Профессор Асозода: Пайванди рӯҳонии Сайид Нафисӣ бо Садриддин Айнӣ. Бахши охир

Садриддин АйнӣБояд гуфт, ки С. Нафисӣ аз ҷумла он донишмандони эронӣ буд, ки ба кишвари Шуроҳо эҳтиром мегузошт ва бесабаб ҳам набудааст, ки бо бад шудани вазъи саломатиаш табобаташро дар шифохонаи сафорати уравӣ амалӣ кардан хост, ҳарчанд ки шифо наёфту он ҷо фавтид.

Агар ба рӯйхати ҳайатҳои адибону фарҳангиёнӣ эронӣ, ки ба конференсияҳову ҷашнҳои дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон сурат мегирифта даъват шудаанд, назар андозем мебинем, ки С. Нафисӣ аз азизтарин меҳмонони Шуравӣ будааст. Аз ин ҷост, ки ӯ ба ашхосе, ки нисбати Давлати Шуравӣ бадгӯиҳо зоҳир менамуданд, назари манфӣ дорад. Бо ҳамин сабаб аст, ки дар хатти сужаи романи “Нимароҳи биҳишт” чеҳра дуктур Тайибиро қарор медиҳад, ки ӯ ба ҳар восита кӯшиш менамояд ба рафту омади эрониён ба сафоратхонаи Шуравӣ монеъ шавад ва умуман робитаи ҳар навъаи Эронро бо Шуравӣ гуноҳи азим медонад ва ба ҳеҷ гуна сулҳдӯстии ин кишвар боварӣ надорад. Дар шинохти Тайибӣ сафорати Шуравӣ дар Эрон ҳамон вазифаро адо менамояд, ки бомбаи атомӣ анҷом медиҳад. С. Нафисӣ дар эҷоди шахсияти дуктур Тайибӣ заҳмати зиёде мекашад, то ки ӯро ҳамчун инсони дорои сиришти буғранҷ шахси фиребгар ва мубҳам муаррифӣ намояд.

С. Нафисӣ дар ду дидоре, ки бо устод Айнӣ доштаст, бештар ба афкори илмӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии С. Айнӣ диққат додааст ва ба бузургии ӯ ба он хотир қоил шудааст, ки собиқ хатмкардаи мадрасаҳои Бухоро ба сохти Шуравӣ, сиёсати фарҳангии роҳбарони он эътиқоди бенадоза зоҳир менамояд ва дар ҳама маврид аз Шуравӣ арзи сипос мекунад. Баъдҳо, ки С. Нафисӣ дафтари хотироташро аз сафарҳояш ба сарзамини Шуравӣ варақгардон менамояд, лозим медонад, ки аз шахсиятҳое аз ин кишвар ба воситаи қалами нависандагиаш қадршиносӣ намояд. Дар сафҳае, ки ӯ аз шахсиятҳои маъруфи сиёсии ин кишвар ёдовар мешавад, дар радифи И. Сталин, М. И. Калинин. А. Н. Микоян Садриддин Айниро ҳам қарор медиҳанд. Аз ҷумла оид ба шахсияти устод Айнӣ чунин изҳори ақида менамояд: “… Дар ҳар сафар аз ошноӣ ва мусоҳибат бо донишманди маъруфи тоҷик марҳум Садриддин Айнӣ бархурдор шудам. Ин мард аз бузургони диёри худ буд….” (Айнӣ. К. Бист гуфтор аз маънавият, с. 164).

С. Нафисӣ соли 1962 дар номааш, ки ба унвони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фиристодааст, С. Айниро ин тавр шинохтааст: “… Андоми лоғар ва қади мутавассит ва симои пур аз ҳушу фаросат ва чашмони пурфурӯғӣ Садриддин Айни маро гирифт. Дидам сурати он марди бузург, ки дар баробари ман аст, бо сирате,  ки аз муаллифоти вай дар зеҳни ман ҷойгир шуда буд, комилан аст…” (Садриддин Айнӣ дар хотираи дӯстон ва шогирдон. С.183).

Истифодаи ибораи “муаллифоти вай” баёнгари он аст, ки С. Нафисӣ то ин дидор аз таълифоти дигари устод Айнӣ, яъне осори насрии ӯ- “Одина”, “Дохунда”, “ Ғуломон”, “ Марги судхӯр” ва ғайра асарҳои ӯ огоҳи амиқ доштааст, ки сирати устодро ба осораш яксон мебинад. Дар ҳамин нома С. Нафисӣ С. Айниро ба таври зайл арзиёбӣ менамояд: “…. дар назарам Садриддин Айнӣ ҳам ҳаст ва ҳам нест. Оре, он симои саршор аз завқ ва қареҳаву дониш, он баёни ширини дилангез, он чашмони пурфурӯғи оромбахши дигар дар он ҷаҳон нест. Аммо осори марде, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве бар ҷаҳон маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидонӣ хоҳад шуд…” (Ҳамон маъхаз, с,183).

