Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 – уми октябр

Як-рузи-таърих-17-10-2023Соли 1804 дар деҳаи Нижний Белоомут, уезди Зарайски губернияи Рязон рӯзноманигор, мунаққиди адабиёт, ношири маҷаллаи “Телескоп”, файласуф, қавмнигор, донандаи хуби таърихи калисо Николай Иванович Надеждин ба дунё омад.

Аввалин навиштаҳояш дар соли 1828 рӯи чоп омадаанд. Соли 1831 маҷаллаи “Телескоп”-ро таъсис дод. Аммо ин маҷалла ҳамагӣ умри панҷсола дошт ва соли 1836 баъди чопи “Номаҳои фалсафӣ”-и П.Я.Чаадаев ҳукумати подшоҳӣ онро баст. Иван Иванович аввал ба Уст-Сисолск ва баъдан ба Вологда бадарға шуд. Бо ҳамин фаъолияти ӯ чун мунаққид ва мақоланавис ба поён расид.

23 январи соли 1856 дар шаҳри Санк-Петербург аз олам рафт.

Яков Фёдорович ГоловацкийСоли 1814 шоир, нависанда, забоншинос, устод, сиёсатмадор, таърихнигор, фолклоршинос ва кашиши украин  Яков Фёдорович Головатский зода шуд. Вай фолклор ва этнографияи русинҳои Карпатро таҳқиқ намуд. Намояндаи романтизм дар адабиёти Украина буд.

Дар рушди забони украинӣ саҳми шоиста дорад. Аммо солҳои 50-и асри XIX ба мавқеъи русофилӣ (Русофилияноми як ҷунбиши фарҳангӣ-сиёсӣ, ки соли 1848 дар Австро-Венгрия пайдо шуда буд) гаравид ва шадидан зидди он шуд, ки забони украинӣ дар адабиёт истифода шавад.

Вай ҳамчунин узви ҷомеаи ҷуғрофии Русия буд.

“Маълумоти таърихӣ дар бораи Буковина”, “Бозёфтҳои библиографӣ дар Лвов”, “Луғати ҷуғрофӣ”, “Халқи рус дар асри тилоии шукуфоии Лаҳистон чӣ гуна мезист?” номгӯи баъзе асарҳои ӯ мебошанд.

Яков Фёдрович Головатский 13 майи соли 1888 дар синни 73-солагӣ дар Вилно (воқеъ дар импературии Русия) вафот кард.

Мурғи баҳрӣСоли 1896 дар театри Александр нахустнамоиши песаи Антон Чехов “Мурғи баҳрӣ” нобарор анҷом ёфт ва баъди ин Чехов савганд ёд кард, ки  дигар барои театрҳо чизе нанависад. Дар ҳоле, ки “Мурғи баҳрӣ” як шаҳкори замон буд ва дар миёни офаридаҳои ин ҳикоянависи чирадаст ва муваффақи олам аз беҳтарин асарҳои ӯст.

Соли 1898 аз ҷониби К.Станиславский ва В.Немирович-Данченко-ду устураи санъати театрӣ ба саҳна гузошта шуд ва комёбии олидараҷа дошт.

Ва чун ин комёбиро бо чашмони худ дид, адиби маъруф ба қавле савганд шикаст ва ба навиштани намоишномаҳо идома дод. Баъдан пайи ҳам намоишномаҳои “Се хоҳарон”, “Боғи олуболу”-ро навишт ва чун намоишноманависи мумтоз дар адабиёти рус шинохта шуд.

Соли 1903 дар шаҳри Ню-Йорк нависанда, намоишноманавис, рӯзноманигор ва филмноманависи амрикоӣ Натанаэл Уэст ба дунё омад. Вай ҳамагӣ 37 сол умр дид ва 22 декабри соли 1940 дар як сонеҳаи автомобилӣ ба ҳалокат расид.

Уэст дар тӯли умри худ на дар адабиёт ва на дар ҷаҳони синамо, боқадр набуд, танҳо  пас аз нашри насри мукаммалаш дар соли 1957 машҳур гардид. Ҳаролд Блум достони “Дугонаи мотамдорон“-и ўро дастоварди баландтарини санъати Амрико дар асри ХХ унвон кардааст.

“Дилшикаста”, “Рӯзи малах”, “Як миллиони том” номи чанд роман ва “Ҳатто Стивен”, “Шикори хуб” номи ду намоишномаи ӯст.

Соли 1931 нависандаи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Анатолий Приставкин зода шуд.

“Ҳамзамонони ман”, “Слигер Слигерович”, “Сарбоз ва писарбача”, “Санги гарм”, “Кабутарак”, “Қиёмат”, “Балтияи ором” номи чанд китоби ӯст.

Анатолий Приставкин 11 июли соли 2008 дар шаҳри Москав фавтид. Ӯ 76 сол дошт.

Карим-ДавлатСоли 1951 дар деҳаи Навободи ноҳияи Ховалинг рӯзноманигор, нависанда, тарҷумони тоҷик Карим Давлат зода шуд.

Соли 1972 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, баъди адои хизмати ҳарбӣ дар рӯзномаҳои «Роҳи Ленинӣ», «Мубориз» ва «Садои мардум» кор кардааст.

