Як нома ва ду шаеъри шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ, ки аз хати пеши ҷабҳа навиштааст
НОМА АЗ КОРЗОР
Салом Қориҷон!
Маълуми шумо бошад, ки ҳозир ман дар хориҷа, дар хоки полякҳо ҳастам, дар ин бора ба Хайрӣ навишта будам. Аҳвол нағз, шукри Худо, саломат.
Дар ин ҷо мағалҳои калон давом карда истодаанд, умед аст, ки дар ояндаи наздик бо ғалабаи комил бармегардем. Душман ҳарчанд дар пеши қувваи мо оҷиз бошад ҳам, якравӣ карда “қӯймайман” гуфта нишастааст, аммо ҳар рӯз вайро якчанд километр пеш мекунем, боз он тарафтар рафта “боз якто зану рӯзата бин” гуфта мешинад.
Бисёр вақт боз мактуб намегирам, чун ки ба сабаби кӯч-кӯчи мо аз шимол ба ҷануб почта ҳисобашро гум карда монд; умед аст, ки дар рӯзҳои наздик ин масъала ҳал мешавад.
Аз ман ба ҳазрати волида, ушшоқатон, ба ҳамшира ва ҷиянҳо, ба ҳама хешу табор, ба Ҷӯраев, Эгамбердиев, Зеҳнӣ ва ҳамгузариҳо салом.
Агар Айниро дида тавонед, салом расонед. Бо иди октябр, ҳамаи шуморо табрик мекунам.
Бо салом додаратон.
Ҳабиб
16.10.44
ЗАРБАҲОИ ДУШМАНАФКАН
Тӯдаи ғоратгарон то Москави сурх омадаст,
То ба қалби софи дунёи нави сурх омадаст,
То ба хуршеде, ки пошад партави сурх, омадаст,
“Мо магар қабри Ленинро дасти душман медиҳем?”
Не, ба душман зарбаҳои душманафган медиҳем!
Москави мо фотеҳ аст, партия он ҷо посбон,
Москави мо пурзафар, ҳамкори ӯ халқи ҷаҳон,
Москави мо пойдор, он ҷост Ленин ҷовидон,
“Мо магар қабри Ленинро дасти душман медиҳем?”
Не, ба душман зарбаҳои душманафган медиҳем”!
Посбони пойтахти мо ба душман раҳ намонд,
То ба дарё бурду, аммо ташна аз дарё биронд!
Душмани халқи Ленин аз қабри Ленин дур монд;
“Мо магар қабри Ленинро дасти душман медиҳем?”
Не, ба душман зарбаҳои душманафган медиҳем”!
Гуфт Москав: гар натарсӣ, марг метарсад зи ту,
Тир бигрезад зи ту, шамшер меларзад зи ту,
Тарс агар дорӣ ту, ҳар тарсанда бистезад ба ту,
Гуфти Маскавро куҷо, кай бар замин монондаем?
Гуфти Москав шуд, ки душманро зи Маскав рондаем!
Тӯдаи ғоратгарон то Маскави сурх омадааст,
То ба қалби софи дунёи нави сурх омадаст,
То ба хуршеде, ки пошад партави сурх, омадаст,
“Мо магар қабри Ленинро дасти душман медиҳем?”
Не, ба душман зарбаҳои душманафган медиҳем”!
Соли 1941
ҲАЁТ МЕДАВАДУ МЕРАВАД
Ҳаёт медаваду меравад,
Ба аспи ҳаёт
Ҳазор тез давад ҳам намерасад самолёт!
Ҳаёт баҳр бувад, ҷӯш мезанад
Эй дил!
Ту дар канори чунин баҳр кардаи манзил!
Фақат хатар набувад дар канори он будан,
Ҳаёт ҷӯшзанон меравад
Ба суръати том
Ба сӯи бахти наву фатҳи тоза беором!
Ба суръате, ки надидааст то ҳанӯз олам,
Ба ҷӯшише ки набуда дар уқёнус ҳам.
Ҳаёт медаваду пеш меравад…
Ҳайҳот!
Дило, ту низ намон пас зи мавҷҳои ҳаёт!
МАНБАЪ: Садои Шарқ, соли 1970 №5
Таҳияи Носирова Шавқинисо,
мутахассис пешбари шуъбаи Матбуоти даврӣ.