“Ғунчаҳои тарона” (Сурудҳо барои кӯдакон)
Китоб аз ҷониби Муҳайё Содиқзода, Заррина Рӯзиева ва Туғрал Холматов мураттаб шуд, соли гузашта дар нашриёти Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Тавре муаллифон мегӯянд, мақсади асосии таҳияи дастури таълимӣ аз он иборат аст, ки омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ҷумҳурӣ мазмун, шакл ва тарзу усулҳои муосири ба роҳ мондани раванди машғулияти мусиқиро тавассути сурудҳои дар китоб ҷойгиршуда, омӯзанд ва ба кӯдакон омӯзонанд.
Сурудҳои дастури таълимӣ барои кӯдакон эҷод шуда, ба мавзуи Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистони азиз, зебогии табиати диёр, ҳусни водиҳои шукуфон, кӯдакони хушбахт, дӯстӣ, рафоқат, меҳрубонии модари ғамгусор ва ғайраҳо бахшида шудаанд.
Ҷаҳонгир Салимзода ва Мадина Набизода сарсухани худ ба китобро бо ин суханони В.А.Сухомлинский оғоз кардаанд: “Ҳаёти маънавии кӯдак ҳамон вақт пурбаҳо мешавад,ки кӯдак дар олами мусиқӣ, санъат, бозӣ, афсона, эҷодкорӣ обутоб ёбад. Дар вақти набудани ҳамаи ин чизҳо вай гули пажмурда аст”.
Ва дар идом а мехонем: Барои тамоми инсонҳо айёми кӯдакӣ замони зебо ва шодмонию беғамист, аз ин лиҳоз аксари одамон он даврони беғашию меҳрубонӣ, меҳру муҳаббати софу беолоиш ва ширину нотакрорро ёд мекунанду саодати олами пуртаронаи туфулиятро беҳтарин замони зиндагии худ меҳисобанд.
Кӯдакистон макони оромию осудагии кӯдакону манзили саодати онҳо, ҷойи рақсу суруд ва беғамию нози онон буда, мураббиён ва доягону ходимони дигар муассиса нозбардорони онҳо мебошанд. Ин макони тарбиявӣ чун оилаи бузургест, ки танҳо модарон дар канори худ тифлонро бо меҳру муҳаббат парвариш мекунанду зина ба зина ба тадрис омода месозанд. Кӯдакистон амсоли гули навшукуфта аст. Баробари ворид шудани кӯдакон ба ин муассиса барои онҳо гӯё “ҲАЁТИ НАВ” сар мешавад.
Дӯстрӯякони поктинату пурмеҳр, пурорзую боназокат аз ҳар гуна оила бо табъу хислатҳои гуногун ба ҳам меоянд ва хушбахтона, дар кӯдакистон саодатхонаи худро меёбанд ва ҳар рӯз бо суруду тарона машғулиятҳоро оғоз карда, бо шодию тараб рӯзро ба охир мерасонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккул додани дараҷаи ҷаҳонбинӣ, идрок, мусиқифаҳмӣ, зебоипарастӣ ва соҳибмаърифат ба воя расонидани хурдсолон кормандони соҳаи маорифро супориш медиҳад, ки: – “Ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат барояшон азиз аст, бояд дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб ва дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврас саҳми муносиб гузорад”.
Масъулони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки мутасаддии пурмазмун ва шавқовар гузаштани ҳар лаҳзаи ҳаёти кӯдакони дӯстрӯ дар ин муассисаҳо мебошанд, кӯшиш мекунанд, ки ҳар машғулият, соатҳои бозию тарбиявӣ ва таълимиро дар сатҳи баланду нишонрас баргузор намоянд, то ҳар лаҳзаи ҳузурашон дар ин ҷой дар хотири шогирдонашон абадан нақш бандад.
Барои он ки машғулиятҳо, бозию шуғли дигар шавқовару хотирмон гузаранд, мураббиён, омӯзгорону дояҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳар лаҳза аз суруду тарона истифода баранд, зеро тифлону кӯдакон аз рӯзи ба дунё омадан суруди ҷовидонаи модар – “Алла”-ро мешунаванд ва ба садои хушу гуворо, мусиқию навои дилнишин одат карда, дар вуҷуди онҳо ҷавонмардию футувват, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, шуҷоату ҷасорат, кишвардориву тавоноӣ, заҳмату меҳнатписандӣ, сахову бахшандагӣ, муҳаббату садоқатро ҷой медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзи ифтитоҳи “Кӯдакистони Президентӣ”-и вилояти Суғд, дар яке аз рӯзҳои хуррами соли 2013 таъкид карда буданд, ки тифлакони ояндасози Тоҷикистони навинро модарона, бо меҳру муҳаббати бепоён тарбият намоем, то шиори умрашон бунёдкорӣ ва ватанпарастӣ бошад.
Китоби “Ғунчаҳои тарона”-ро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши адабиёт барои фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар.