Расул Ҳамзатов: 19 сол баъди даргузашт

Расул Ҳамзамов19 сол қабл, 3-юми ноябри соли 2003 дар шаҳри Маскав дар синни 80-солагӣ  шоирнависанда ва тарҷумони шуравӣ ва рус, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, публисист ва арбоби сиёсӣ, Шоири халқии Доғистон (1959), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Барандаи Мукофотҳои Ленинӣ (1963) ва Сталинӣ дараҷаи сеюм (1952) Расул Ҳамзатов аз олам даргузашт. Расул Ҳамзатов аз ҷумлаи маъруфтарин адибони замони Шӯравӣ дар қаламрави паҳновар буд. Адибе, ки даҳҳо китоб аз худ мерос гузошт.  Шояд миёни адибони он замон серкитобтарин адибон ӯ буд. Маъруфияти хос дошт, ашъораш бо ҳама забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шудаву китобҳояш берун аз маҳдуди СССР ҳам борҳо интишор ёфтаанд. Ва муҳимтар аз ҳама дӯсти беғарази адибони тоҷик буд. Тоҷикистонро сарзамини суханварони бузург, гулҳои сурх ва тиллои сафед» меномид. Дар васфи шоирони мо, бахусус Мирзо Турсунзода шеърҳо гуфтааст ва устод Турсунзода низ ӯро дар ашъораш сутудааст.

Расул Ҳамзатов 8 сентябри соли 1923 дар деҳаи Садаи ноҳияи Хунзахи Доғистон дар оилаи шоири халқии Доғистон Ғамзат Садаса ба дунё омадааст.

Дар мактаби миёнаи Аранӣ таҳсил карда, соли 1939 техникуми педагогии Аварро хатм кардааст. То соли 1941 омўзгори мактаб, баъд ёвари коргардони театр, хабарнигори газета ва радио буд. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудааст.   Солҳои 1945-1950 дар Донишкадаи адабии ба номи А.М.Горкийи ш. Маскав таҳсил кардааст.

Вакили Шӯрои Олии ҶШС Доғистон, муовини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Доғистон (1980-1990), депутат ва узви Президиуми Шӯрои Олии СССР интихоб шудааст. Чанд даҳсола вакили анҷуманҳои нависандагони Доғистон, Федератсияи Русия ИҶШС, аъзои бюрои якдилии нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо, аъзои Кумитаи мукофотҳои Ленинӣ ва давлатии ИҶШС буд, аъзои правленияи Кумитаи шӯравии сулҳ, ҷонишини раиси

Расул Ҳамзатов соли 1932 дар синни 9-солагиаш ба навиштани шеър шурўъ кардааст. Пас аз он ашъораш дар соли 1937 дар рӯзномаи ҷумҳуриявии аварии «Большевик гор» чоп мешуданд. Аввалин китобаш ба забони аварӣ соли 1943 нашр шудааст. Вай инчунин дар ин китоб аз адабиёти классикӣ ва муосири рус, аз ҷумла осори А.С.Пушкин ва М.Ю.Лермонтов, В.В.Маяковский ва С.А.Есенинро тарҷума кардааст.

Асарҳои Ҳамзатов ба даҳҳо забонҳои халқҳои Русия ва ҷаҳон тарҷума шудаанд. Расул Ҳамзатов узви ҳайати таҳририяи «Новый мир», «Дружба народов», рўзномаҳои «Литературная газета», «Литературная Россия», дигар рўзномаю маҷаллаҳо буд.

Аз соли 1951 то охири умраш созмони адибони Доғистонро сарварӣ мекард.

Китобҳои ў бо миллионҳо нусха ба даҳҳо забонҳо дар саросари ҷаҳон нашр шудаанд. Шабҳои эҷодӣ бо толорҳои бузурги пур аз одам мегузашт.

