маркази Тоҷикшиносӣ

Мақом ва манзалати зан дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ

Бе падар мумкин аст шуд маълум,

Чун Масеҳо зи Марями маъсум.

Лек бе модари хуҷаставуҷуд,

Валадеро нагуфта кас мавлуд.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Аз замони бостон то имрўз зан-модар дорои мақому мартабаи баланд ва дар тамоми фаъолияти ҳамарўзаи зиндагӣ то ҷое бо мард баробар буд.Дар номаҳои бостон аз мақому мартабаи волои 

Паёми наҷотбахши Мавлоно барои башарият

 Ишқ пуле миёни инсон ва Худост ва ин пул дер замоне аст, ки шикастааст. Аз дили ҳар инсон ба сўи Худо роҳе аст, ки розҳо ва ҳақоиқро бевосита метавон дарёфт кард. Башар ин роҳро дар ғубори худхоҳӣ ва худбоварӣ гум кардааст. Мавлавӣ дасти инсони саргаштаро мегирад ва дар байт байти ашъори худ ба ишқ раҳнамоӣ мекунад. Ишқе, ки Мавлоно ба инсон муаррифӣ мекунад, аз таваҷҷуҳ ва дилбастагӣ ба мазоҳири инсонӣ оғоз мешавад, аммо рў ба

Пажӯҳиш: Рўзномаи «Шамс-ун-наҳори Кобул» манбаи пайдоши рўзноманигорӣ дар Афғонистон

 Муборизаи қаҳрамононаи мардуми Афғонистон барои истиқлолият диққати мардуми тараққипарвари дунёро ҳама вақт ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин, рўз то рўз таваҷҷўҳи бештаре ба таърихи фарҳанги ин кишвар ва ҳолати имрўзаи он дода мешавад.

 

Шоири як шеър. Шобегим Маликшоева

 Дирӯз, 10-уми октябр  дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рўнамоии китоби «Шоири як шеър» (Намунаи шеъри ҷавон) баргузор гардид. Дар ин маҷмўа як намуна аз шеъри Шобегим Маликшоева бо унвони «Ишқи сода» дар баробари шеърҳои дигар шоирони ҷавон рўи чоп омад.

Ишқи сода

Эй асиру пойбанди хотирот,

Ҳалқаи занҷири ёдат канда шуд.

Шишаҳои ҳасрати ёдат шикаст,

Назаре ба китобхонаҳои бузурги гузаштаи Шарқ

​ Дар тули 2500 сол андўхтани дониши башарӣ фақат дар инҳисори китобхонаҳо будааст. Ба қавли яке аз мутафаккирони Ғарб Томас Мор «Рўҳи тамоми гўзашта дар китобхонаҳо оромидааст». Дар сартосари таърих китобхонаҳо барои таблиғи афкори хос хидмат мебурданд. Ин нишондиҳандаи таъсиргузории сиёсӣ, иҷтимоӣ  ва ахлоқии китобхонаҳост.

 

Раҳёфте ба тамаддуни гузаштаи Форсзамин аз сарчашмаҳои таърихии ғарбӣ

  Агар таърихи башар аз Ховар оғоз мешавад, на танҳо аз он ҷиҳат аст, ки Осиё қадимтарин намоишгоҳи маданият аст, балки аз он ҷиҳат аст, ки ин тамаддунҳо ба манзалаи хамирмоя ва шолўдаи фарҳанги Юнону Рум аст… Ҳашт соле, ки ман дар мутолиа ва мусофират гузаронидам, ҳамин фаҳмо буд, ки агар як марди ғарбӣ тамоми умри худро ба мутолиа дар қазои Ховарзамин вақф кунад, боз ҳам наметавонад рўҳи асроромези шарқиро чунон ки ҳаст дарк намояд.

 Бузургтарин садди роҳи пешрафти тангназарӣ сайр дар офоқ ва анфуси хештан аст ва агар барои касе, ки фурсат дар ин даст надода, пас ошноӣ ба кори дигарон аст, ки дар ин роҳ анҷом додаанд. Дар воқеъ, миллатҳое, ки пайваста дар роҳҳои тозаи зиндагӣ қадам мениҳанд ва барои

Страницы