Абдулқодир Раҳим: “Сӯзиши модар дигарай…”
Ин вожа, яъне Модар, дар забони ҳамаи миллатҳои дунё ягон ҳаммаъно надорад ва ҷояшро ҳам дар ҳеч ҳолат иваз карда наметавонад. Агар моя ва сарчашмаи башарияташ низ мегӯянд, дарк мекунанд, ки ҳанўз ин ифода пурра нест. Ҳатто вожаи Фидокор низ наметавонад, ҷойи онро дар матн, дар гуфтугў иваз намояд.
Оре, Модар модар аст ва ҳаммаъно надорад. Дар тавсифу бузургияш ҳазорон сол мегўянд, менависанд, аммо дармеёбанд, ки ҳанўз аз сад якеро нагуфтаанд, нанавиштаанд. Чар? Ба ин пурсиш наздики 800 сол пеш Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ посухи сазовор додааст:
Ҳақ ҳазорон санъату фан сохтаст,
То ки модар бар ту меҳр андохтаст,
Дар баробари посух ҳамзамон таъкид медорад, ки барои дарки меҳраш бояд ин ҳазорон санъату фанни худовандиро бидонем. Агар чизе дар ин маврид медонем, он андак аст. Ба ин андак наметавон зиёдро фаро гирифт.
Мегўянд, ки бузургии модар дар шабзиндадории ў аст. Ин гуфта дуруст аст, аммо фарогир нест. Касе дигар ҳам метавонад барои кўдаки модаре шабзиндадорӣ бикунад, аммо ин куҷову он куҷо. Шабзиндадории модар аз ҳама шабзиндадориҳои дигарон ба куллӣ тафовут дорад. Нигоҳи ў, андешаи ў, эҳсоси ў, дуои ў, ниёиши ўро ҳеч кас наметавонад барои сонияе низ соҳиб бигардаду аз он баҳрабардорӣ намояд. Гўши кўдак мехоҳад танҳову танҳо овози нарму меҳрбори модари худро бишунавад, чашми кўдак интизори дидори зебову нуронии модари худ аст.
Дар назар менамояд, ки ҳар кас метавонад гаҳвораи кўдакро биҷунбонад. Кўдак аз рўи ҷунбиши он эҳсос мекунад, ки гаҳвораро модараш меҷунбонад ва ё касе дигар. Чун дарёбад, ки модараш онро меҷунбонад, эҳсоси роҳат, хуррамӣ мекунад, руҳаш, ҷисмаш навозиш меёбад.
Доя ҳам метавонад ба кўдак шир бидиҳад, вале шири модар дигар аст. Ҷойи он ширро хеҷ шири дигар наметавонад, ки бигирад.
Агар кўдакро ба тасодуф ва ё қасдан бизанӣ, бо ў бо хайрхоҳӣ муносибат накунӣ, туро ҳеҷ дўст намедорад, ба сўят лабханд намезанад, бо диданат рў ҷониби дигар мегардонад. Аммо агар модар ўро бизанад, ба як паноҳгоҳ рў меорад ва он оғўши модар аст.
Танҳо диле, ки дар кина роҳ намеёбад, дили модар аст. Метавонад ҳазорон гуноҳи фарзандро бубахшад ва ҳам боре онро пеши рўи фарзанд наорад.
Ў барои наҷоти фарзанд ҳатто омодааст, ки худро қурбон кунад. Дар ин маврид аз ҳеҷ кас, аз ҳеҷ чиз наметарсад.
Модар барои фарзанд дунёи зебой, дунёи меҳр меофарад. Ҳеч кас ба ҷуз ў ин неру, ин истеъдод, ин маҳоратро надорад.
Танҳо модар аст, ки ишқ, ҷавонӣ, зебой ва тамоми зиндагии худро ба фарзанд мебахшад.
Танҳо чашмони модар аст, ки аз интизории фарзанд хаста намешавад.
Танҳо модар аст, ки аз ранҷу машаққат барои фарзанд лаззат мебарад.
Модар пир мешавад, аммо меҳру муҳаббати ў нисбат ба фарзанд пириро намешиносад, балки пирӣ ин ҷасоратр надорад, ки ба дунёи меҳру муҳаббати ў гоме биниҳад.
Меҳру муҳаббати модар ҳамасола, ҳамарўза дар ҳоли афзудан аст, на кам шудан.
Ҳеҷ чиз вазнинтар аз он нест, ки як модар марги фарзандашро мебинад. Дар ин маврид сухане, амале тасаллобахшаш намешавад.
Модаре агар дарёбад, ки фарзандаш ин оламро падруд мегўяд, пештар аз ў руҳан мемирад.
Агар модаре аз олам мегузарад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ҷойи ўро ишғол карда наметавонад. Мегўянд, ки хола, яъне хоҳари модар, ҷойгузини ў мегардад, аммо ҳаргиз чунин нест. Дар як байти рубоии мардумӣ ин ҳақиқат рўшан собит гардидааст:
Мардумо меган хола ба ҷойи модарай,
Фандум накунен, сўзиши модар дигарай.
Бархе ин ҳақиқатро дер мефаҳманд, яъне замоне, ки модарашонро аз даст медиҳанд. Хўрдани ҳазор афсўс дигар суде намебахшад. Танҳо дар ин вақт кас дармеёбад, ки аз ҳазор як некии модарро посух гуфта натавонистааст. Ва ҳам натавониста ба қадраш, ба манзалаташ бирасад. Як нафар, агар модарашр дар замони тифлӣ аз даст медиҳад, бо он ки рўяшро дар ёд надорад, аз меҳру навозишаш наметавонад якеро ба хотир биёраду бигўяд, ўро дўст медорад. Тамоми умр ин муҳаббат дар вуҷудаш ҷойи махсусро дорад.
Хона, балки дунё, бе модар холии холӣ аст. Модар агар дар хона аст ва занги дарро мешунавад, саъй мекунад, онро ба рўи фарзанд худаш бикушояд. Ва ҳам мехоҳад ин ҳуқуқ, ин амалро аз ӯ ҳеҷ кас нагирад. Як пурсиши ў дар ин ҳол, ки «Омадӣ?» ҳазор маъно ба худ дорад ва чунин пурсишро ҳеҷ кас, ҳатто бузуртарин ҳунарманд такрор ва тақлид карда наметавонад.
Модар аз мо фарзандон чизеро хостор нест, ҳар он чи ки мехоҳад, аз хубиҳову зебоиҳову неъматҳои дунё, барои мо аст. Агар ҳам туҳфаеро аз дастамон бо муҳаббат, самимият, чеҳраи хандон мепазирад,танҳо ба хотири хушнудии мо мебошад. Барои ў на туҳфа, балки мо қимат дорем. Мо барои модар арзиши зиёду бузург дорем, ончунон як арзише, ки ба тасаввурамон роҳ ёфта наметавонад. Мо барои модар модар қиматтар, боарзиштар, ҳатто аз худи ўем. Аз ин рў, амр шуда, ки ба қадраш бирасем, гиромияш бидорем.
Аз китоби Абдулқодир Раҳим: “Падар”. Душанбе, соли 2024
Хоҳишмандон ин китоби хубро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шуъбаи хизмарасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.