Китоби нав: Фатҳуллоҳи Азиз «Осори мунтахаб»

Осори мунтахабДар ин ҷилд китоби адиб шеърҳо, интихобан қисме аз маводҳои публитсистии дар тули умр иншонамудаи муаллиф, ки ҳаёти мардумамон, кору пайкорашонро баҳри ислоҳи камбудию нуқсонҳо, беҳгардонии зиндагӣ, пешрафту тараққиёти кишвар мавриди пажӯҳишу бозгӯйӣ қарор гирифтаанд, ҳамчунин иддае аз асарҳои адибони хориҷӣ, ки аз ҷониби ӯ аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд, ворид карда шудааст.

Ин ду ғазал аз ҳамин китоб:

ТУРО МАН ЁД ХОҲАМ КАРД

Туро чун қиссаи дерину ширин ёд хоҳам кард,

Ба ёдат хотири ғамгини худро шод хоҳам кард.

Ба мулки орзуҳоям кунам парвоз бо умед,

Хаёлан аз бароят хонае обод хоҳам кард.

Парисон аз барам ногаҳ шудӣ ғоиб ту, эй бемеҳр,

Ба сандони фироқат ҷону тан фӯлод хоҳам кард.

Намеоӣ ба хобам ҳам дигар афсӯс, сад афсӯс,

Агарчанде зи таҳти дил туро фарёд хоҳам кард.

Надорӣ раҳму шафқат ҳеҷ бар ҳоли парешонам,

Намеоӣ, донам, аммо боз арзу дод хоҳам кард.

Ба ҳасрат мекушад доғи ҷудоият маро охир,

Фидо бо майли худ ҷонам ба ту фарзод хоҳам кард.

САЙЁДИ НАГУНБАХТАМ

Оғӯштаи хун шуд дил аз новаки мижгонаш,

Ҷон бахшаду бистонад он пистаи хандонаш.

Сарсону парешонам дар кӯйи муродаш ман,

Бинмуда бад – ин ҳолам зулфони парешонаш.

Бо ахгари чашмонаш сӯзандаи имон аст,

То чанд мусалмон аст, оё бувад имонаш?

Уфтода ба дунболаш талвосаи ҷонам бин,

Бидҳад чӣ азобам ӯ бо талқини шайтонаш.

Бар ҳоли чу Қайси ман ҳарчанд, ки механдад,

Гирён бишавам бинам чун Лайлии гирёнаш.

Сайёди нагунбахтам, ҳосил зи шикорам нест,

Оҳуи биёбон ӯ, гирам магар осонаш?

Хонандагон китоби Фатҳуллоҳи Азиз «Осори мунтахаб»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.