Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми ноябр

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башарСоли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ адиби тоҷик Сардори Раҳдор (Дилбоваров Сардор Раҳдорович) ба ҷаҳон омадааст. Сардори Раҳдор соли 1971, баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳааш, соле дар Заводи таъмирӣ-таҷрибавии техникаи Кӯлоб челонгарӣ кардааст.

Солҳои 1972-1977 дар факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил дошта, баъди хатмаш (ду сол) дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳоти Шуҷанд ва Емси ноҳияи Рӯшон муаллимӣ кардааст. Баъдан, солҳои 1979-1981, корманди масъули радиои маҳаллӣ, мухбири рӯзномаи «Овози дӯстӣ»-и ноҳия будааст. Солҳои 1981-1984 ҳамчун афсари кӯшунҳои сарҳадии шӯравӣ дар Тошканду Кобул адои хизмат кардааст. Солҳои 1984-1986 мухбири рӯзномаи ноҳиявӣ, солҳои 1986-1988 тарҷумони ҳизбӣ дар Кобул, солҳои 1989-2010 хабарнигори рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон», сипас мудири шуъбаи идеологияи ҳукумати ноҳияи Рӯшон, корманди Хазинаи Оғохон дар Хоруғу Душанбе будааст. Аз соли 2010 муҳаррири калони ҳафтавори «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ мебошад.

Аз овони ҷавонӣ машқи шеър кардааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои «Номус» (1991), «Ҷӯёи нур» (2011), «Талаби дидор» (2009) ва «Мод зив» (2011) интишор ёфтаанд.

Бо медалҳои Иттиҳоди Шӯравию Афғонистон, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Аз соли 1989 узви Итифоқи журналистон, аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. 6 апрели соли 2020 аз олам гузашт.

Соли 1891 – дар синни 64-солагӣ, шоир ва нависандаи португалӣ Франсишку Гомеш де Аморим  дар Лиссабон даргузашт. Ӯ муаллифи асарҳои “Таронаҳои субҳ”, “Бевазан”, “Издивоҷ ва дафн”, “Мазҳакаи ҳаёт” буд.

Соли 1904 – ношири китоб дар Русия Адолф Федорович Маркс  вафот кард.

Соли 1964 – нависанда, шоира, муаллифи шеъру таронаи “В лесу родилась ёлочка”Раиса Кудашева даргузашт.

Александр Исаевич СолженицынСоли 1969 – ташкилоти нависандагони Рязан Александр Солженитсинро аз узвияти Иттифоқи нависандагони СССР хориҷ кард. Солженитсин нависандаи саршиноси аҳли Русия ва барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1970 буд. Вай ба хотири ифшои ҷиноятҳои режими Сталин дар асарҳояш муддати бист солро дар табъид гузаронд. Машҳуртарин асарҳои ӯ “Маҷмааҷазоири Гулаг” ва “Як рӯз аз зиндагии Инван Денисович” ҳамчунин “Ҳавлии Матрёна”, “Дар якумин доира” ва ғайра мебошанд. Солженитсин солҳои 1918-2008 зистааст.

Соли 1972 – шоир Юрий Галансков вафот кард. Галасанков аз ҷумлаи адибони дигарандеш ё рушанфикр буд. Вай соли 1939 дар Москав таваллуд шудааст.

Соли 1973 – нависанда ва рўзноманигори шӯравии рус, хабарнигори ҳарбӣ Всеволод Анисимович Кочетов даргузашт. Всеволод Анисимович Кочетов 22 январи (4 феврали) соли 1912 дар Новгород дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1927 ба Ленинград, ки бародари калониаш дар он ҷо зиндагӣ мекард, кўчид. Дар Ленинград Всеволод Кочетов соли 1931 техникуми хочагии қишлоқро хатм карда, баъди он якчанд сол дар деҳа агроном шуда кор кард.

Аз соли 1938 фаъолияти журналистии ӯ ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Ленинградская правда» оғоз гардид.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рўзноманигор, ходими рўзномаҳои  фронти Ленинград буд. Дар давраи баъдиҷангӣ ба эҷодиёт машғул шуда,  ба навиштани повести «Дар даштҳои Нева» (1946), ки ба рўйдодҳои ҷангӣ бахшида шудааст, оғоз кард.

Ў ба ду ордени Ленин (1962, 1967),  ордени Инқилоби Октябр (1972) ва ордени Ситораи Сурх (1944) сарфароз гардонида шудааст.

Юлия Александровна ЗонисСоли 1977 – нависандаи асарҳои тахайюлӣ Юлия Зонис таваллуд шудааст. Бону Юлия дар деҳаи гурҷии Рустави ба дунё  омада, муддате дар Молдова зистааст. Дар айни замон сокини шаҳри Санк-Петурбург мебошад.

Соли 1993  дар Краков, дар синни 71-солагӣ, нависандаи лаҳистонӣ ЕжиБрошкевич  (Jerzy Broszkiewicz) вафот кард. Вай муаллифи асарҳое чун «Калон, калонтар ва калонтарин», «Се бо даҳ ҳазор», «Чашми Кентавр», «Бадбахтии қамарии ман», «Доктор Твардовский” мебошад.

Эҷодиёти ў хеле гуногунҷабҳа аст. Аввалин китобаш достони “Интизорӣ” буд, ки барои он ҷоизаи  вилояти Краковро сазовор шудааст. Баъдан барои асарҳои дигараш низ соҳиби чандин ҷоиза шуда, билохира сазовори мукофоти давлатии дараҷаи 1 шудааст.

Брошкевич дар дромнависӣ низ шуҳрат ёфта буд ва бештар аз 20 асари драмавӣ навиштааст.

Асарҳои ӯ бо 19 забони хориҷӣ тарҷума ва дар кишвраҳои мухталиф нашр шудаанд.

Соли 1999 – шоир, нависанда в атарҷумони Шӯравӣ, шарикмуаллифи Гимни СССР  Гаролд Регистан вафот кард. Вай ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Муаллифи бештар аз 400 суруд мебошад.

Соли 2006 – нависандаи мардуми эвенкӣ, шоир Немтушкин Алитет Николаевич даргузашт.

Соли 2008 – нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ муаллифи асарҳои «Штамми Андромед», «Порки даврони Юра», «Тири замон», “Тулӯи офтоб”, “Болҳо”, “Дунёи гумшуда”, “Тиру замон” Майкл Крайтон дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Лос-Анҷелес чашм аз олами ҳастӣ пўшид. Крайтон филмноманавис низ буд, коргардонӣ ҳам кардааст, вале ӯро бештар барои асарҳои тахайюлиаш мешиносанд.  Китобҳои ӯ дар саросари ҷаҳон беш аз 150 миллион нусха фурӯхта шуданд ва аксари онҳо ба навор гирифта шуданд.

Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова, сармутахассиси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.