Рустам Ваҳҳобзода. Коргоҳи эҷодии устод Мирзо Турсунзода (Таҳқиқи матншиносӣ)
Чанде пеш барои пайдо кардани намунаи дастхати устод Мирзо Турсунзода барои чоп дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба осорхонаи устод рафта будем. Дар ин боздид дар баробари дигар осори арзишманди устод ду асари нодири ӯ ба даст расид, ки яке дафтари шеъри “Дастовез” ва дигар дастхати таҳрирхӯрда (мусаввадаи) достони машҳури ӯ “Ҷони ширин” буд иборат аз 28 саҳифа варақаи коғази ёддошт бо сарлавҳаи “Депутат верховного совета СССР” бо зернависи ҳамин унвон ба забони мардуми 14 ҷумҳурии дигари Иттиҳоди Шуравӣ. Бо иҷозаи мудири осорхона аз ин ду асари нодир нусха бардоштем. Дастхати устод ҳамагӣ ба хатти зебо ва хонои форсии тоҷикӣ буд.
Баҳси аслӣ сари дастхати “Ҷони ширин” аст, аммо наметавон аз дафтари шеъри “Дастовез” сарфи назар кард. Барои ихтисори сухан дар бораи ин дафтари шеър беҳтар аст муқаддимаи мӯҷазу пурмаънои он, ки ба қалами мураттиб шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо сарлавҳаи “Гармои вопасин нафасҳо” нигориш ёфтааст, оварда шавад:
“Ҳар бор, ки ба такрор вопасин сисилаи ашъори устоди шодравон Мирзо Турсунзодаро таҳти унвони “Дастовез” мехонам, як маҷмӯаи дӯстон, ҳамдилон, ҳамқадамон ва ҳамқаламони солхӯрдаю ҷавони он шахсияти босалоҳият пеши назарам меояд. Устод пас аз ранҷурии тӯлонӣ аз бемористони Маскав ба Душанбе баргаштанд ва мо ба сарвақташон рафтем, на, маъзарат мехоҳам, балки эшон моро ба назди худ хонданд, яъне ташнагии дидор тарафайн буд, мо ҳама мехостем ба дидори устод бирасем, устод низ ба дидори мо бирасанд. Мо шоири мардумии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, шоири номӣ Муъмин Қаноат, овозхони мумтози тоҷик Ҷӯрабек Муродов, ровии шеъри Аҷам, ҳамчунин ашъори устоди гаронқадр ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Маҳмуди Воҳид, ки пас аз чиҳилу панҷ рӯзи даргузашти Мирзо Турсунзода ин замини пургуноҳро падруд гуфт ва роқими ин сутур ба саробӯстони шоири шаҳир, ки дар канори рӯди таронасарои Варзоб воқеъ аст, ба аёдаташон расидем. Пас аз ҳолпурсию шикастани ташнагии дидор, пас аз маҷлиси унсу мушоара, пас аз таронаҳои дилангези Ҷӯрабек Муродов ва шеърхонии пуршӯру муассири Маҳмудҷони Воҳид, пас аз серӣ аз дидори дӯстону ромишгариву чомагардониҳо устод аз ҷой бархостанд, айнак ба чашмҳо гузоштанд ва дафтарчаи ҷайбии сурхеро варақгардон карда, таваҷҷӯҳи аҳли маҳфилро сӯйи худ ҷалб сохта, ашъори аз бемористон овардаи худ – ашъореро, ки ҳоло дар дастраси шумост, ба мо иншод карданд.
Баъд аз он ки базми маю таронаю хушгӯиҳо каме сард шуд, устод аз ман хостанд, то онҳоро китобат кунам. Чун устод ҳама ашъорашонро ба расмулхати форсӣ иншо мекарданд, ман аз имлояшон ба расмулхати имрӯзини тоҷикӣ баргардондам, яъне он шеърҳоеро, ки дар ин маҷмӯа бо факсимили хати худи устод ба шумо тақдим шудаанд, ба ҷуз як қитъа – қитъаи зерин, ки “Баъд аз мутолиаи Ҳофиз” унвон шуда буд:
Бар сари қабрам гузаштӣ, маст ою маст рав,
Шиша дар як даст о, соғар ба дигар даст рав.
Бар сари қабрам гузаштӣ, бингар аввал, ки дар он
Бӯйи ман, дуди дили сӯзони ошиқ ҳаст, рав.
Ман ин қитъаро ҳам он рӯз китобат карда будам, зеро устод ин низ аввал имло карданд, аммо пас аз вақфаи фасеҳ ва лабханди гӯё маро гуфтанд: бар ин қитъа хати бутлон бикаш, ҳанӯз чопи он новақт аст, мо аз зиндагӣ ҳоло умеду ормонҳои зиёде дорем…
Он чакидаҳои вопасини қалам, он назми тапиши охирин нафасҳои таболуди устодро мо дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп кардем, илло он қитъа. Бино бар ин ман қитъаи фавқро махсусан дар ин сарсухани кӯчак овардам (баъди фуқдони эшон хаёл мекунам ҷо дорад) то ба ин восита интишор шавад, вагарна устод бо азамати рӯҳ, бо камоли зиндадилӣ ва маргнописандӣ, ки муҳраи эҷоду мароми тамоми ҳаёташон буд, интишори онро дар зиндагӣ намехостанд. Акнун ки шоири зиндагипараст, гӯяндаи ашъори иҷтимоиву ғиноӣ, муборизи собитқадами роҳи сулҳу амонии кулли башар, инсони болидадил ва покҷон аз маҳфили пуршукӯҳи шеъри тоҷик ҷоми охирини навбати худро тиҳӣ карда, барои ҳамеша зиндагии зиндаро тарк гуфта, дар бурҷи дилҳо ва ёдҳои одамон маскан гузидаанд, орзу дорам, ки орзуи дар қитъаи боло арзкардаи устод сомон бипазирад, яъне ҳар кӣ ба тавофи хокдони мақбараи нақшину мармарини ӯ қадам гузорад, бигзор маст ояду маст биравад, аммо на масти май, балки масти ишқ, масти зебоӣ, масти шеъри Аҷам, масти шеъри устод, масти хушиҳои ҷавонӣ, масти ҳама нашъаҳои зиндагонӣ, масти рӯҳонӣ… Зеро қитъаи риндонаю васиятомези шоири зебопараст, қавирӯҳ ва зиндагидӯст Мирзо Турсунзодаро низ ғараз ин будааст.
Лоиқ Шералӣ”
Баъди ин муқаддима дар аввал ашъори устод ба ҳуруфи роиҷи имрӯзии тоҷикӣ ва дар қисмати дигар дастхати ин ашъор ба сурати аккосӣ (факсимилӣ) ҷой дода шудааст, ки дар он таҳрироти устод Турсунзода ҳам ҷой дорад ва ҳатто нусхаи нотамоми баъзе ашъор ворид шудааст ва аз ин назар қимати зиёди матншиносӣ дорад. Аз ҷумла мусаввадаи дастхати таҳрирхурдаи ғазали “Илоҷам чист”, ки дар дохили ин силсила, дар як дафтари дастнавис, ҳамроҳи дигар ашъори он, ки ҳамагӣ дар як моҳу сол таълиф шудаанд, ин эҳтимолро тақвият медиҳад, ки зерсарлавҳаи (Дар яке аз мамлакатҳои Шарқ гуфта шудааст) ва дар зери ин шеър таърихи 1949, як иқдоми маслиҳатӣ барои пешгирӣ аз сӯитафоҳум ва айбҷӯиҳо мебошаду бас. Ин шеър ҳам аз назари мавзӯъ ва ҳам рӯҳияи шоир комилан бо боқии ашъори ин силсила ҳамоҳанг ва ҳамзод аст. Аммо пур возеҳ аст, ки шоири маъруфи шӯравӣ устод Турсунзода ба осонӣ наметавонист дар як гӯшаи мамлакати ягона ва паҳновари шӯравӣ – СССР бо чунин дарду ҳасрати ошкор эҳсоси ғарибии худро баён намояд. Аммо ашъори дигари ин силсила ҳам мамлӯ аз рӯҳиёти сирф миллии тоҷикона мебошанд. Аз ҷумла ғазали машҳури “Кокулат”. Хостаи шоир барои ҷой додани матни дастнависи ин ашъор ба алифбои ниёгон дар китоби наваш, низ баёнгари ҳамин рӯҳиёт аст.
