Абдуқодир Ҷабборов «Маснади шаҳбол»

Маснади шаҳболДар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо сарварӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои шоиста ва иқдомҳои бузург дар самти рушду таҳкими давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат ва ободиву сарсабзии диёри аҷдодиамон амалӣ гардиданд. Дар ин раванд саҳму хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат, афроди ватандӯсту ободкор хеле шоиста арзёбӣ мегардад.

Муаллиф ва қаҳрамони китоби мазкур Абдуқодир Ҷабборов аз мактаби роҳбарӣ ва сиёсати ватанапарваронаи Пешвои муаззами миллат баҳравар гардида, дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ фаъолият намуда, ҳамчун фарзанди созандаву бунёдкор дар рушди соҳибкорӣ ва созандагӣ хидматҳои арзанда намудааст.

Китоби мазкур аз ҳаёт ва фаъолияти ин фарди ватандӯсту ободкори Ватан Абдуқодир Ҷабборов нақл мекунад ва дорои аҳамияти таърихӣ – фарҳангӣ буда, барои муаррихону сиёсатшиносон, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон тақдим мегардад.

Хонандагон китоби Абдуқодир Ҷабборов «Маснади шаҳбол» – ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин

мутахассиси пешбари

шуъбаи мукаммалгардонии фонд