Маркази “Тоҷикшиносӣ” дар Тоҷикистон яктост! Гузориши хабарнигори “Хатлон” аз Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллӣ

Ҷаҳонгиршоҳи-РустамшоҳСоли 2007 дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кӯшише буд, ки ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани Китобхонаи миллии кишвар мусоидат менамуд. Марказ, аз соли 2007 то ҳол фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кӯтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузоштааст.

Гузорише, ки Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ – хабарнигори нашрияи вилоятии “Хатлон” омода кардааст, ба бисёр суолҳои ксоне, ки дар бораи ин Марказ донистан мехоҳанд, посух медиҳад.

Ҷаҳонгиршоҳ ҳамчунин таъкид кардааст, ки хоҳишмандем, ин наворро паҳн кунед, то ҳамватанон бубинанд.