Бояд ёдовар гардид, ки дар интишороти баъдии устод Турсунзода, ки баъд аз ин дастнавис сурат гирифтааст, таърихи ин шеър, мисли дигар ашъори ин силсила “соли 1975” ишора шуда ва зерсарлавҳаи “Дар яке аз мамолики Машриқзамин иншо шудааст” бо иловаи “Муаллиф” дар поварақ ҷой дода шудааст. Аммо маълум нест, ки ин кор ба иродаи муаллиф сурат гирифтааст, ё не. Агарчи бо далелҳои зиёд метавон таърихи воқеии эҷоди ин шеър будани соли 1975-ро собит намуд, вале бино бар назари саҳеҳи донишманди матншинос профессор Аламхон Кӯчаров аз рӯйи қонуни илми матншиносӣ иродаи охирини барои мо маълуми муаллифи шеър, ки дар дастхати мазкур сабт аст, бояд дар назар гирифта шавад ва ҷустуҷӯйи сабти таърихи дигар ё ба сурати дигар изҳори иродаи дигари муаллиф идома дода шавад.
Матни дастхати достони “Ҷони ширин” барои натиҷагириҳои бештар имкон медиҳад. Дар асл авроқи мавҷуд ба сурати пароканда, ки шояд бахшҳое аз чанд нусхаи таҳриршуда бошанд, нисбат ба матни мавҷуд дар китобҳои устод тафовути зиёдеро дар худ нуҳуфтаанд. Дар матни дастхат ё худ дастхатҳои мавҷуд баъзе пора ва абёт ду ё се бор таҳрир шуда, баъзан таҳрири сеюм ҳам дар ҳамин дастхат боқӣ монда, дар китоб он байт ё ибора ба гунаи дигартаре омадааст. Яъне маълум мегардад, ки ин дастхатҳо мусаввадаи якуму дуюми достон буда, шоир боз варианти дигареро, ки шояд сеюм ё чорум бошад, эҷод намудааст.
Аввалин чизе ки аз матни ин дастхат ба назар ҷолиб ва қобили аҳаммият мерасад ва аз он сарфи назар кардан барои матншинос ҳаргиз қобили қабул нест, ҳамон аст, ки дар ибтидо ёдоварӣ шуд. Яъне дар баргаҳои ёддошти Депутати Шӯрои Олии СССР навишта шудани ин достон.
Чун дар матни мусавадда, ки нотамом аст, макон ва таърихи эҷоди он ишора нашудааст ба эътибори ҳамин сарбаргҳои депутатӣ метавон эҳтимол дод, ки мусаввадаи асар дар ҷараёни кори (ҷаласаи) Шӯрои Олии СССР, ки вақти зиёди шоир дар он сипарӣ мегардид, навишта шуда, қисман бевосита дар ҳамин ҷараёни навишти аввал таҳрир (дуборанависӣ) шудааст ва маҳз ҳамин пораҳо бештар гувоҳӣ медиҳанд, ки шоир мусаввадаи аввалро дар шароити комилан фориғ аз корҳои дигар, масалан дар хона ё ҷойи дигар анҷом надодааст, балки онро дар сари кор навиштааст. Масалан, навишти як байт чунин ҷараёнро аз сар мегузаронад:
Ҷони ширин (хат зада мешавад)
Мурғи озодем мо (хат зада мешавад)
Мо, ки озод аз ғамем (хат зада мешавад)
Аз ғами бисёрҳо огаҳ камем (хат зада мешавад)
Ниҳоят ин байт чунин мешавад:
Ҷони ширин, мо, ки озод аз ғамем,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камем.
Байти баъдӣ рӯйи варианти аввал бо хатзадану болотар навиштан таҳрир мехурад. Варианти хатзада чунин аст:
Ёд дорӣ, шоири оташзабон
Гашта буд дар хонаи мо меҳмон.
Таҳриршудаи ин байт чунин аст:
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон
Байти баъди он комилан хат зада мешавад, ки чунин аст:
Шуъла меборид аз чашмони ӯ,
Дуди оҳ аз мағз-мағзи ҷони ӯ.
Баъди ин варақи тоза бо ҳамон сарбарг меояд, ки ин қитъа аз аввалаш навъе покнавис шудааст:
Ҷони ширин, мо ки озод аз ғамем,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ (наем) камем.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон –
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Дар зиёфат гарчи ӯ хомуш буд,
Лек чун дарё ниҳон дар ҷӯш буд.
Шуъла меборид аз чашмони ӯ
Дар ғаму андуҳи Покистони ӯ.
Мавҷзан чун ҳалқаҳои об буд –
Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.
