“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Достони  Бузургмеҳр  пури Бухтагон Кушоиши Яман бар дасти Анушервон

ШоҳномаЧун ҳабашиён бар Яман чира шуданд, подшоҳи Яман Сайф ибни Зиязан аз дасти онон гурехт ва ба сӯи кишвари Рум рӯй овард ва аз Қайсар ёрӣ хост. Қайсар замони дарозе ӯро саргардонид ва сипас ба ӯ гуфт: мардумони Ҳабаша тарсо ҳастанд ва ман туро дар баробарӣ бо онон ёрӣ намекунам. Пас Сайф ба назди Мунзир рафт, то ба ёрии ӯ ба дарбори Анӯшервон роҳ ёбад. Мунзир ӯро ба назди Анушервон  фиристод, то гирифторияшро бо Анушервон  дар миён гузошт ва ба даргоҳи ӯ нолид ва аз ӯ кумак хост.

Анушервон  Ваҳризи  Дайламиро барои ҳамроҳии шоҳи Ҳабаша фаро хонд. Лекин аз ба кор гирифтани мардон ва саворони худ дар ёрӣ расонидан ба Сайф дареғ варзид.

Мӯбадон  ба Анӯшервон  гуфтанд, ки  гурӯҳи  бисёре аз касоне, ки  бояд кайфар  бинанд,  дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Ба ҷост  ононро раҳо кунӣ, ба  Ваҳриз  бисупорӣ,  то ҷогузини  сарбозон  шаванд. Анушервон фармон  дод, то ҳазор танро раҳо кунанд ва гирифториҳои эшонро аз миён бардоранд. Пас ононро бо гурӯҳе аз туркон ва дайламиён зери фармони Ваҳриз даровард ва аз Сайф ибни Зиязан паймони вафодорӣ ва некхоҳӣ гирифт. Ваҳриз ва касонашро ҳамроҳи ӯ карда афсар ва ҷомаҳои гаронбаҳо ба Ваҳриз супурд, то ҳангоме ки аз душмани Сайф бипардозад, ӯро аз ҷониби Анушервон ба подшоҳии Яман бирасонад.  Афсар бар сари ӯ ниҳад ва аз ӯ паймон бигирад, ки бож бипардозад ва худ ба Мадоин бозгардад

Ваҳриз  ва  Сайф ибни Зиязан ба сӯи  Яман ба роҳ  афтоданд. Аз сӯи шаҳри бандарии Убулла аз роҳи дарё рафтанд, то ба каронаи Ҳазрамавт даромаданд.

Чун гузориши омадани Ваҳриз ба шоҳи Ҳабаша Абӯяксум  Масруқ писари Абраҳа  расид, бо сад ҳазор сипоҳӣ ба сӯи ӯ шитофт ва дар канори дарё бо вай бархӯрд кард.

Ваҳриз ба ёронаш гуфт: киштиҳоро бисӯзонед, то сарбозон бидонанд, ки ё марг аст ё пирӯзӣ.  Ман нахустин тирро меафканам. Пас аз он ҳар як аз шумо панҷ тир бияфканад, то бидонанд, ки тозиш ростин аст. Агар забунӣ нишон доданд, бидонед, ки ман шоҳи эшонро куштаам.

Чун ду сипоҳ дар баробари ҳам рада бастанд ва омодаи набард шуданд, Ваҳриз тире заҳрогин афканд, ки рост бар куштангоҳи Абуяксум нишаст ва ӯро аз по даровард. Ҳабашиён ошуфта шуданд.  Ваҳриз бар онон тозиш овард, то ҳазорон тан аз эшонро кушт. Дигарон гурехтанд.  Ваҳриз пас аз он, ҳамон гуна ки бар ӯ Анушервон фармон дода буд, Сайфро ба шоҳии Яман барнишонд  ва афсар бар сар ниҳод ва бар ӯ ҷомаи гаронбаҳо пӯшонд ва  бар бож баст.  Худ бо армуғонҳое аз фаровардаҳои вежаи Яман ба назди Анушервон бозгашт.
Анушервон  Ваҳризро подоши нек дод ва ӯро баркашид ва аз он пас Яман пайваста дар дасти Сайф буд, то он гоҳ  ки кушта шуд. Абӯсалти  Сақафӣ дар бораи  ин достон,  он ҷо ки Сайфро меситояд, мегӯяд:
Яъне: Танҳо  пури  Зиязан, ки  солҳо дар  пайи  душманон  ба  дарё  рафт, метавонад   кинхоҳӣ   кунад.
Ӯ назди Ҳираклюс омад ва ӯро дар оромии ва сукун ёфт, лекин бар навиде, ки ба ӯ дода  буданд,  даст наёфт.
Кист чун Хусрав,
 ки  шоҳон  дар  баробари  ӯ  сар фуруд  дароварданд  ё  чӣ касе  монанди  Ваҳриз дар рӯзи набард аст, ҳангоме  ки  тозиш  ҳамеовард.
Худояшон
 некӣ  диҳод!  Гурӯҳе,  ки  берун омаданд,  мо ҳаргиз дар миёни мардумон  барои  онон  ҳамтоёне надидем.
Шеронеро ба ҷанги сагони сиёҳ фиристодӣ,  ки  шомгоҳон танҳо шумори парокандае аз онон ба ҷо монда буд.
Акнун афсар бар сар шодмона май бинӯш ва дар кохи  Ғумдон, ки паноҳи ҳамагон  аст, биёром.
Сипас, ҳангоме  ки пароканда шуданд,  хештанро бо мушк хушбӯ  кун ва имрӯз дар ҷомаҳои фохири худ  бихиром.

ДОСТОНИ БУЗУРГМЕҲР ПУРИ БУХТАГОН

Порсиён бар онанд, ки Анӯшервон шабе хоб дид, ки дар ҷоми заррин бода менӯшад ва хуке низ аз ҳамон ҷом май менӯшид. Чун  бомдод шуд,  аз мӯбадон дар бораи хобаш  раъй хост. Мӯбадон натавонистанд хоби ӯро гузориш  кунанд. Пас мардони устувори  худро фармуд,  то хобгузоре биҷӯянд. Яке аз онон ба дабистоне даромад  ва аз устод дар бораи  хоби  шоҳ раъй  хост. Ӯ  низ дар нотавонии гузоридани хоб чун он дигарон буд.
Ногоҳ  навҷавоне аз миёни  шогирдон ба номи Бузургмеҳр  бархост  ва  гуфт: устод,  ман  гузориши  хоби  шоҳро медонам.  Устод бонг бар ӯ зад ва сарзаниш кард ва гуфт: оё ту мехоҳӣ  ғӯра нагашта мавиз бишавӣ!

Пурсанда ба устод гуфт: аз тавоноии Худованд дур  нест ба кӯдаке  чизҳо  биёмӯзад.  

Устод ба Бузургмеҳр гуфт: он чӣ  медонӣ,  бигӯ.  Гуфт: на.  Ба Худо савганд, ман гузориши   хобро ҷуз дар назди  шоҳ  нахоҳам   гуфт.

Мард ӯро  ба  дарбор  овард  ва  Анӯшервонро  аз он чӣ  гузашта  буд  огоҳ сохт.  Анӯшервон  кӯдакро   фаро  хонд.  Чун  дар  ӯ нигарист, ҷавоне дид,  ки нишонаи хирад ва зиракӣ дар ӯ ҳувайдо буд. Аз ӯ  пурсид  мехоҳӣ  хоби маро гузориш кунӣ? Чавон посух дод: оре,  шоҳо!  Анӯшервон  гуфт:  ҳам акнун  гузориш кун. Гуфт: гузориш танҳо дар ҷое шоиста аст, ки ман бо шоҳаншоҳ танҳо бошам. Анӯшервон фармон дод, ки анҷуманро тиҳӣ кунанд. Он гоҳ

Бузургмеҳр гуфт: Ҳароина, марде дар миёни занон ва духтарони  шабистони ту ҳаст, ки бо яке аз занон бо ту анбоз аст. Анӯшервон гуфт: ман мехоҳам ростии суханатро бинамой.

Бузургмеҳр гуфт: бифармой,  то ҳамаи занон, ки дар саройҳо ва кохҳо ҳастанд, бар мо бигузаранд.

Анӯшервон фармон дод, ки ҳамаи онон аз баробари эшон гузаштанд, лекин ба он чӣ мехост даст наёфт. Бузургмеҳр гуфт: бифармой, то ҳамагон бараҳна аз пеши ту оянд.

 Анӯшервон фармуд чунон кунанд, магар яке аз занони Анӯшервон,  ки аз шоҳзодагон буд,  бо чавоне меҳр меварзид ва бар ӯ ҷомаи занон пӯшонида буд.  Чунон вонамуда буд, ки канизи вай аст ва бо  ӯ  ишқ  мебохт.  Чун занону духтарон  бараҳна бар ӯ гаштанд, то навбат ба ҷавон расид, ба ларза афтод.

Анушервон донист, ки ӯ мард аст. Пас фармон дод, ки вай ва дилдодаи ӯро бикушанд. Он гоҳ аз зиракии Бузургмеҳри навҷавон дар шигифт монд ва ӯро аз вежагони худ сохт. Худованд чандон ба ӯ дониш дод, ки ягонаи рӯзгор шуд.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.