Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мир Саййидғуломалӣ мутахаллис ба “Моил”

1181-1251 ҳиҷрӣ, писари Али Қонеъ, соҳиби 232 ғазал ва чанд қасида дар мадҳи Мир Карамалихони Толпур мебошад. Дар таърихгӯӣ табъи равон дошт. Куллиёташ иборат аст аз ғазалиёту қасоид, қитаот, таърих, маснавиёт, рубоиёт ва маросӣ.
Тазкирае ба номи “Маҷмаъ-ул- фусаҳо” дар 639 варақ низ таълиф намуд (вале ҳанӯз чоп нашудааст). Иброҳими Ҳалилӣ дар “Такмили мақолот-уш-шуаро” менависад: “Чун Ғуломалӣ хурдсол буд, рӯзе базме дар кӯҳи Муклӣ (Татта)” дар ронак (мақбара)-и Мирзоисои Тархон ташкил шуд. Мир Азимуддини Азим ва Моил дар ду тараф, дар вуруд нишаста машғули дидани манзару рафтуомади мардум буданд. Ногаҳ зебописаре аз он ҷо гузашт, ки зери бинӣ холи мавзун дошт. Мир Азим гуфт:
Зи бас ҳайрат билол аз минбар афтод…
Ва ин мисраъ такрор мекард, то Моил пешмисраъ расондаву гуфт:
Чун дид он холи зери бинии ёр,
Зи бас ҳайрат Билол аз минбар афтод.
Мир Азим аз фарти хушӣ фардои он рӯз аз тамоми мардуми шаҳри Татта пазироӣ кард ва гуфт: “Алҳамдулиллоҳ, ки дар хонадони мо ба ҳини ҳаёти ман он қадар қобиле баромад, ки ба бадеҳа ба ҷавоби ман пардохт”.
АЗ ӮСТ:
Ёфтам аз ашки ғам гавҳари мақсудро,
Миннати нав мекашам чашми ғамандудро.
—-
Дилам роми ҳиндуст, к-ӯ кард ром,
Ба ромишгарӣ сад дилоромро.
—-
Ҳиндуи зулфи ту бо донаву дому хату хол,
Мекунад сайд дилу ҷони мусулмононро.
—-
Туро аз Шери Ҳақ чун бӯриёи фарқ ирс омад,
Пайи шашминапӯшон вогузор ин шери қолиро.
—-
Ҳарчанд нест гардиши гардун ба коми мо,
Бо гардиши пиёла бувад субҳу шоми мо.
Ҷуз гуфтугӯйи ишқ набошад каломи мо,
Сабт аст дар саҳифаи ушшоқ номи мо.
Бошад ба кунҷи майкада аз бас мақоми мо,
Ҳар дам расад ба ҳазрати соқӣ саломи мо.
Ҳангоми ҷилварезии он офтоби ҳусн,
Хуршед сар ба зина занад зери боми мо.
Нозам ба луфти ҳазрати соқӣ, ки аз азал,
Пур рехтаст бодаи Кавсар ба ҷоми мо.
—-
Медиҳад соқӣ навиди ақди васлаш, марҳабо,
З-он ки бо бинтулинаб дар фикри пайвандем мо.
—-
Ману шурби шароби ишқу зикри машраби риндон,
Набояд зикри мазҳаб кард пеши аҳли машрабҳо.
—-
Ҳуҷҷоҷ тавфи Каъба ба зулҳиҷҷа мекунанд,
Ман рӯзу шаб тавофи ҳамин хона мекунам.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.