таърих

Китобе, ки аз шумо даъват мекунем бихонед: «Бытие – симфония диссонанса»

Аз имрӯз дар сомонаи мо имкон доред бо китоби нави яке аз олимони пуркори кишвар Искандар Абдуллоев «Бытие – симфония диссонанса» ошно шавед.
Мухтасар дар бораи муаллиф
Искандар Абдуллоев зодаи шаҳри Душанбе буда, 26-уми марти соли 1949 таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи торихи Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Ломаносовро хатм кардааст. Дар мавзуъи “Хислати торихии омилҳои субъективии инқилоби иҷтимоӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буд, дар кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва баъдан мудири маркази таҳқиқоти стратегии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Торихи Русия: муҳоҷирони корӣ бояд аз ин торих чиро донанд?

Ин китобест аз торихи Русия, Русия  дирӯз ва
имрӯз ва барои он зумра аз ҳаммиллатони мост,
ки дар ин кишвар нони муҳоҷират мехӯранд.
Ҳукумати Русия дар танзими қонунҳои
муҳоҷирати худ донистани торихи ин кишварро
барои хориҷиён на танҳо муҳим донист, балки
яке аз шартҳои боқӣ мондани онҳо дар ин
қаламрав донист. Яъне, касоне, ки дар Русия
мехоҳанд иқомат кунанд, заҳмат кашанд, ризқ

Таърихи Русия

Торихи Русия. Дастури омӯзишӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик. (Нашри дуввум, ислоҳшуда ва пуррашуда)
 Китоби нави донишманди тоҷик Зафар Саидзода, ки талош кардааст торихи Русияро барои муҳоҷирини тоҷики муқими ин кишвар бо забони хеле содаи русӣ нависад, то дар супурдани имтиҳонот ҷиҳати дарёфти ҷойи кору зиндагӣ истифода кунанд.

Страницы