Саргузаште, ки ҳамоно дӯстдоштанист, дар маҳфили “Фурӯғ”

маҳфили ФурӯғШуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ барои хонандагони худ маҳфилҳои рангоранг офаридааст, ки яке аз онҳо маҳфили “Фурғӯ” мебошад. Маҳфил ҳафтае як маротиба бо ширкати иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ва хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон баргузор мешавад. “Фурӯғ” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон ва Телевизиони кӯдакон ва наврасони “Баҳористон” доир гардида, иштирокдорон атрофи ин ё он асари дар озмун пешниҳодшуда баҳсҳо  меороянд.

Ин навбат ровии маҳфили “Фурӯғ” Нозанини Шӯрат бо хонандагон дар мавриди асари басо шавқовари нависандаи маҳбуб Сотим Улуғзода “Саргузашти Собир” суҳбат ороста,  инчунин атрофи асарҳои ёддоштӣ ва мавқеи онҳо дар адабиёт сухан ронд. Сипас хонандагон аз ҳаёт ва фаъолияти нависанда маълумот дода, Нозанини Шӯҳрат доир ба эҷодиёти Сотим Улуғзода, асарҳои машҳури нависанда, аз қабили “Достонҳои “Шоҳнома””, “Восеъ” “Фирдавсӣ” мавзӯъро пурра намуд.

маҳфили ФурӯғДар қисмати навбатии барнома иштирокдорони маҳфил мекӯшиданд ба суолҳои аз тарафи ровӣ пешниҳодшаванда ҷавоб гӯянд ва худ низ суолҳо диҳанд. Суолҳо гуногун буданд ва ҳар як аз иштирокчии маҳфил мехост фикри хешро дар ин ё он маврид баён созад ва ё худ иловае кунад.

Дар идомаи маҳфил хонандагон лаҳзаҳои ҷолиби асарро нақл карда, байни ҳам табодули назар намуданд.

Зимнан, “Саргузашти Собир” зиндагиномаи худи ин адиби маъруф буда, сол ба сол миёни хонандагон маъруфияти хосро соҳиб мегардад.

Барномаи “Фурӯғ”-ро метавонед, рӯзҳои наздик аз тариқи телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” тамошо кунед.

Муҳидинова Махфират,
бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа