Мирзо Файзалӣ – зодаи даврони ҷангу Рӯзи пирӯзӣ

Мирзо ФайзалӣМирзо Файзалӣ зодаи замони ҷанг аст ва се сол пеш аз хатми он дар рӯзе ба дунё омад, ки аҳли Сайёра то кунун чун Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм таҷлил мекунад. Агар дар ҳаёт мебуд, ҳоло 84-солагии ӯро ҷашн мегирифтем. Дар байни ҳаводорони каломи бадеъ ҳамчун шоири ҳаҷвнигор шуҳрат дошта, ба шеърои зиёда аз 100 шоири замон нақиза навиштааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик рухдоде нодир аст.

Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Файзалӣ  9-уми майи соли 1942 дар деҳаи Чиртаки ноҳияи Орҷиникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) таваллуд шудааст. Баъди ба итмом расонидани мактаби мактаби миёнаи зодгоҳ (1959) ва факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ) ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Коммуна» (ҳоло «Шаҳриёр»- и шаҳри Ваҳдат) (1966), котиби масъули рӯзномаи «Меҳнати коммунист» – и ноҳияи Фазобод, муҳаррири шуъба ва котиби масъули маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» (1979-2011) кор кардааст. Аз соли 2011 то охири умр раиси бахши минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдатро ба уҳда дошт.

Аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагон буд.

Беш аз 40 сол ба кори эҷодӣ машғул шуда, дар ин давра китобҳояш бо номҳои «Шери тағош» (1984), «Кӯршапарак» (1985), «Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ» (1985), «Кайф аз самак то ба само» (Адиб” 1996), «Қотили қотил» (1998), «Сангари номус» (2001), «Бо додҳо, фарёдҳо» (2002), «Чамани ёдҳо» (2004), «Ба Шумо дурӯғу ба Худо рост» (2005), «Ману Ватан» («Адиб», 2006), “Шов-шови мардум” (2007), «Гӯри гумшуда» (2008), «Саду як нақиза» (2009), «Шакари ишқ» (2010), «Гулхори чида-чида» (2011), «Даҳ қиссаи пандомӯз» (2014), «Пайдои дил» (2015), «Куллиёт» (2017), «Зиндаам бо ту, Ватан!» (2022) чоп шудаанд.

Иддае аз шеръҳояш дар зиёда аз 20 маҷмӯаи дастаҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону  Афғонистон, Ӯзбекистону Туркменистон, Озарбойҷон ва мамолики дигар интишор ёфтаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба дигар забонҳо тарҷума шудаанд. Дар байни ҳаводорони каломи бадеъ ҳамчун шоири ҳаҷвнигор шуҳрат дошта, ба шеърои зиёда аз 100 шоири замон нақиза навиштааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик рухдоде нодир аст.

Чанде аз шеърҳояш сарояндагон ба оҳанг дароварда, ба воситаи радиову телевизион ва дар базму маъракаҳо тараннум мекунанд.

Шоири халқии Тоҷикистон (2008), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2014), Ҷоизаи  ба номи А. Лоҳутӣ буд. Бо медали  «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

6-уми декабри соли 2016  аз олам даргузашт.

ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР БОРАИ МИО ФАЙЗАЛӢӮ ИН МАТОЛИБ ҚОБИЛИ ДАРЁФТ ВА МУТОЛАА МЕБОШАД:

Мирзо Файзалӣ //Адабони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. –Душанбе: Адиб, 2014. – С.248.

Мирзо Файзалӣ //Адабони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. –Хуҷанд: Ношир,2024. – С. 374.

Имом, М. (Музаффар) Ба дидани ту омадам…[Матн]: Оид ба маҳфили ёдбуди 80-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон  Мирзо Файзалӣ ва овозхони маҳбуб Маҳкам Зубайдулло //Адабиёт ва санъат. – 2023. – 7 декабр.

Сафаралиев, Т.       Ба муносибати 80 солагии шоири маъруфи  тоҷик Мирзо Файзалӣ            [Матн] //Хуросон. – 2022. – 8 июл.

Ёде аз Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Мирзо Файзалӣ [Матн] //Минбари халк.– 2018. – 26 декабр.

МАНБАЪ:

Адибони Тоҷикистон. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 374.
Адибони Тоҷикистон.  – Душанбе: Адиб, 2014, – С. 246.

Таҳияи Назриева Д.
Шуъбаи илмӣ-методӣ-таҳқиқотӣ