Боз чанд сафҳа баъдтар таҳрири тозатаре наздик ба матни имрӯзиро аз ин қитъа мебинем ва чун онро ҳам бо матни китобҳо муқоиса мекунем, маълум мешавад, ки боз тағйироте ҳаст. Баъзе мисраъу байтҳо умуман ҳазф шудаанд ва мисраъу байтҳои дигаре пайдо шудааст, ки ғолибан беҳтар ва муассиртаранд. Чунин равиш то охири ин мусаввада идома меёбад.
Дар мисоли як байти дигар мо ду таҳрирро мебинем, ки дар матни китоб боз ба гунаи дигар таҳрир шудааст:
Лек дар пеши назар рӯйи ту буд,
Гарданамро ҳалқа гесӯи ту буд.
Мисраъи дувум хат зада шуда дар ҳошия чунин навишта мешавад:
Баста дил бо тори гесӯи ту буд.
Дар китоб:
Ҷилваҳои чашму абрӯйи ту буд.
Ки, албатта, аз ҳар назар беҳтар аст ва хусусан бӯйи куҳнагӣ намедиҳад.
Байти матлаъи ин достон низ аз ин равиш истисно нашудааст.
Дар нахустин таҳрир чунин аст:
Ҷони ширин, ин қадар айбам макун,
Бозгаштам аз сафар, айбам макун.
Ва чанд сафҳа баъдтар боз бо чунин таҳрир омадааст:
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Бесабаб, беҳуда дилтангам макун.
Тавре, ки мебинед, ин матлаъ, ки навъе ба байти тарҷеъ ҳам табдил мешавад, дар китобҳои сари дасти устод боз ба гунаи дигартар аст:
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Ва бисёр равшану возеҳ аст, ки гунаи охирини ин байт хеле беҳтар мазмуни мавриди назар ва эҳсосу ҳолати қалбии шоирро баён мекунад.
Дар гунаи аввал ибораи “айбам макун” радиф шудааст. “Айб кардан” дар забони шеъри мо аз замони Саъдиву Ҳофиз роиҷ аст ва байти “Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, ки гуноҳи дигаре бар ту нахоҳанд навишт”-ро ба ёд меорад. Ин айб кардан, ки байни ду бегона ошиқи ринд ва зоҳид воқеъ мешавад, бамаврид аст ва рақобати ҳамешагии табиии онҳоро бисёр боназокат мерасонад. Аммо байни ду ҳамсари мушфиқ “айб кардан” муносиб нест, балки беш аз ҳама ҳамон ибораи хосси тоҷикии “ҷанг кардан” дархӯри ҳол мебошад.
Дар идомаи достон чанд маврид аст, ки таҳрири бештар ба онҳо ихтисос ёфтааст. Аз ҷумла мавриди барои шоир бисёр ҳассос, ки яке аз ангезаҳои аслии навишта шудани ин достон гардидааст – посух гуфтан ба таъназанадагони ҳамсару фарзандонаш ба сабаби танҳоии онҳо. Масалан, ин пораи муфассали мавҷуд дар мусаввада баъдан ҳазф шудааст:
Дилбаро, ин қадр дилтангӣ макун,
Бо ду-се гапчин ҳамоҳангӣ макун.
Алҳазар, аз фитнаҷӯён, алҳазар!
Алҳазар, аз бадзабонон, алҳазар!
Кошкӣ онҳо ҳунар медоштанд,
Бо сухан дар дил асар медоштанд.
Лек аз онҳо маҷӯ гуфтори хуб,
Маънии барҷаставу осори хуб…
Аммо ин пораи баъдан ҳазфшуда маълумоти муҳиммеро дар худ ниҳон дорад ва он ин аст, ки дар асл таъназанандагон ба танҳоиву раҳпоии ҳамсару фарзандони устод, чунон, ки дар таҳрирҳои баъдӣ омада, танҳо “занҳои ланҷ” ва “дугонаҳои пурноз” нестанд, балки касоне ҳастанд, ки бо шоир рақобати касбӣ доранд. Агар чунон намебуд, шоир намегуфт: “Лек аз онҳо маҷӯ гуфтори хуб, Маънии барҷаставу осори хуб”. Чун ин достон, мисли осори дигари шоир ҳовии масъалаҳои бузурги башарӣ ва мамлу аз ҳусни отифаи инсонист, шоир раво намедорад, ки фазои онро бо ифшои ботини рақибони хабистинат тира кунад, балки ба ҷойи онҳо образи дигари латифу нарм дугонаи нозкунанда офарида шудааст.
