Китоби нав. Аслиддин Низомӣ: “Таронасози Ватан”
Китоби мазкур, ки аз ҷониби кормандони Шубаи санъатшиносии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон таҳия ва ба нашр омода гардидааст, ба зиндагинома ва эҷодиёти яке аз ҳунармандони маъруфи тоҷик, мутриб, муғаннӣ ва оҳангсози мумтоз, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, устод Файзалӣ Ҳасан, бахшида шудааст.
Дар маҷмуа очерки муфассали тарҷимаиҳолӣ, шарҳи осори мусиқии Файзалӣ Ҳасан, сабти нотавии зиёда аз 80 номгӯй суруду таронаҳо аз маҳсули эҷодии ҳунарманд, шарҳу эзоҳ ба сабку усули оҳангсозӣ, инчунин сабти овозии оҳангҳои эҷод намудаи ӯ ворид гардидаанд, ки аввалин маротиба дасраси аҳли ҳунар мешаванд.
Маҷмуа ба сифати дастури махсуси таълимӣ барои омӯхтани намунаҳои мусқии муосири тоҷик пешниҳод шудааст.
Мухлисони ҳунари мусиқии муосир, мутахассисон, аҳли адабу маориф, донишҷӯёну муаллимони таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи мусиқӣ бо истифода аз маводи мазкур имконияти хуби шиносоиро бо маҳсули заҳматҳои эҷодии зиёда аз чилсолаи устоди мусиқии муосири тоҷик Файзалӣ Ҳасан дастрас мекунанд, ки бидуни шубҳа барои рушди минбаъдаи мусиқии муосири халқи тоҷик ва тарғиби суннатҳои асили оҳангсозӣ мусоидат хоҳад намуд.
Хоҳишмандон метавонанд бо китоби “Аслиддин Низомӣ “Таронасози Ватан” дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.