Вассофи овозадори Ҷамбули Мастон

Ҳикмат Ризо Ҳикмат Ризо шоири халқист, охири садаи 19 ба дунё омад ва аз машҳуртарин гурғӯлисароёни асри ХХ буд. Шуҳрати беандоза бузурге дорад ва аз муваффақтарин касонест, ки бо лаҳни шево ин достони пурмоҷарои мардумиро сурудааст.

Ҳикмат Ризо соли 1894 дар деҳаи Ёнахши Обигарм, ҳозира ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Шоири халқии тоҷик, гўрғӯлихон. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1963). Рағбати дуторнавозию хунёгариро дар дили ў пеш аз ҳама падараш Муҳаммадризо ва бародараш Зиё Ризо бедор кардаанд. Ў дар маъракаҳое, ки бо иштироки гўрғӯлихонҳои сарихосорӣ баргузор мегашт, иштирок намуда, тадриҷан худ низ ба гўрғӯлихонӣ пардохт. Бино ба эътирофи худаш, гўрғӯлихониро аз шогириди Шукурмаст – Наврўзи Ҷонмуҳаммад ва Холи Мусофир омўхтааст. Аз синни 20 солагӣ дар маъракаҳо ҳунарнамоӣ карда, ҳамчун гўрғӯлисаро ном баровард. Минбаъд ба деҳоти Қаротегин ва Кўлобу Ҳисор сафар карда, дар ҷамъомадҳои гўрғӯлихонҳо иштирок намуда, маҳорати гўяндагиашро сайқал додааст.

Соли 1948 фолклоршиносон аз Ҳикмат Ризо 35 достони «Гўрғӯлӣ»-ро дар ҳаҷми 105 ҳазор мисраъ навишта гирифтанд, ки онҳо дар Шўъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ маҳфузанд.

Овози ў аз соли 1955 дар навоҳои радиои тоҷик низ сабт шудааст. Соли 1969 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 100- солагии таваллуди В. И. Ленин Конкурси гўрғӯлисароён доир гардид, ки дар байни 55 нафар гўрғӯлихонҳои ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ Ҳикмат Ризо сазовори ҷои аввал шуд.

Ҳифз кардану сурудани достонҳои ҳаҷман калони «Гўрғӯлӣ», суруду достонҳои мардумӣ ва ғазалу мухаммасҳои зиёди Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон саромадони адабиёти классики форс-тоҷик Ҳикмат Ризоро ба шеъргўӣ раҳнамун сохт. Ў дар пайравии асарҳои халқӣ як қатор шеъру достонҳо эҷод кард. Асарҳои Ҳикмат Ризо дар маҷмўаҳои ў «Суруди Ватан» (1950) ва «Баҳори Тоҷикистон» (1979) гирд оварда шудаанд.

Дар достони ў «Роҳсозӣ ва ободонӣ» меҳнати фидокоронаи роҳсозони ҷодаи Сталинобод (Душанбе) – Помир, ки шоир иштирокчии он буд, васф шудааст. Дар достони дигари ў «Ҷанги ватанӣ» корнамоиҳои ҷанговарони шўравӣ- ҳамдеҳаҳои диловари шоир васф шудааст. Соли 1987 маҷмўаи достонҳои Ҳикмат Ризо дар Москва ба забонҳои тоҷикию русӣ нашр шуд. Соли 1988 киностудияи «Тоҷикфилм» дар бораи Ҳикмат Ризо филми ҳуҷҷатии «Жакон»-ро ба навор гирифт (муаллифи сенария С. Ҳақдодов, режиссер С. Солеҳов). Ҳикмат Ризо соли 1990 дар шаҳри  Душанбе аз дунё даргузашт.

Бозчоп аз “Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”. – Душанбе, 2004. – Ҷ. 3. – С. 461.

Муаллиф:  С. Фатҳуллоев.

Аз Ҳикмат Ризо ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро ҳам суроғ кунед:

Суруди Ватан. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1950. – 109 с.

Шоирони халқӣ. – Душанбе, Ирфон, 1970. – 110 с.

Баҳори Тоҷикистон. – Душанбе,  1979. – 112 с.

Гўрғӯлӣ. – Душанбе, Ирфон, 1976. – Ҷ. 3. – 248 с.

Дар борааш:

Сўфизода, А. Вассофи овозадори Ҷамбули Мастон: Ба ифтихори 110-солагии Ҳикмат Ризо // Садои мардум. – 2004. –28 декабр.

Фатҳуллоев, С. Шабе бо Ҳикмат Ризо: Гурғулисарои машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Ризо // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 27 август.

Муъмин, Ҷ. Ҳикмати Ҳофиз ҳамчун шоир: Фаъолият ва эҷодиёти гурғулисарои машҳури даврони шўравӣ Қаҳрамони таърихиву афсонавии халқи тоҷик Ризо Ҳикмат // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 30 октябр.

Фарзанди нек боғи падар…: Бахшида ба муносибати 60-солагии маъруфтарин сарояндаи «Гўрғӯлӣ» – Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон, шоири халқ Авази Ҳикмат Ризо // Паёми Душанбе. – 2017. – 2 1 июл.

Наҷмиддинов, Ф. Ҳикмат Ризо сарояндаи орзуву ормони халқ // Мероси ниёгон. – 2019. – №21. – С. 135-136.

Библиографияи миллӣ