Мавриди дигаре, ки матн бештар кор хурда ва таҳрир шудааст, тасвир ва баёни ҳоли меҳмони Африқоӣ мебошад, ки касро ба гумоне мебарад, ки шояд шоир дар ин мавзӯъ гуфтании зиёд дорад ва тарҳи як асари алоҳидаеро чун “Садои Осиё” ва силсилаи ашъори ҳиндустонӣ дар бораи Африқо дар сар мепарварида бошад. Ҳамчунин қисмати муфассале, ки ба ҳамқаламу ҳамқадами руси устод шоир Н.Тихонов махсус аст, борҳо таҳрир шуда, баъзе байтҳо танҳо дар мусаввада боқӣ мондааст:
Оташу хун дидааст ин марди рус,
Душмани дун дидааст инмарди рус.
Дидааст ӯ дӯстонибешумор,
Ҳам хазон дидаст, ҳам рӯйи баҳор.
Дар ҳама аҳвол чунфарзанди рус
Бовафоӣ карда бо савганди рус.
Тавре, ки мушоҳида мекунед, баракси дигар байту мисроъи шоир дар ин байтҳо, ҳеч андешаи хос, таъбиру тасвири мушаххас вуҷуд надорад ва шоир бедареғ аз баҳри онҳо мегузарад.
Аммо бештари шоҳбайтҳои шоир дар ин достон, ки баъдан ба мақолу зарбулмасал табдил ёфтаанд, аз ҳамон таҳрири аввал пухтаву рехта омадаанд, ва тақрибан дар онҳо тағйире эҷод нашудааст. Аз ҷумла:
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Қалъа аз як пояи девор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.
Рӯйи олам дидан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст…
Ин як мурури мухтасар дар коргоҳи эҷодии устод Мирзо Турсунзода барои натиҷагириҳои муҳим асос медиҳад:
- Устод Турсунзода ба далели машғулиятҳои зиёди хидматӣ матни дастнависи аввали бисёре аз осорашро дар зимни машғулиятҳои дигар шурӯъ намудааст.
- Матни аслӣ ва дастхатҳои осори Мирзо Турсунзода ғолибан ба алифбои ниёкон мебошад.
- Устод Мирзо Турсунзода табъи равон ва ҳамеша ҷӯёву фаъол дошта, ки боиси чандинбора таҳриру такмил кардани осораш гардидааст ва ҳар матни наве, ки ба дасти худи шоир иншо шудааст, нисбат ба матни қаблӣ тафовутҳое дорад. Ҳатто дар як маврид маълум мегардад, ки шоир дар зимни қироат ва дар зеҳн низ осорашро таҳриру такмил менамудааст. Масалан, дар шеъри “Дили модар” мисраъи зерин дар ҳама нашрҳо ба як сурат аст:
“Шаби тӯйи арусӣ ашки шодиро равон кардам.”
Аммо дар як сабти радиоии ашъори устод, ки бо қироати худи ӯ дар бойгонии Радиои Тоҷик маҳфуз аст ва зоҳиран дар солҳои охири зиндагии шоир анҷом шудааст, устод Турсунзода ин мисраъро чунин қироат мекунад:
“Шаби базми арусӣ ашки шодиро равон кардам”.
Яъне шоир ба ин натиҷа расидааст, ки калимаи дар асл муғулии “тӯй”-ро ба калимаи тоҷикии “базм” иваз намояд. Бояд ҷустуҷӯ кард, ки оё дастнависе ҳам аз ин мисраъ ба ин сурати охирӣ боқӣ мондааст?
- Бояд дар назар гирифт, ки дар сабти маҳал ва таърихи эҷоди осор ва шояд мавридҳои дигар ҳам шоир ба иқтизои зарурати замон тағйиротеро раво дида, ки айни воқеиятро ифода намекунад.
- Эҳсоси ҳувияти миллии тоҷикӣ дар вуҷуди устод Турсунзода то охирин лаҳзаҳои зиндагии ӯ дар ҳоли рушд будааст.
- Барои чопи комили интиқодии осори Мирзо Турсунзода таҳқиқоти муфассали матншиносии ин осор зарур аст.
01 феврали 2017
Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук