Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд
Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона барпо гашт.
Дар ҳамоиш Муҳаммадиқбол Атозода –муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шавкат Мирзоев – раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон, Элдар Қудратов – аъзои шурои маркази Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон, хонандагони доимӣ ва кормандони шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо ҳафтаи ёдбуди қурбониёни ҷанг ва Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуд. Номбурда аз ҷумла афзуд, ки 20 дарсад аҳолии ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар гашта, 6 дарсадашон қурбони ин ҷанг гардидаанд. Ёди онҳо дар дили мо ҳамешагӣ нақш бастааст, зеро ин мубориза баҳри инсоният, баҳри музаффарияти некӣ бар бадӣ аст.
Сипас, Шавкат Мирзоев–раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ӯ иштирокдоронро бо 81 солагии пирӯзӣ бар фашизм табрик намуда, чунин иброз дошт: “Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд”.
Номбурда ҳамчунин аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва кормандони он ҷиҳати баргузории чунин як ҳамоиши хотирмон изҳори сипос намуд.
Баъдан, Ятимов Иброҳим Шодиевич раиси собиқадорони ҷанг ва меҳнати Донишгоҳи Словиянии Руссияву Тоҷикистон суханрони намуда, иброз дошт, ки “Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикҳо ва тоҷикистониҳо нақши фаъолу ҳалкунандае иҷро кардаанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар майдонҳои ҷанг аз Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ иштирок намуда, зиёда аз 90 ҳазори эшон дар сангарҳо ҷон супурданд”.
Дар қисми фарҳангии ҳакмоиш солисти ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – лейтинант Дурахшони Шер бо суруду таронаҳои ватандӯстона таъби ҳозиринро болида гардонид, ҳамчунин хонандаи фаъоли шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд – Муҳаммадҷон Холов ва муҳассилини “Боғчаи рақами №79-и ноҳияи Шоҳмансур” хотири меҳмонони арҷмандро бо рақсу таронаҳо шод карданд.
Ҳамчунин даромадгоҳи толорро шуъбаҳои масъул бо намоиш китоб ва рӯзномаву маҷавлаҳо бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо беҳтарину маъруфтарин китобҳо ба ин мавзуъ, ки солҳои гуногун рӯйи чоп омадаву аз корномаҳои корзори ҷанг ҳикоят мекунанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Китобҳои “Достони писари Ватан”-и Мирзо Турсунзода, “Ҳазору як корнома”-и Раҳмон Сафаров, ки соли 2000 дар шаҳри Душанбе нашр шудааст, “Аскарони ғалаба”, ки дар таҳияи генерал Абдулло Ҳабибов ва журналист Раҷаби Мирзо соли 2015 чоп шудааст, “Китоби хотира”, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ соли 2010 рӯйи чоп дид, “Ватаннома”-и Қурбонҷон Сангинӣ, “Иди зафар”, ки З.Воҳидов мураттаб кардааст, “Далерон”-и Борис Исҳоқов, “Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Умре дар набард”, “Сарбозони далери варзобӣ”, “Аз Хоҷамастон то олам” ва чандин асари дигар аз ҷумлаи китобҳои ин намоиши китобанд.
Абдуғаюр САЛОМОВ