Бо бачаҳо.Гулнисо Ризвоншоева: “Саёҳат бо Ҳадяча” Марко Поло кист?

Саёҳат бо ҲадячаМаро як савол ором намегузошт.

– Бачаҳо, барои чӣ ин зоти гўсфандонро Марко Поло номидаанд? Чаро ба онҳо номи ба мову маҳаллаи мо хос намондаанд? Пагоҳ ба китобхона меравему ҷавоби ин саволро меёбем, – гуфтам ман.

Дўстонам розӣ шуданд. Ману Оҳубара онҳоро гусел кардем.

Рўзи дигар Самиру Ситора маро дар назди китобхона интизор буданд. Назару Лутфия кор доштаанд, омада натавонистанд.

Самир бо интернет кор карданро медонист. Бинобар ин аз бахши электронии китобхона истифода намудем. Чун савол додем, ки «Марко Поло кист?» баъди чанд сония ҷавоби саволи мо пайдо шуд. Марко Поло дар асри ХIII дар Италия таваллуд  шуда, дар шаҳри Венетсия зиндагӣ кардааст. Вай тоҷир будааст. Вақте, ки аз ин мавзеъ мегузарад, рамаи гўсфандони кўҳиро мебинад ва онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ҳатто расми онҳоро ҳам мекашад. Чун дар бораи ин зоти гўсфандон бори нахуст Марко Поло маълумот додааст, ин намуди гўсфандонро ба номи ў – Марко Поло номгузорӣ карданд. Дар давоми ҳашт аср, яъне ҳаштсад сол, ин зоти гўсфанд бо номи Марко Поло дар дунё  машҳур аст. Солҳои охир сайёҳони зиёд аз тамоми гўшаю канори дунё  барои тамошои гўсфандони Марко Поло ба Бадахшон меоянд. Барои ҳифзу парваришу ин зоти гўсфандон мамнуъгоҳҳо ташкил карда шудааст. Дар шароити  ҳозира ҳифзу парвариши онҳоро мамнуъгоҳҳо ба уҳда гирифтаанд.

Инчунин, дар бораи гўсфанди Марко Поло баъзе маълумотҳои дигарро низ дастрас намудем. Макони асосии зисти  гўсфанди Марко Поло ноҳияи Мурғоб буда, мардуми Қирғиз онро Архар (гўсфанди кўҳӣ) меноманд. Байни мардуми Шуғнон ва Рўшон он бо номи мешак (гўсфанд) машҳур аст.

Баландии қади қўчқор ва гўсфанди Марко Поло то 110-115 см буда, вазнаш то 140 – 150 кг мешудааст. Қўчқорҳо нисбат ба ҷинсҳои модина калонтар ҳастанд. Дарозии шохҳояшон ба ҳисоби миёна то ба 130 см мерасад. Мавзеи паҳншавии ин гўсфандон минтақаҳои кўҳии Тоҷикистон, Афғонистон, Чинй ва Покистон мебошад.

Шикори ин намуд гўсфанди кўҳӣ манъ аст. «Мамнуъгоҳи Зоркўл» ва «Парваришгоҳи Помир» онҳоро таҳти назорат ва ҳимояи худ гирифтаанд.

Мо аз ҷавоби ёфтаамон қаноатманд будем. Ману дўстонам якҷоя ба хонаи мо омадем. Оҳубара хобида буд. Мо вайро нороҳат накардем ва аз пайи кори худ шудем.

Аз китоби  Гулнисо Ризвоншоева “Саёҳат бо Ҳадяча”.
Таҳияи Фотимахон САРАЕВА, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти наврасон ва кўдакон.

Ин ва даҳҳо китоби дигарро шумо, хонандаҳои азиз метаовнед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.