Евгений Бертелс: Вижагонии ҳамагонии зиндагии адабӣ дар қаламрави Ғазнавиён. Бахши 1

Евгений Эдуардович БертельсБо он ки пайдоиши ғазнавиён аз яке аз тираҳои турк буд, устувор шудан ва фармонравоии инон ба дигаргуннии бузурги бофти қавмии маҳофили ҳокима наёнҷомид. Метавон гуфт, ки дар рўзгори сомониён ҳамаи корҳои низомӣ ба бекҳои турк вогузошта шуда буд. Ин ҳолу рўз дар рўзгори Ғазнавиён ҳам барҷой буд, аммо корҳои кишварӣ, чунон пеш дар дасти эрониён монда буд. Аз ин рў, порсӣ-дарӣ ҳамчунон забони давлатӣ ва метавон гуфт, ки ягона забони адабӣ будааст.

Дидгоҳи таърихнависон дар ин бора, ки Султон Маҳмуд то чӣ андоза фарҳехта будааст, яксон нест. Ибниласир овардааст, ки Маҳмуд на танҳо арабӣ медонист, балки тафсире ҳам ба забони арабӣ бар Қуръон навиштааст. Забони форсиро бахубӣ медонист ва гўё ҳатто озмоиш ҳам дар чакомасароӣ карда будааст. Бо он ки бисёр озманд ва тангчашм буд, боз ҳам дар кор (зарурӣ) медонист, ки шоиронро гирди хеш дошта бошад ва равшан аст, ки на барои ёрӣ барои пешрафти адабиёт, балки барои он ки мехост шоирон овозаи қудраташро баландтар бурда, онро ситоиш кунанд. Ошноӣ бо осори Унсурӣ, «Малик-уш-шуаро»-и Маҳмуд моро қонеъ месозад, ки Маҳмуд Унсуриро ҳадяборон намекарда, балки муҳосибаи сиёсӣ доштааст. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки дар даргоҳи Маҳмуд чаҳорсад шоир будааст. Бадиҳӣ аст, ки намешуд ин хабарро вожа ба вожа пазируфт. Ин ҳамон шумораи чиҳил аст, ки дар чашми тўдаи мардум шумораи муқаддас аст ва онро гирифта даҳ баробар кардаанд, ба сухане дигар бояд ин шумораро танҳо дар маънии бисёр пазируфт. Авфӣ дурусткортарин тазкиранавис аст, ки пеш аз дигар тазкиранависон корашро оғоз кардааст.

Ў танҳо бисту нуҳ шоирро ба «Хонаи Носир», яъне дарбори ғазнавиён (ва дар ин миён, дар ҳамаи таърихи ин дудмон) мансуб медорад. Аз ин шумора то чаҳорсад, роҳе бисёр дуру дароз аст. Агар дар сарчашмаҳо оварданд, ки Маҳмуд мекўшид шоироне ҳар чи бештар дар гирдаш дошта бошад, наметавон чунин натиҷагирии шитобомезе кард, ки гўё зиндагии ин шоирон дар даргоҳи ў осону дилпазир будааст. Аз ин сухан намегўем, ки мавзуи осори онон мебоист бо хости Султон ҳамхон бошад, балки инро ёдовар мешавем, ки ҳар гуна нофармонӣ аз сўи онон, сангдилона ва бедиранг кайфар дода мешуд. Шоирон ҳатто дар зиндагии хусусии худашон ҳам мебоист ҳамвора «чашми тезбини давлат»-ро ба дида дошта бошанд. Дар рўзгори Маҳмуд, ба шабакаи густурдаи гунаи пулиси махфӣ созмон дода шуда буд, ки ҳатто писарони Султонро ҳам зери чашм доштанд. Дархўри нигариш аст, ки инон низ барои дифоъ аз хеш ба навбаи худ хабарчиноне дар хонаи худи султон мегумоштанд. Ба чунин достоне аз Байҳақӣ менигарем:

«…Ба рўзгори ҷавонӣ, ки (Масъуд) ба Ҳирот мебуд ва пинҳон аз падар шароб мехўрд, пўшида аз Райҳон, ходими Фурудсарой хилватҳое мекарда ва мутрибон медошт марду зан, ки ишонро аз роҳҳои бунҳара (пинҳон. – С. Э.) наздики вай бурдандӣ. Дар кўшки боғ Аднонӣ фармуд то хонае бароварданд хоби қайлуларо ва онро мазмилҳо (лўлаи об. – С. Э.) ва хишҳо (парда. – С. Э.) овехтанд, чунонки об аз ҳавз равон шудӣ ва бар тилисм бар боми хона шудӣ ва дар мазмилҳо бигаштӣ ва хишҳоро тар кардӣ. Ва ин хона аз сақф то ба пои замин сурат карданд, суратҳои (китоб) алфия ва шалфия аз анвои гирд омадани мардон бо занон, ҳама бараҳна, чунонки ҷумлаи он китобро сурату ҳикояту сухан нақш карданд ва беруни ин суратҳо нигоштанд, фарохўри ин суратҳо амир ба вақти қайлула онҷо рафтӣ ва хоб онҷо кардӣ ва ҷавононро шарт аст, ки чунин ва монанди ин бикунанд.

