Як ҳикояи хеле ҷолиб аз Шайх Аттор. “Ҳадя”
Рўзе буду рўзгоре буд. Як араби биёбонӣ буд, ки тамоми умрашро бо хонаводааш дар саҳрои регзор сипарӣ карда ва ҳаргиз як шаҳрро надида буд. Онҳо дар чодари худ наздики оби борике, ки аз бехи теппа ҷорӣ мешуд ва дар рег фурў мерафт, зиндагӣ мекарданд. Хўрокашон ҳам бештар гиёҳи саҳро, малах ва ҳамин гуна чизҳо буд.
Дар бехи чашма як дарахти куҳансол ҳам буд, ки мевае надошт ва аз дур сабзиаш намудор буду аз наздик сўхта ба назар мерасид. Оби чашма шўрмазза буд, дар тобистон он қадар кам мешуд, ки ҷуз рафъи ташнагӣ ба ҳеҷ коре намерасид.
Марди араб то худашро мешинохт, он ҷо буд ва намедонист дар дунё ҷои беҳтаре вуҷуд дорад ё не. То вақте касе зиндагии беҳтарро надида, ба ҳарчи ҳаст, одат мекунад ва умеду хоҳишаш кам аст. Марди араб хаёл мекард, ки агар аз он ҷо кўч кунад, касе меояду он ободиро тасарруф мекунад. Вақте зиндагӣ хеле сахт мешуд, бар сари роҳи корвон мерафт, ки аз он ҷо дур буд: муддатҳо менишаст, то шояд корвоне убур кунаду садақае аз онҳо бигирад ва хабаре бишунавад. Аммо корвон ҳам дер-дер меомад. Ин буд, ки як сол хушксолӣ шуд ва оби шўри чашма кам шуд, то замоне ки дигар ҳатто машкҳо ҳам хушк шуд. Ҳарчи замини намнокро канданд, аз оби бештар хабаре набуд.
Марди араб машки хушкидаро ба дўш андохта, дар ҷустуҷўи об роҳи ношинохтаеро пеш гирифт, рафту рафт то аз регзор гузашт. Дар роҳ аз як нафар пурсид, ки ин роҳ ба куҷо мерасад, оё он тарафҳо ободӣ ҳаст?
Мақсуди ў аз ободӣ ҷое буд, ки обеву сабзае битавон пайдо кард.
Раҳгузар гуфт:
– Чанд фарсах, ки биравӣ, ин роҳ аз канори дарёча мегузарад ва ниҳоят ҳам ба шаҳр мерасад.
Мард хушҳол шуду рафт то ба чуқурие расид, ки дар он оби борон ҷамъ шуда буд ва атрофи он чанд дарахту сабзаву сафое дошт. Касе, ки дарё надидааст, як чуқурӣ об ба назараш дарёча аст. Араб омад канори дарёчааш нишасту кафе об ба рўяш зад ва қадре аз он об хўрд, чун аз ҳама обҳое, ки дар умраш хўрда буд, беҳтар буд, гуфт: Баҳ-баҳ чӣ обе, ҳаққо, ки ин об аз биҳишт омадааст, пас ин ки мегўянд биҳиште ҳасту оби Кавсаре ҳаст, рост мегўянд, чунин чизҳое ҳам дар дунё ҳасту мо намедонистаем.
Нишаст ва ба бадбахтии худаш андешид ва ҳисоб карду дид, агар як машк об гирифта ба ҷои худаш баргардад, ки ин ҳунар нест. Ҳунар он аст, ки бо ин оби биҳиштӣ сармояе аз шодкомӣ бисозад.
Бо худ гуфт: Ҳайф аст, ки аз ин об мо бибарему бихўрем ва халифаи ислом аз он хабар надошта бошад. Дар ин дунё аз халифа дида бузургтар касе нест. Халифа ҳам хеле қудрату сарват дорад, хуб аст як машк аз ин об бигираму рост ба сўроғи халифа биравам ва ба ў ҳадя кунам, халифа ҳам одам аст ва аз ин туҳфа хеле хушҳол мешавад ва он вақт…
Дигар зуд машқи хушкидаро дар об тар кард. Онро пур аз об карда, бандашро ба дўш андохта роҳи шаҳрро пеш гирифт. Дар роҳ ба ҳар ки расид, нишонии хонаи халифаро мепурсид ва омад то наздики шаҳр. Аз қазо он рўз халифа ба қасди шикор аз шаҳр берун омада ва дар саҳро чодар зада буд, охирин бор ки мард нишонии хонаи халифаро пурсид, ба ў гуфтанд:
– Чодаре, ки дар он саҳро дида мешавад, чодари халифа аст ва худаш ҳам он ҷост, агар коре бо халифа дорӣ, фурсате аз ин беҳтар пайдо намекунӣ.
Мард барои ин пешомади хуб Худоро шукр карду рост ба тарафи чодари халифа омад, лашкариён сари роҳашро гирифтанду гуфтанд:
– Куҷо меравӣ?
Гуфт:
– Ба халифа кори муҳимме дораму хабари хуше барояш овардаам.
