Ҳикоя дар “Пайрав”. Зебонисо Давлатова: “Истироҳатгоҳ”

Зебонисо ДавлатоваМо ҳар тобистон бо ҳамсифонамон ба истироҳатгоҳ меравем. Имсол дар истироҳатгоҳ як воқеаи ҷолибе руй дод.

20-июн мо мисли ҳамасола барои рафтан ба истироҳатгоҳ омодагӣ дида, субҳи содиқ ба роҳ баромадем. Дар автобус бо ҳамроҳи рафиқонамон суруд хонда, рақс карда, хандакунон рафта расидем.

Рўзи аввал мо бо мураббиҳоямон шинос шудем. Онҳо ба мо утоқҳои хобу чойхўриамонро нишон дода, моро ҷо ба ҷо карданд. Ҳар субҳ мо якҷоя аввал машқи пагоҳирўзӣ ва баъди он ба машғулият шуруъ мекардем. Яке расм мекашид, дигаре суруд мехонд, хулоса, ҳама ба машғулиятҳои дўстдоштаи худ машғул буданд.

Ман сайр карданро дўст медорам бинобар ин ба сайри гирду атрофи истироҳатгоҳ баромадам. Вақте сайр мекардам, ногоҳ аз кунҷи дарахт аз таги баргҳо овози ҷолибе ба гўшам расид. Аз наздик рафта дидам, ки дар он ҷо як ҷайра хобида аст. Он ҷайра ҳаракат мекард, вале роҳ гашта наметавонист, дилам сахт ба ў сухт, зуд мураббиро ба ёрӣ фарёд кардам. Мураббӣ ҳамроҳи талабаҳо расида омаданд, мо зуд ҷайраро бардошта, ба бунгоҳи тиббӣ бурда, ба он ёрӣ расонидем. Пас аз ду рўз ҷайра ба по хеста рафт. Мо хело шод шудем. Вақте инсон хубӣ мекунад аз кардааш қувват мегирад ва мехоҳад боз ҳам зиёдтар хубӣ кунад.

Зебонисо Давлатова,
м
утахассиси шуъбаи АБК ва
таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ
.