Чанде ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» буда, ҳоло дар идораи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе фаъолият дорад..

Муаллифи китобҳои «Шоми деҳа» (1991), «Дандони ақл» (1993), «Як лаҳза нахандед!» (Кӯлоб 1998), «Ҷонфидо» (дар ҳаммуаллифии С.Мирзошоев; 1999) мебошад.

Чанде аз ҳикояҳояш ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Чанд қиссаву ҳикояи А.Платонов, В.Распутин ва М.Варфоломеевро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Аветик Саакович ИсаакянСоли 1957 дар синни 81-солагӣ шоир, насрнавис ва мақоланависи арман Аветик Саакович Исаакян аз олам рафт. Вай 30 октябри соли 1875 дар Александропол ба олам омада буд. Исаакян як фаъолӣ сиёсӣ ва иҷтимоии замони худ ба шумор мерафт. Узви Фарҳангистони улуми Арманистон низ буд.

Соли 1893 озими Аврупо шуд ва дар донишгоҳҳои мухталиф дар риштаи  фалсафа ва адабиёт таҳсил кард. Соли 1896 дар ҷурми ширкат дар ҷунбиши озодихоҳонаи миллии мардуми Арманистон тавассути ҳокимони Русияи подшоҳӣ маҳкум ба зиндон шуд. Аз он ба баъд зиндагии ӯ дур аз ватан, дар кишварҳо ва шаҳрҳои аврупоӣ сипарӣ шуд.

Соли 1908 баъди бозгашт аз Аврупо дубора боздошт гардид ва зиндони шаҳри  Тифлис афканда шуд.

Аз инқилоби Октябр пуштибонӣ кард. Соли 1936 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашт, ба узвияти академияи илмҳои Арманистон пазируфта шуд. Чун аз ҷониби Котиби аввали ҳизби коммунисти Арманистон Г.Арутинов пуштибонӣ мешуд, ахирӣ номи ӯро аз рӯйхате, ки соли 1937 ба НКВД бояд ирсол мешуд, хат зад. Ӯро ҳам мебоист чун дигар фаъолони сиёсиву фарҳангии Арманистон ҷазо медоданд ва ин ҷазо аксар вақт ҳукми қатл буд.

Ашъори Аветик Саакович Исаакян таҷассуми гароишҳо ва ормонҳои мардумӣ ва фалсафиву ҷаҳонбинии арманиён аст.

Ингеборг-БахманСоли 1973 дар шаҳри Рум дар синни 47-солагӣ дар як оташсӯзӣ дар бинои истиқоматӣ бар асари сӯхтагии бадан нависандаи аҳли Австрия хонум Ингеборг Бахман аз олам гузашт.

Вай донандаи хуби улуми фалсафӣ ва равоншиносӣ буд.

Аз соли 1953 ба нависандагӣ рӯ овард ва узви Гурӯҳи 47 шуд. Гурӯҳи 47 як анҷумани нависандагоне буд, ки баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Олмон шакл гирифт. Номи гурӯҳ марбут ба соли таъсиси он, яъне 1947 буд.

Ҳамон сол ӯ ба Рум муҳоҷират кард ва то охири умр дар ҳамон ҷо зист. “Замони тамдидшуда” номи яке аз девони шеъри ӯст.

Вай барандаи чанд ҷоизаи адабӣ, аз ҷумлаи ҷоизаи адабии Бремен, ҷоизаи Георг Бюхнер, Антон Валдганс буд.

Дмитрий-ХолодовСоли 1994 дар шаҳри Москав рӯзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ ва корманди “Московский комсомолец»  Дмитрий Холодов кушта шуд. Вай ҳамагӣ 27 сол дошт.

Аз соли 1992 дар ҳамин газета кор мекард. Бештар дар бораи артиши Русия менавишт, борҳо ба нукоти гарм, майдонҳои ҷангу ҳарби Абхозистон, Чеченистон, Озарбойҷон ва ҳатто марзи Тоҷикистон бо Афғонистон омадаву гузоришҳо чоп кардааст.

Вай Павел Грачёв-вазири дифои вақти Русияро ба фасоди молӣ дар гурӯҳи неруҳои Ғарбии артиши Русия муттаҳам мекард ва борҳо дар ин бора навишта буд.

Дар яке аз гузоришҳои худ дар бораи афсарони Сарраёсати кашфи вазорати мудофиаи Русия навишта буд, ки дар айни замон дар истеъфо буданд, вале ба гуфти журналист ба ташкили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ даст доштанд.

17 октябри соли 1994 дар ҷойи кораш аз инфиҷори майни дастсохт, ки дар дохили як сумка гузошта шуда буд, кушта шуд. Ин дипломатро Холодов аз шахсе гирифта буд, ки мегуфт андаруни он ҳуҷҷатҳои махфӣ дар бораи тиҷорати ғайриқонунии силоҳ ба ҷудоихоҳони чечен гузошта шудааст. Аммо чун дипломатро дар маҳалли кораш боз кард, он инфиҷор ёфт ва журналистро ҳалок кард.

То кунун ҷузъиёти марги ӯ маълум нест, чанд нафар гумонбаре, ки боздошт шуданд, баъдан озод гаштанд ва касе ҷазо нагирифт.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