Шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ сомонаи худро фаъол кард

marketingИн сомона бо суроғаи rent-hall.tj қобили дарёфт аст. Ҳадаф муаррифии бештари имконияту зарфиятҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Акнун корбарон ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд барои баргузории маҳфилу нишастҳои худ макони муносиб ҷӯянд, аз ин тариқ маълумоти заруриро метавонанд пайдо кунанд ва барои маҳофили худ ҷойи шоиста пайдо намоянд.

Ин сомона кулли толорҳои ҷаласотро бо камтарин имконияту зарфиятҳояш ба намоиш мегузарод. Шуруъ аз масоҳату ҷойи нишаст, то таҷҳизоти мукаммали техникии он.

Корбарон бо вуруд ба ин сомона мушкили худро дар мавриди баргузори ҷойи маҳфили худ осон мекунанд, зеро ҳама маълумоти заруриро пайдо ва аз тариқи видеонаворҳо, аксҳо бо шарту шароити ҳар толор ошно мешаванд.

Вуруди шуморо ба сомонаи rent-hall.tj  хайрамақдам мегӯем.