Ва Амир Маҳмуд, ҳар чанд мушаррафе дошт, ки бо ин Амир фарзандаш будӣ пайваста, то берун будӣ бо надимон ва анфосаш мешумурдӣ ва инҳо мекардӣ. Муқаррар буд, ки он мушарраф дар хилватҷоҳои (Масъуд) нарасидӣ, пас (Маҳмуд) пўшида бар вай мушрифон дошт аз мардум. Чун ғулому фаррош ва пиразанон ва мутрибон, ки ҷуз ишон, ки бар он чӣ воқиф гаштандӣ боз намудандӣ, то аҳволи ин фарзанд ҳеч чиз бар вай пўшида намондандӣ ва пайваста ўро ба номҳо молидиву пандҳо медодӣ, ки валиаҳдаш буд ва донист, ки тахти мулук ўро хоҳад буд. Ва, чунонки падар бар вай ҷосусон дошт пўшида, вай низ бар падар дошт, ҳам аз табақа, ки ҳар чӣ рафтӣ боз намудӣ. Ва яке аз ишон Нўштегин хосаи ходим буд, ки ҳеч хидматгор ба Амир Маҳмуд аз вай наздиктар набуд».

Пас хабари ин хонаи ба сурати алфия, сахт пўшида ба Амир Маҳмуд набиштанд ва нишон бидоданд, ки чун аз сарои Аднонӣ бигзашта ояд, боғе аст бузург. Бар дасти рости ин боғ, ҳавзе аст бузург ва аз карони ҳавз, бар чап ин хона аст ва шабу рўз бар ду қуфл бошад зеру забар ва он вақт бигшоянд, ки Амир Масъуд ба хоб онҷо равад ва калидҳо ба дасти ходиме аст, ки ўро башорат гўянд. Ва Амир Маҳмуд чун бар ин ҳол воқиф гашт, вақти қайлула ба хиргоҳ омад ва ин сухан ба Нўштегин хосаи ходим бигуфт ва мисол дод ки: «Фалон Хайлтошро, ки тозандае буд аз тозандагон, ки ҳамто надошт бигўй то сохта ояд, ки барои муҳимме ўро баҷое фиристода ояд, то ба зудӣ биравад ва ҳоли ин хона бидонад ва набояд, ки ҳеч кас бар ин ҳол воқиф гардад».

Нўштегин гуфт: «Фармонбардорам». Ва Амир бихуфт ва вай ба васоқи хеш омад ва саворе аз девсаворони хеш номзад кард бо касби хиёраи хеш ва бо вай бинҳод, ки ба шаш рўзу шаш шабу ним ба Ҳирот равад наздики Амир Масъуд, сахт пўшида. Ва ба дасти хеш мултафае набишт ба Амир Масъуд ва ин ҳолҳо боз намуд ва гуфт: «Пас аз ин савори ман, Хайлтоши султонӣ хоҳад расид, то он хонаро бубинад пас аз расидани ин савор, ба як рўзи ним чунонки аз кас бок надорад ва яксар то он хона меравад ва қуфлҳо бишканад. Амир ин корро сахту зуд гирад, чунонки савоб бинад». Ва он девсавор андар вақт тозон бирафт. Ва пас (Нўштегин) кас фиристод ва он Хайлтошро, ки фармон буд, бихонд. Вай сохта биёмад. Амир Маҳмуд, миёни ду намоз аз хоб бархост ва намози пешин кард ва фориғ шуд. Нўштегинро бихонд ва гуфт: «Хайлтош омад?». Гуфт: «Омад ва ба соқи (ман) нишаст». Гуфт: «давот ва коғаз биёр!» Нўштегин биёвард ва Амир ба хатти хеш гушодномае набишт бар инҷумла:

«Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Маҳмуд ибни Сабуктегинро фармон чунон аст, ин Хайлтошро ба Ҳирот ба ҳашт рўз равад. Чун онҷо расид, як сар то сарои писарам Масъуд шавад ва аз кас бок надорад. Ва шамшер баркашад ва ҳар кас, ки вайро аз рафтан боз дорад, гардани вай бизанад ва ҳамчунон ба сарой фурў равад ва сўи писарам нангарад ва аз сарои Аднонӣ ба боғ фурў равад ва деворҳои онро неку нигоҳ кунад, то бар чӣ ҷумла аст ва дар он хона бинад ва дар вақт бозгардад, чунонки бо кас сухан нагўяд ва ба сўи Fазнин бозгардад. Ва сабили Қатлуғтегин ҳоҷиби биҳиштии он аст, ки бар ин фармон кор кунад, агар ҷонаш ба кор аст ва агар муҳоботе кунад, ҷонаш бирафт. Ва ҳар ёре Хайлтошро бибояд дод бидиҳад, то ба мавқеъ ризо бошад, бимашиятиллоҳу ва авнаҳу вассалом».

Ин нома чун набишта омад, Хайлтошро пеш бихонд ва он гушодномаро муҳр кард ва ба вай дод ва гуфт: «Чунон бояд, ки ба ҳашт рўз ба Ҳирот равӣ, чунин ва чунон кунӣ ва ҳамаи ҳолҳои шарҳкарда, маълум кунӣ ва ин ҳадисро пўшида дорӣ”.

Хайлтош замин бўса дод ва гуфт: «Фармонбардорам» ва бозгашт.

Амир Нўштегини хосаро гуфт: «Асбе некрў аз охўр Хайлтошро бояд дод ва панҷ ҳазор дирам». Нўштегин берун омад ва дар додани асб ва сим ва ба зин кардани асб, рўзгоре кашид ва рўзро мебисўхт то намози шомро рост карда буданд ба Хайлтош доданд ва вай бирафт тозон.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Башира Умарова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