Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби боз як китобхона бо 230 ҳазор номгӯ китоб шуд

Файзализода Ҷумахон

Дар остонаи таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ филиали нави китобхонаи Донишгоҳи миллӣ ифтитоҳ ёфт. Ин китобхонаи мазкур дар бинои факултаи иқтисодии донишгоҳ  ҷойгир буда, дар айни замон 230 ҳазор номгӯ китоб дорад.

Бахтиёр Қутбиддин, устоди Донишгоҳи миллӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки филиали нави китобхона аз синфхона ва толори хониш иборат буда, барои даҳҳо нафар хонандагон имкони хуби мутолиаро ба вуҷуд меоварад.

Дар ҳошияи ифтитоҳи китобхонаи нав бо иштироки ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, аҳли раёсати донишгоҳ ва шумораи зиёди шогирдону устодон ҷамъомади илмиву оммавӣ баргузор шуд.