Инна Коваленко (Тихомирова)-ҳамватани қаҳрамони худро бишносем
Коваленко Инна Константиновна (Тихомирова) 27 сентябри соли 1962 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Варзишгар (тенниси рўи миз). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии ИҶСШ соли (1978). Хатмкардаи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ; 1985). Чемпиони Аврупо дар мусобиқаи дукаса (бо Ф. Булатова; соли 1982). Чемпиони мутлақи ИҶШС соли (1982), чемпиони дукаратаи Аврупо байни наврасон соли (1978).
Аз 11-солагӣ таҳти роҳбарии мураббӣ В.И. Элнатанов дар Шўрои ҷамъиятии «Динамо»-и шаҳри Душанбе ба варзиши тенниси рўи миз машғул шудааст.
Мавқеи баландтарини Коваленко дар арзёбии ҷаҳонии ITTF (Федератсияи байналхалқии тенниси рўи миз) соли 1983 ҷои 30-юм буд. Баъди барҳамхўрии ИҶШС аз Тоҷикистон ба Руссия кўчид.
Соли 2003 Коваленко бо И. Битюская, Т.Михайлова ва Л.Суканова дар ҳайати дастаи «Star-Dreams-МАИ» дар Лигаи олии Чемпионати дастаии Руссия баромад кард.
Соли 2008 дар чемпионати ҷаҳон байни варзишгарони сини аз 40 то 49 ғолиб шуд. Ҳоло дар мактаби варзишии шаҳри Дубна ба ҳайси мураббӣ кор мекунад.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ. 10. – С. 269.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.