Шукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Китобхонаи миллӣ
1-уми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёт кӯдакон ва наврасон ҳамоиши фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” баргузор гардид. Дар маҳфил кӯдакону наврасон иштирок намуда, дар фазои идона ва сулҳу суботи рақсу шодӣ намуданд.
Дар оғози маҳфили идона Лутфия Абдулхолиқзода– директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, иброз намуд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Баъдан барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз оҳангу суруд ва рақсҳои зебо, бозиҳои шавқовар ва викторинаҳо пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
Сипас, Музаффар Сулаймонов – коргардони Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” дӯструяконро ба Рӯзи идашон табрик кард. Ӯ аз ҳамкориҳои Телевизиони “Баҳористон” бо шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ёдовар шуд. Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” пайваста барои ҷалби кӯдакон ба маҳфилу нишастҳо ва бедор намудани завқи онҳо кӯшиш ба харҷ дода, барномаҳои нав ба нав таҳияи мекунад. Барномаҳои гуногун аз ҷумла маҳфили “Дар суҳбати адиб”, “Фурӯғ”, “Китоби нав” ва даҳҳо маҳфилу барномаҳои дигар махсус барои кӯдакон таҳияву пахш мегардад.
Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагону илму фарҳанг баромад карда, вобаста ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” андешаҳои худро баён намуданд.
Бояд гуфт, ки “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” давоми 76 сол таҷлил гардида, бори дигар исбот менамояд, ки кӯдакон қишри осебпазир дар ҷомеаи мо ҳастанд ва буданашон дар ҳаётамон арзишу ҷойгоҳи хоса дорад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ғамхорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардидааст. Пас аз ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 кишвар ба ташаккули низоми мустақили ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва ҳифзи саломатии кӯдакон оғоз намуд.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлоли давлатӣ “Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, “Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон” ва дигар асноди байналмиллалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон мувофиқи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 дарсади сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеа буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Дар қисмати ҷамъбастии маҳфили идона ба ҳамаи иштикордорон – дӯстрӯякон туҳфаҳои шириниҳо ва хотирмон тақдим карда шуд.
Наргис НАЗАРЗОДА