Дар маҷмўаҳои ашъори «Кўҳсори мо» (соли 1947), “Замини ман» (соли 1948), «Суруди кўҳсор» (соли 1949), «Ватани кўҳистон» (соли 1950), «Сўхта аз бародари калонӣ» (соли 1952), «Баҳори Доғистон» (соли 1955), достонҳои «Духтари кўҳсор» (соли 1958) ва «Дили ман бо кўҳистон» (соли 1959) ҳаёту муборизаи заҳматкашони Доғистони шўравӣ, ташаккули шуурнокии сотсиалистии кўҳистониён, дўстии халалнопазири халқҳои шўравӣ, муқобилати ҷавонон бар одатҳои зараровари кўҳна, талоши занону духтарон баҳри ишқу саодати озодии худ, ситоиши расму ойинҳои нав ва ғайра ба риштаи тасвиру таҳқиқи бадеӣ кашида шудаанд. Достони «Дар сўҳбати падар» (соли 1953) ба хотираи падари эҷодкораш  Ҳамзат Садаса ва маҷмўаи «Сухан аз шоир» (соли 1979) ба классики адабиёти лаки Доғистон Афандӣ Капиев бахшида шуда, аз заҳмату ҷустуҷўи беохири аҳли қалам ва мақоми иҷтимоии шоир баҳс мекунанд. Ашъори Ҳамзатов рўҳияи баланду хосияти амиқи миллӣ дошта, дар тору пуди онҳо рўҳи рўзгори мардуми ҳамдиёр ва зебоиҳои табиати афсункори кишвари азизи шоир, фалсафаи ҳаёт ва лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи халқи авар бо рангу ҷилои тоза ва муҳаббату самимияти беандоза инъикос гардидаанд.. Ин хусусият дар маҷмўаи шеъру достонҳои «Рўзи таваллуди ман» (соли 1950) ва «Ситораҳои баланд»( соли 1962) хеле равшану барҷаста ба тасвир расида, муаллифашонро дар саросари кишвари собиқ шўравӣ шўҳратёр гардонидаанд.

Маҷмўаи ашъори «Зарема» (соли 1963),  «Катибаҳо» (соли 1963), «Ситора бо ситора роз гўяд» (соли 1964), «Нони умум» (соли 1967), «Ҳисоби умр» (соли 1969), «Фармудаҳо» (соли 1975), «Сози ниҳон» (соли 1977), «Дар сари оташдон» (соли 1978), «Таронаҳои кўҳистон» (соли 1980), «Марсияҳои кўҳистон» (соли 1980), «Асри бист» (1 соли 983), «Ҳарби абадӣ» (соли 1983), «Чархи ҳаёт» (1987), «Турнаҳои сафед» (соли 1987), «Ду достон» (соли 1988) ва ғайра аз ҷумла дастовардҳои эҷодии шоир ба ҳисоб мераванд.

Дар китоби андешаҳо – «Доғистони ман» меҳру муҳаббати саршори ў нисбат ба халқу анъанаву суннатҳои диёраш ифода гардида, фаслу бобҳои он аз ҳикмати рўзгору осори мардумӣ ва фикру андешаҳои пандомўзи шахсӣ ба ҳам омадаанд.

Ҳамзатов нисбат ба адибону адабиёти тоҷики давраи шўравӣ аз ҷумла С. Айниву А. Лоҳутӣ, ихлосу эҳтироми тамоме дошта, дўсти ҷонии М. Турсунзода будааст ва дар шеъру мақолаҳояш, аз ҷумла эссеи «Гулбоғи шоир» (соли 1968) ба шахсияту эҷодиёти ў баҳои баланд додааст. М. Турсунзода ҳам ба дўсти авари худ шеърҳо бахшида, дар бораи фазилатҳои инсониву мўъҷизаҳои инсониву мўъҷизаҳои шоирии ў бо муҳаббату самимияти беҳад сухан рондааст:

Сарзаминат, дўстам, озода  маскан будааст,
Дар дили кўҳи ту назму шеър маъдан будааст. 

Дар фалак, дар осмон, дар деҳаи Хунзах мудом
Ахтари иқболи шоир нурафкан будааст.

Ҳамзатов Тоҷикистонро «сарзамини суханварони бузург, гулҳои сурх ва тиллои сафед» номида, барои пешрафти шахсиву эҷодии М. Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор ва дигарон кўмакҳои беминнат расонидааст. Ба куллиёти чаҳорҷилдаи  М. Турсунзода (ҷ. 1, Душанбе, 1971) ва маҷмўаи русии Гулрухсор «Аз паи хуршед» (Москва, 1984) муқаддима навиштааст.

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Расул Ғамзатов филмҳои мустанад ва телевизионӣ аз қабили «Доғистони ман. Омӯрзиш» (2014), «Расули мо», «Дили ман дар кўҳистон аст»,  “Қафқозие аз Тсада” «Расул Ҳамзатов ва Гурҷистон», “Роҳи ман”, «Расул Ҳамзатов. Соати сеюм” офарида шудаанд.

Муҷассамаҳои Расул Ҳамзатов дар Махачқалъа (2010), дар хиёбони Яузси Маскав (2013), дар Сухокумски Ҷанубӣ (2008, ш. Магомедалӣ Алиев), дар Тсада (2008, ш. Магомедалӣ Алиев), дар шаҳри Яловаи Туркия (2014), дар саҳни факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (2013) гузошта шудаанд.

Инчунин дар бисёр шаҳру ноҳияҳо ба номи Расул Ҳамзатов кўчаву хиёбон, китобхонаву муассисаҳои таълимӣ номгузорӣ шудаанд.

