Рӯ ба илмҳои табиӣ. Аллигаторҳо
Аллигаторҳо – як ҷинси хазандаҳо. Мансуб ба типи хордадорҳо ва қатори тимсоҳҳо мебошанд. Аллигаторҳо ду намуд доранд: миссисипӣ ва чинӣ.
Аллигатори миссисипӣ (А mississippiensis) хазандаи азимҷусса (дарозиаш 4 – 4,5 м) буда, пойҳои кӯтоҳи ғафс дорад (лекин луқмаашро бо суръати тез дошта мегирад); пойҳои пеш аз панҷ ва қафо аз чор ангушт иборат мебошад (байни ангуштони пойҳои пеш пардаи шиноварӣ дорад). Тахтапушти Аллигаторҳо паҳно ва ранги сиёҳ дошта, бо сипарҳои шоҳин пӯшида шудааст; думаш пурқувват (думи аллигаторҳои ҷавон рахи зарди баланд дорад); чашмонаш хокистарранг. Дар дарёҳо, ҳавзҳо, ботлоқзорҳои штатҳои Каролинава Флоридаи ШМА, ҳамчунин дар соҳили халиҷи Мексика маскунанд.
Наринаҳои калон, одатан танҳои ва наринаҳои хурд гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд. Давраи болиғии Аллигаторҳои америкоӣ ба дарозии тан вобаста аст (мавриди ба 180 см расидани дарозии тан болиғ мегардад).
Модинааш то 35 – 50 тухм мегузорад Хазандаи тезгард буда, дар хушкӣ бо суръати 45 км/соат ҳаракат карда метавонад. Одатан, шабона ба шикор мебарояд. Тӯъмаи онҳо моҳӣ, парандаю ҷонварони ширхӯри обӣ, нармбаданҳо ва харчангшаклҳоянд.
Аллигаторҳои чинӣ (А. sinensis) зарди хокистарранг буда, ҷоғи поёнаш доғҳои сиёҳ дорад. Тахтапушт, шикам ва пилки чашмонашро сипарҳои шоҳин фаро гирифтаанд. Тани аллигаторҳои хурд панҷ ва думи онҳо ҳафт рахи зард дорад (баробари калон шудан, рахҳо нест мешаванд). Дарозии модинааш – то 2,2 м, наринааш – тақр. 1,4 – 1,7 м. Модинааш то 10 – 40 тухм мегузорад.
Аллигаторҳои чинӣ дар ҳавзаи дарёи Янтези маскун шудаанд.
Аллигатор сари паҳн дошта, ҳангоми пӯшида будани даҳон дандонҳои чоруми ҷоғи поён нопадид мешаванлд (фарқи онҳо аз тимсоҳ дар ҳамин аст).
Аз охири тирамоҳ то аввали баҳор аллигаторҳо ба ҳолати карахтӣ мегузаранд. Ҳавои сарду гармои зиёдро дар лонаҳои соҳилӣ (дар умқи 1 – 1,5 м) мегузаронанд.
Аллигаторҳо то 85 сол умр мебинанд. Солҳои охир аз сабаби бисёр шикор кардани аллигаторҳо шумораи онҳо хеле кам гаштааст. Аллигаторҳои чинӣ ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд.
Аз пӯсти аллигаторҳо ҷомадон, зин ва ғайра месозанд. Бо ин мақсад дар иёлоти Флорида, Техас ва Луизианаи ШМА аллигаторҳоро дар фермаҳои махсус парвариш мекунанд.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 322.
Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.