Маҷлиси Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ

29-уми майи соли 2026  маҷлиси Шурои илмӣметодии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро раиси Шуро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Масъалаҳое,ки дар ҷараёни Шуро матраҳ гардиданд: “Таъмини истифодаи мақсаднок ва самарабахши Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” (натиҷагирӣ аз татбиқи барнома тайи солҳои 2022-2025), ҳисоботи сардори шуъбаи муҳосибот Пиров Раҷабалӣ.

Ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣбиблиографии электронии шуъбаи депозитарӣ”, Ҳисоботи сардори шуъбаи депозитарӣ Зуҳро Матимзода.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи менеҷмент ва маркетинг” ҳисоботи сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинг Мавзуна Орумбекова.

Раиси Шурои илмӣ-методӣ Лутфия Абдулхолиқзода баъд аз шунидани ҳисоботҳои болозикр назару андешаҳои худро доир ба рушди самтҳои асосии фаъолияти Китобхона ироа намуд.

Дар қисмати дигари кори Шуро масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла :

а) Тасдиқи ҳайати Шурои илмӣметодӣ бо ҷалби мутахассисони беруна.

б) Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ”.

в) Вобаста ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи низомномаи озмуни дохилимуассисавии “Сохтори беҳтарини Китобхонаи миллӣ.

Дар ҷамъбасти маҷлис, бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои ҳайати Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир раиси Шурои илмӣ-методӣ – директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода ҷиҳати тадбирандешӣ барои беҳбуди сатҳу сифати фаъолият ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи ҳайати Шурои илмӣ-методӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Абдуғаюр Саломов