Устод Айнӣ ба таъбири С. Нафисӣ “саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон” карданро баъд аз мутолиаи “Наводирулвақоеъ”- и Аҳмад махдуми Дониш ҳанӯз оғози қарни ХХ, ҳангоми таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро кашф намуда буд. Ба ҳамин муносибат устод Айнӣ он айёмро ба хотир оварда дар асари пешазмаргиаш “Ёддоштҳо” ин тавр менависад: “Шиносоии ман ба  “Наводирулвақоеъ” дар ман танҳо инқилоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависиро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки “бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд монанди Аҳмад- махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда нишон дода тавонад…” ( Айнӣ С. Ёддоштҳо, к 4- Сталинобод Нашрдавтоҷик 1955. С.427).

С. Нафисӣ ҳарчанд ки ба сифати “яке аз меъморони насри ҷадиди Эрон” шинохта шудааст, ӯ аз аввалин насрнависон дар муҳити адабиёти нави ҳавзаи Эрон ба шумор намеравд. Аммо устод Айнӣ, ки аввалин бор ба майдони адабиёти нав ҳамчун ҳаваскори шеър ворид мешавад ва маҳз ба ҳамин васила хатту саводашро мебарорад, нахустин насрнависи адабиёти шӯроии тоҷик мебошад. Устод иқрор мешавад, ки то Инқилоби Октябр ягон порчаи адабии насрӣ ба майдон наовардааст (Айнӣ С. Як-ду сухан/Ёдгорӣ (маҷмӯаи шеърҳо), 1935, с.7).

Ба ҷодаи наср ворид шудани устод Айнӣ ҳамонро мемонад, ки дар рӯзгори насрнависи С. Нафисӣ ба мушоҳида гирифтаем. С. Айнӣ ҳам яке аз сабабҳои насрнавис шуданашро дар он мебинад, ки гӯё чорчӯбаи вазну қофия барои ифодаи мазмунҳое, ки инқилоб тақозо мекард, тангӣ менамояд ва ё ин ки қобилияти шеърии ӯ аз ифодаи он мазмун дар либоси шеър оҷиз меояд ва боис мегардад, ки С. Айнӣ насрнавис шавад (Айнӣ С. Як-ду сухан/ Ёдгорӣ ( Маҷмӯаи шеърҳо). 1935. С.7).

БАХШҲОИ ҚАБЛӢ:

Дар асл иқрори устод ҳамон маъниро ҳам медиҳад, ки С. Нафисӣ гуфтааст. Яъне, дар ҳавзаи адабии Тоҷикистони солҳои бистуми асри ХХ ба навъи насрӣ эҳтиёҷ пайдо шуд ва ин ҷиҳатро пеш аз ҳама С. Айнӣ дарк кард. С. Айнӣ эҳсос менамояд, ки ӯ воқеияти сотсиалистиро дар навъи наср хубтар инъикос дода метавонад. Устод Айнӣ ҳам монанди С. Нафисӣ он чӣ ба воситаи шеър гуфтанӣ аст аз Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ ва амсоли онон беҳтар гуфта наметавонад. Воқеан, С. Айнӣ қобилияти эҷодии худро бештар дар наср эҳсос менамояд. Метавон гуфт, ки шеър дар асри ХХ дар мисоли эҷодиёти устод Айнӣ ҷойи худро ба наср медиҳад. Чунонки гуфтем, сарчашмаи аввалияи насри бадеии С.Айнӣ “Наводирулвақоеъ”-и Аҳмади Донишро бояд шинохт. С. Айнӣ воқенависии Аҳмади- махдумро аз солҳои бистуми асри ХХ сар карда инкишоф медиҳад. Дар ин ҷода насри анъанавии классикии форсӣ ҳам ба С. Айнӣ дар насрнавис шудани ӯ таъсири босамр расонидааст. Аз ин ҷост, ки устод дар ҳама осори насриаш аз услуби эҷоди классикии ҳикоя андар ҳикоя истифода кардааст ва ба ин восита таъсирбахшии асарҳои насриашро таъмин намудааст. Даҳҳо намунаҳои насри форсии пешинро номбар кардан мумкин аст, ки ҳам ба С. Айнӣ ва ҳам ба С. Нафисӣ таъсири файзбахше гузоштаанд. Ҳамчунин, устод Айнӣ худ иқрор шудааст, ки дар ҷодаи наср аз мактаби эҷодии М.Горкий баҳравар шудааст (Табаров С. Романи “Ғуломон”-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ- Душанбе Матбуот. 2005, с 70).