Ўро пеши халифа бурданд, халифа пурсид:
– Ба ман чӣ кор дорӣ?
Марди араб гуфт:
– Аз биҳишт барои халифаи ислом хадя овардаам.
Халифа пурсид:
– Аз биҳишт?
Марди араб гуфт:
– Бале, аз ҷое монанди биҳишт, шояд ҳам аз худи биҳишт.
Халифа хаёл кард, ки бо як одами девона сарукор дорад.
Пурсид:
– Хуб, ҳоло он ҳадя куҷост?
Марди араб гуфт:
– Ҳамин ҷост, ин аст, ин машки об. Дар дунё ҳеҷ кас обе ба ин хубӣ нахўрдааст, бифармоед, имтиҳон карда бубинед, ман вақте ба биҳишт расидам, дидам ҳайф аст, ки танҳо ин обро бихўрам ва ба ёди халифа набошам.
Халифа фаҳмид, ки ў марде содадил асту дар биёбон зиндагӣ карда ва ҳаргиз оби гуворо начашида ва ин корро бо нияти нек ва барои хидмат кардааст. Дастур дод як ҷом биоваранд ва қадре аз он обро гирифту чашид.
Оби борон буд ва бўи хоку алафи пўсида дошт.
Халифа гуфт:
– Бисёр хуб аст, мо аз биҳишти саҳро хабар надоштем. Хуб коре кардӣ, ки ин туҳфаро овардӣ. Ҳоло ки ин заҳматро кашидӣ, аз мо чӣ хоҳише дорӣ? Чӣ орзуе дорӣ?
Мард гуфт:
– Саломатии халифаро орзу дорам, вале саҳро хушксолӣ аст. Чашмаи мо ҳам хушк шудааст, ман ба ҷустуҷўи об мерафтам, ки ба биҳишт расидам, шутур ҳам надоштам, ки битавонам бештар об биоварам ва хонаводаам маро мунтазиранд, бо иҷозаи шумо, мехоҳам баргардам.
Халифа боқимондаи обро, ки дар пиёла буд, дубора дар машк рехт ва сари машкро баст ва ба наздикон гуфт:
– Ин машки обро дар ҷои хубе нигаҳ доред. Он вақт дастур дод як шутур, ду машк, як халта пул, қадре нон ва хурмо ҳозир карданд ва ба мард гуфт:
– Инҳо музди хидматест, ки ту ба халифа кардӣ, аммо шарташ ин аст, ки бар ин шутур савор шавӣ ва аз ҳамон роҳе, ки омадӣ, зуд баргардӣ ва дигар ба шаҳр ворид нашавӣ, биҳиштро ҳам ба ҳеҷ кас нишон надеҳ, худат то метавонӣ аз он истифода кун.
Марди араб ҳадяҳои худро гирифту барои халифа дуо кард ва аз ҳамон роҳе, ки омада буд, хушнуду хушҳол баргашт.
Вақте ки ў рафт, яке аз наздикони халифа гуфт:
– Маълум аст,ки ин марди бечора ҳеҷ вақт обе беҳтар аз инро надидааст. Вале намедонам чаро халифа ўро аз рафтан ба шаҳр парҳез дод, шояд дар шаҳр чашми дилаш боз мешуд ва дунёро беҳтар мешинохт.
Халифа гуфт:
– Ин тавр беҳтар буд. Ин мард ин машки обро ба нияти хайрхоҳӣ ва хидмат оварда буд ва агар рафта беканории Фуротро бо он ҳама об медид, хиҷолатзада мешуд, нахостам хушҳолиашро барҳам занам. Ман дар баробари нияти неки ў некниятӣ намудам. Ҳадя овардани ў бо фаҳми худаш муносиб буд, аммо пазируфтани ҳадя ҳам расме дорад. Бигзор то муддатҳо аз ин хидмате, ки кардааст, хушҳол бошад.
***
Мавлавӣ ҳам ин ҳикоятро дар «Маснавии маънавӣ» ба назм овардааст. Мисли ин қисса низ ҳикояте аст, ки дар аҳволи хоҷа Низомулмулк нақл шудааст:
Як боғбон барои хоҷа Низомулмулк се дона бодиринги сабзи навҳосил туҳфа овард. Хоҷа дар ҳузури дигарон якеро буриду хўрд ва баҳ- баҳгўён баъд дуввумӣ ва севумиро ҳам худаш хўрду ба каси дигаре надод. Сипас ба боғбон туҳфаҳо бахшиду иҷоза дод то биравад. Баъд шарҳ дод, ки бодиринги аввалӣ талх ва вонамуд накардам. Дуввумиро буридам, ки агар талх набошад, ба дўстон бидиҳам, аммо боз ҳам талх буд ва севумӣ низ аз ҳама талхтар. Агар намехўрдам, навъе бетаваҷҷуҳӣ буд ва агар касе дигар мехўрд ва талхии онро ошкоро мегуфт, мояи шармандагии боғбон мешуд.
Аз китоби маҳдии Озарияздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз осори Фаридуддини Аттор). Душанбе “Ирфон”, 2024.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, корманди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.