии имрӯз дар пеш истода ва дарки рушди ояндаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон диққати махсус дода шавад.

Маълум аст, ки қарни ХХI дар миқёси ҷаҳон ва Ҷумҳурӣ дар назди шаҳрвандон масъалаҳои нав ва ҷиддиро пеш гузоштааст, ки барои ҳалли онҳо ва расидан ба мақсад шахси бомаърифат бояд таърихи пешрафти халқҳои дунёро хуб донад, ватандӯсти ҳақиқӣ, интернатсионалист, меҳнатдӯст ва боодобу хушахлок, муборизи тантанаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ бошад.

Хонандагон китоби «Таърихи асрҳои миёна-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.