8 сентябри соли 2008 дар Махачқалъа Осорхонаи давлатии адабии ба номи Расул Ҳамзатов ифтитоҳ шудааст.

Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова, сармутахассиси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.

АЗ РАСУЛ ҲАМЗАТОВ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБРО МЕТАВОН ДАРЁФТ КАРД:

Суруди авул. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 105 с.

Модаронро пос доред. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 112 с.

Доғистони ман. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 528 с.

Хаёлам дар ту: Шеърҳо //Ҳақиқати Ленинобод. – 1960. – 30 октябр.

Таронаи модар //Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 16 май.

Шеъре дар хонаи Таур дар Калката: Шеър /Тарҷумаи П. Аслонов //Адабиет ва санъат. – 1985. – 7 март.

Ман он сарбозро бинам дубора: Шеър /Аз русӣ тарҷумаи М. Ғоиб //Роҳи Ленинӣ. – 1985. – 13 март.

Ҳар қадар ноасил бувад шамшер: Шеър /Тарҷумаи Р. Ваҳҳобов //Газетаи муаллимон. – 1985. – 25 май.

Соате, ки дар умри мо нест: Шеър /Тарҷумаи Р. Ваҳҳобов //Қаротегини Советӣ. – 1985. – 29 май.

Чиро ман дӯст медорам?: Шеър /Тарҷумаи О. Мирак //Адабиет ва санъат. – 1985. – 6 июн.

Падар: Шеър /Тарҷумаи Норӣ //Газетаи муаллимон. – 1986. – 11 феврал.

Ёди ҷавонӣ: Шеър //Тоҷикистони Советӣ. – 1986. – 6 июл.

Варо озод аз мансаб бикарданд; Ҳамгун: Шеърҳо /Тарҷумаи Ҳ. Раҳмат //Газетаи муаллимон. – 1986. – 25 октябр.

Эй ҳаёти ман: Шеър /Тарҷумаи С. Миралӣ //Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 2 сентябр.

Машъали шеър: Шеър /Аз русӣ тарҷумаи А. Сомонӣ //Газетаи муаллимон. – 1987. – 5 сентябр.

Забони модарӣ: Шеър /Тарҷумаи Алӣ Бобоҷон //Газетаи муаллимон. – 1987. – 5 сентябр.

Суруди булбул: Шеър /Тарҷумаи К. Насрулло //Чашма. – 1987. – № 11. – С. 3.

Ваалейкум ассалом Мирзо: Ба муносибати 80- солагии зодрўзи М.Турсунзода //Адабиёт ва санъат. – 1991. – 14 ноябр.

Доғистони ман; Ашку хун; Катибаҳо; Дар ханҷар; Дар шоҳзам: Шеърҳо //Адабиёт ва санъат. – 2013. – 25 июл.

Турнаҳо: Шеър /Тарҷумаи Лоиқ Шералӣ //Адабиёт ва санъат. –  2017. – 4 май.

Дар бораи Расул Ҳамзатов:

Турсунзода, М. Ба Расул Ҳамзатов: Шеър // Турсунзода, М. Осори мунтахаб. – Душанбе, 1981. – Ҷ.1. – С. 127-128.

Абдуллаев, Г. Г. Расул Гамзатов великий поэт всех народов. – Махачкала: Юпитер, 2005. – 136 с.

Ҳайдаршо, М. Доғистонро дидам: Дар бораи Расул Ғамзатов //Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 11 апрел.

Валӣ, С. Оташи тобнок: Дар бораи шори халқии Доғистон Расул Ғамзатов //Комсомоли Тоҷикистон. – 1968. – 18 декабр.

Раҳим, К. Дар талоши мавҷ: Шеър бахшида ба Расул Ғамзатов //Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 18 март.

Лаврецкая, В. Расул Ҳамзатов: шеър ҷонфишонист  //Тоҷикистони Советӣ. – 1986. – 11 феврал.

Қонуни нонавишта ё қонуни асосии кўҳистонӣ: Доир ба китоби «Доғистони ман»-и Расул Ҳамзатов /Таҳияи Мирзошо Ватаншо //Миллат. – 2014. – 17 сентябр.

Шарифов, С. Васфи забони модарӣ дар «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов //Наҷот. – 2015. – 9 апрел.

Бузургон дар ситоиши забон: Саид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Расул Ғамзатов ва диг. /Таҳияи Насриддин Охунзода //Маърифати омӯзгор. – 2015. – №9-10. – С. 21-22.

Шарифов, У. Ҷойгоҳи забон дар андешаи ду адиби тавоно: Расул Ҳамзатов ва Лоиқ Шералӣ //Маърифати омӯзгор. – 2016. – №4. – С. 44-46.