Мизи гирд бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Китобхонаи миллӣ
4-уми ноябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Конститутсия мизи гирд доир гардид. Дар он Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштироку суханронӣ намуд.
Зимни ин нишаст ў аз таърихи қабул ва зарурати ин санад сухан гуфт. Вазъияте, ки ҳоло дар Украина ҳукмфармост, сӣ сол пеш дар Тоҷикистон буд. Маҳз давлатҳои абарқудрат ба хотири аз байн бурдани яке аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нуфузи худашонро ҷорӣ кардан ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро дар хориҷи кишвар тарҳрезӣ ва таҳмил доданд. Бадбахтии ин ҷанг дар он аст, ки дар ҳарду тарфар як миллат буд. Ҳатто ҳолатҳое буд, ки аз як авлод, як реша, аз як пайванд яке дар ин сангар буд, дигаре дар сангари дигар.
Зиёда аз 60 дарсади моддаҳои конститутсия ба ҳаёту ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Ва аввалин маротиба дар Конститутсия нишон додем, ки ҳаёт, қадру қимат, шаъну шарафи инсон дахлнопазир аст, – гуфт профессор Ғафурзода.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, меҳмонону кормандонро ба ин муносибат самимона табрик гуфт ва аз аҳамияти ин ҷашн ёдовар шуд. Ў дар идомаи суханонаш афзуд, ки 6-уми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон бо шарофати Истиқлол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.
Дар мизи гирд, ки дар он қатори меҳмонон кормандони китобхона ва намояндагони ВАО ширкат карданд, таъкид шуд, ки Конститутсия баёнгари ирода ва ифтихори миллати тоҷик аст. Бо қабул шудани Конститутсия дар тамоми соҳаҳо ва равандҳои ҷамъиятии кишвар тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Махсусан, барои беҳбуд бахшидани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки соҳаҳои ҷудонопазири ҷомеа маҳсуб мешаванд, давра ба давра беҳбудӣ ва дигаргуниҳои ҷиддӣ амалӣ гардиданд.
Бо шарофати қабули Конститутсия роҳи пешрафту муваффақияти давлатдории тоҷикон мушаххас шуда, вобаста ба равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба воситаи гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуда, дар моддаи 1-и он чунин омадааст:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Раҳима Бобоева,
шуъба тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.