Кӯдакон ояндаи ҳар миллату давлатанд

КӯдаконКӯдакон ҳамчун неруи созандаи фардо ва идомабахши ҳастии миллат, дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар давлат қарор доранд. Ояндаи устувори ҷомеа маҳз ба сатҳи таълиму тарбия, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва солимии ҷисмониву равонии насли наврас вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон на танҳо масъулияти оила, балки вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, тарбия, рушди зеҳнӣ ва ташаккули шахсияти кӯдак тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад». Дар навбати худ вобаста ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пешниҳоди ғамхорона намуданд: «Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.»

Бо мақсади таҳкими эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин санаи муҳим рамзи меҳру муҳаббат, сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ғамхории ҷомеа нисбат ба насли наврас буда, ҷомеаро ба масъулияти бештар дар роҳи тарбияи инсони комил, ватандӯст ва маърифатпарвар ҳидоят менамояд.

Таърихи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба давраи пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон вобаста аст. Дар натиҷаи ҷанг миллионҳо кӯдак ятиму бепарастор гардида, аз таҳсил ва зиндагии ором маҳрум шуданд. Ин вазъият ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва беҳбудии кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Соли 1949 дар шаҳри Порис Конгресси байналмилалии занон баргузор гардида, пешниҳод шуд, ки рӯзи махсус барои ҳифзи кӯдакон таъсис дода шавад. Аз соли 1950 ҳамасола 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана рамзи меҳру ғамхорӣ нисбат ба насли наврас буда, ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳуқуқ, таълиму тарбия ва солимии кӯдакон мебошад.

Нақши оила дар тарбияи кӯдакон хеле муҳим мебошад. Кӯдакон сарвати бебаҳои миллатанд ва пешрафти ҳар давлат аз дониш, тарбия ва ҷоҳонбинии кӯдакон вобаста аст. Оила аввалин мактаби тарбия ба ҳисоб меравад. Кӯдак дар оилаи солим ба воя расад, эҳтиром ва меҳрубониро меомӯзад ва дар оянда метавонад шахси донишманд ва ватандӯст гардад. Аз ҳамин сабаб, падару модарон бояд барои таҳсил ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон шароит муҳайё намоянд, онҳоро ба ростгӯӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия кунанд, ба эҳсосоту фикри кӯдак аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд, вақти бештарро бо фарзандон гузаронанд. Мактаб низ дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши басо муҳим дорад. Омӯзгорон на танҳо дониш медиҳанд, балки кӯдаконро ба ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми калонсолон роҳнамоӣ менамоянд.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои рақамӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти кӯдакон табдил ёфтааст. Телефонҳои ҳушманд, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои омӯзиш, дастрасӣ ба иттилоъ ва рушди зеҳнии насли наврас имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд. Тавассути технологияҳои муосир кӯдакон метавонанд донишҳои нав аз худ намуда, забонҳои хориҷиро омӯзанд, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои маърифатии худро густариш диҳанд. Аммо истифодаи нодурусти технология низ метавонад таъсири манфӣ низ расонад. Аз ҳамин сабаб, падару модарон бояд пайваста истифодаи интернетро назорат намоянд ва кӯдаконро ба истифодаи дурусти он роҳнамоӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон низ «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Кӯдакон дар озмунҳо, барномаҳои консертӣ ва бозиҳои шавқовар иштирок мекунанд, ҳамчунин ба кӯдакони ятим, ниёзманд кумакҳо расонида мешавад.

Боиси зикр аст, ки ин ҷашн ба ҷомеа хотиррасон мекунад, ки кӯдакон ба муҳаббат ғамхорӣ ва дастгирӣ ниёз доранд. Ояндаи ҳар миллат аз тарбияи дурусти кӯдакон вобаста аст. Агар ба кӯдак дониш ва тарбияи хуб дода шавад, ӯ дар оянда метавонад шахси муввафақ ва фоиданок барои ҷомеа гардад. Аз ҳамин сабаб давлат ва ҷомеа бояд барои таҳсили босифат шароит муҳайё намоянд, саломатии кӯдаконро ҳифз кунанд ва ҳуқуқу озодиҳои онҳоро эҳтиром намоянд.

Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф озмунҳои Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», олимпиадаҳо, озмунҳои мусиқиву рассомӣ, мусобиқаҳои варзшии байни мактабҳо баргузор мегарданд.

Ҳамин тавр, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми иҷтимоиву инсондӯстона аҳаммияти махсус касб намудааст. Ин рӯз ҷомеаро ба эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, таҳкими муҳити солими тарбия ва афзоиши масъулияти шаҳрвандӣ дар назди насли наврас ҳидоят менамояд. Зеро кӯдакон меросбарони арзишҳои миллӣ, идомабахши рушди ҷомеа ва созандагони фардои давлату миллат ба шумор мераванд.

Мадина Ҳамроева,
мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.