Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6-уми ноябр

Соли 1265 дар Ҷумҳурии Флоренсия шоири маъруфи итолиёвӣ Данте Алигери таваллуд шудааст. Данте “охирин шоири асрҳои миёна ва аввалин шоири замони нав” буд. Навиштаҳои Данте бар адабиёти Италия ва саросари Аврупо таъсир гузошт.

Данте дар замони зиндагии худ даст ба интишори китобҳои гуногуне зад, ки маъруфтарини онҳо “Мазҳакаи илоҳӣ”, “Зиндагонии нав”, “Зиёфат”, “Салтанат” ва “Оҳангҳо” мебошад. Китоби “Мазҳакаи илоҳӣ” дар се бахш нигошта шудааст: дӯзах, барзах ва биҳишт.

Дар замони ҳукмронии Ҳизби Гуилфҳои Сафед Данте мансабҳои бонуфузро ишғол мекард ва вақте, ки сиёҳпустон ба сари ҳокимият омаданд, ўро дар қатори дигар гуилфҳои сафед аз шаҳр берун карданд. Пас аз 10 сол ба ӯ иҷозат доданд, ки ба ватанаш баргардад, аммо Данте рад кард.

Данте соли 1321 дар Раввен бар асари бемории маляриё вафот кардааст.

ЛомоносовСоли 1736 нависанда ва донишманди аҳли Русия, энсиклопедист, физикдон, кимиёшинос, асосгузори дарёнавардии илмӣ ва кимиёи физикӣ Михаил Василевич Ломоносов  ба Донишгоҳи Марбурги Олмон дохил шуд ва дар он ҷо таҳти роҳбарии физик ва файласуфи маъруф Кристиан Вулф таҳсил кард. 25 июли соли 1745 бо фармони махсус ба Ломоносови 34-сола унвони профессори кимиё дода шуд. Ломоносов 19 ноябри соли 1711 дар деҳаи Холмогории назди Архангелск таваллуд  ва  4 (15) апрели соли 1765 дар синни 54-солагӣ аз варами шуш вафот кардааст. Ӯ ҷуғрофидон ҳам буду металург ҳам ва дар ситорашиносӣ мумтоз ва дар геология низ кашфиётҳо доштааст. Таборшинос, муаррих, наққош, омӯзгор… ва ғайра буд.

Соли 1852 – нависандаи рус, муаллифи асарҳои пурхонандаи бачагона Дмитрий Мамин-Сибиряк таваллуд шудааст.  15 ноябри соли 1912 дар Санкт-Петербурги Русия вафот кардааст.

Соли 1855 – Василий Василевич Давидов шоир ва равоншиноси рус дар синни 63-солагӣ дар Красноярск вафот кард.

Соли 1921 нависандаи амрикоӣ Ҷеймс Рамон Ҷонс ба дунё омадааст.

Соли    1929  нахустин шумораи рӯзномаи «Рабочий и культура» (ҳоло рӯзномаи «Культура») аз чоп баромад.

Соли 1941Морис Леблан нависандаи фаронсавӣ дар синни 76-солагӣ даргузашт. Ў муаллифи китобҳои «Арсен Люпен зидди Херлок Холмс» (1908),  «Пӯки булӯр” (1912), «Эътирофи Арсен Люпен» (1913), «Ҷазираи сӣ тобут” (1919) буд.

Соли 1943 нависандаи постмодернисти рус Саша Соколов таваллуд шудааст. У муаллифи романҳои «Мактаб барои аблаҳон”, «Байни саг ва гург”  ва «Палисандрия» мебошад.

Соли 1955 нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Кэтрин Азаро дар Окленд, иёлати Калифорния таваллуд шудааст.

Соли 1994 Леонид Израилевич – нависанда, шоир ва драматурги советии рус дар синни 73 солагӣ вафот кард. Соли   2019  дар синни 86-солагӣ адабиётшинос, нависанда, публисисти маъруф Лев Аннинский даргузашт. Ў муаллифи зиёда аз 30 китоб буд.

Таҳияи Мадина Ҳамидова