С. Нафисӣ, ки чанд забони аврупоӣ медонист, албатта, аз намунаҳои барҷастаи он истифода кардааст. Гузашта аз ин, таъсири насри туркиро низ дар эҷоди С. Айнӣ бояд нодида нагирифт, зеро ӯ ба туркии ӯзбекӣ балад буд ва шояд ба намунаҳое аз ин осор шинос будааст (Ҳамон ҷо. С.73). Дурусташро тавре ишора намудем, ҳардуро воқеъияти баъди Машрути Эрон ва Инқилоби Октябр, ки воқеъяти  Сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил додааст, насрнавис сохтааст. Ба ин маънӣ, дар осори насрии С. Нафисӣ падид омадани мавзуъҳои адолатхоҳӣ, озодӣ ва Эронро дӯст доштан ба назарияи Инқилоби Машрутаи Эрон пайвастагӣ дорад. С. Айнӣ ҳам дар нахуст асарҳои насриаш “Ҷаллодони Бухоро” (1920), “Таърихи амирони Манғитияи Бухоро” (1922) сохтори амирсолориро бо фаъолиятҳои инсонкушиаш ифшо сохта, бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) дар мисоли сарнавишти тоҷикони кӯҳистон повести “Одина”-ро навишт ва ин мавзӯъро дар романи “Дохунда” (1930) идома дода, ба ин восита воқеияти ҳуснангези даврони амирсолориро ба тасвир гирифта, тавонистааст, ки аз нигоҳи таърихӣ чандон тӯлонӣ нест, балки сарнавишти тоҷикро дар 40-50 соли охири қарнҳои XIX ва XX дар бар гирифтааст қаноат ҳосил намекунад ва дар назди худ вазифа мегузорад, ки ба сад соли дури рӯзгори тоҷик муроҷиат кунад ва таърихану илман исбот намояд, ки тоҷик то ин ки ба рӯзҳои ҳаёти сотсиалистӣ ва ба давлате, ки бо номи давлати коргару деҳқон муаррифиаш мекарданд, бирасанд, ӯ аз ғуломе беш набуд ва ҳамагӣ дар пушти худ захми мӯҳри ин ё он бойро нигоҳ медошт, то ки дар бозорҳо фурӯхта шаванд. Ин ҳама маъниро С.Айнӣ дар романи “Ғуломон” (1935) инъикос намуда, ғуломи собиқро ба дараҷаи раиси хоҷагӣ шуданаш тарбия кард. Ба ҳамин монанд, устод падидаи номатлуби судхӯриро чи дар шаҳр ва чи дар деҳоти Бухоро дар повести “Марги судхӯр”(1936) мавриди баҳс қарор медиҳанд, мавзуеро, ки дар даҳ – понздаҳ соли оғози қарни XXI ҷомеаи собиқ Шуравиро фаро гирифтааст…

Ба ҳамин тариқ, пайванди рӯҳонии насри Эрону Тоҷикистон С. Нафисӣ ва С. Айнӣ ҳанӯз ҳам пойдор аст ва месазад, ки ин мавзуъ дар шакли типологии таҳқиқ мавриди баҳси адабиётшиносӣ қарор бигирад ва ба ин восита саҳифаҳои тозае аз муштаракияти адабиёти фораии тоҷикӣ кашф гардад, зеро дигар дар алоҳидагӣ ба  мушоҳида гирифтани адабиёти садаи ХХ Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон норавост. Ин вазифаи адабиётшиносони се ҳавзаи адаби форсӣ хоҳад буд. Ба ин хотир мо бояд се адабиёти форсиро ба палаҳои тарозу гузошта он вазнину ин сабук нагӯем, балки воқеияти иҷтимоии се ҳавзаро аз нигоҳи илми адабиётшиносӣ мавриди баҳс қарор бидиҳем. Ҳар воқеият дар заминаи падидаи сиёсати давр ва мавҷудияти ҷанбаҳои иҷтимоии миллате ё кишваре сурат гирифта метавонад. Бинобар ин дар арзёбии адабиёти се ҳавзаи номбурда аз воқеият дур наравем, то ки аз худ нагурехта бошем.

Поёни мақолаМАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон