Зиёда аз сад математики муваффақ. Браҳмагупта

БраҳмагуптаӮро ситорашинос  ва математики  маъруфи  кишвари Ҳинд меноманд ва бино ба маълумоти дастрасшуда солҳои 598-670 зистааст. Аломаи Шарқ Абурайҳон Берунӣ дар асараш «Китоб – ал- Ҳинд»  (қарибии соли 1035) идеяҳои астрономии Ҳиндустонро таҳлил намуда, Браҳмагуптаро ҳамчун ситорашиноси дараҷаи аввал муарифӣ намудааст.  

***  ****   ***

Браҳмагупта, тақрибан, соли 598 тавалуд шудааст. Инро аз китоби ў «Браҳма- спутҳа- сиддханта» фаҳмидан мумкин аст. Дар китоб огоҳ кардааст, ки ў онро дар синни 30 солагиаш (соли 628) навиштааст. Браҳмагупта дар штати Раҷастан дар шимолу ғарби Ҳиндустон таваллуд шудааст. Дар он замон ин макон пойтахти мулкдорони авлоди Surjara буд. Падари Браҳмагупта Ҷиснугупта ном дошт. Браҳмагупта қисми зиёди умри хешро дар Бхинмале сипарӣ кардааст. Ҳангоми салтанати Вяграмукхи ўро Бҳиламакаря (муаллим Бҳилам) ном ниҳода буданд.

Браҳмагупта роҳбарии расадхонаи машҳури Уддҷайнро ба ўҳда дошт, ки дар Ҳиндустон беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Дар таҳқиқоти анҷомдодаи Браҳмагупта назари динии ў таъсири бузург боқӣ гузошта буд. Ба ақоиди динӣ такя карда, Браҳмагупта ақидаи ҳамасронашро (аз ҷумла Ариабҳатаро) дар хусуси он ки гўиё Замин кураи чархзананда аст, маҳкум кардааст. Браҳмагупта бо Ариабҳата доир ба табиати хусуфҳои Офтоб баҳс кардааст. Гарчанде  Браҳмагупта бо корҳои Ариабҳата шинос бошад ҳам, маълум нест, ки ў бо корҳои Бхаскара ошноӣ дошт ё не. Корҳои Браҳмагупта қайдҳои сершумори гуногунро дарбар мегирифтанд, ки онҳо ба унвони ситорашиносони сершумори ҳамасри ў равона карда шуда, мазмуни «Браҳма- спхута- сиддханта»-ро гирифтаанд ва боиси низоъҳои байни математикҳои ҳамасраш гардидаанд. Ин ҷудоиҳо натиҷаи интихоби параметрҳои соҳаи нуҷум ва назарияи он буданд. Танқиди муқаризони назарияи Браҳмагупта дар 10 боби аввали «Браҳма – спхута – сиддхана», инчунин, бобҳои 12 ва 18 ба назар намерасад.

Аломаи Шарқ Абурайҳон Берунӣ дар асараш «Китоб – ал- Ҳинд»  (қарибии соли 1035) идеяҳои астрономии Ҳиндустонро таҳлил намуда, Браҳмагуптаро ҳамчун ситорашиноси дараҷаи аввал муарифӣ намудааст.

Асарҳои Браҳмагупта «Браҳма – спутҳа- сиддханта» (соли 628) ва «Кхандакхадяка» (соли 665) мебошанд.

«Браҳма – спутҳа- сиддханта» асари маъмули ў ба шумор меравад. Ин китоб бо жанри назм навишта шуда, фақат натиҷаҳои бе исботу бе далели олимро дарбар мегирад. Ин китоби олим аз 24 боб иборат буда, 10 боби аввали он матнҳои ба нуҷуми он давра тааллуқдоштаро фаро гирифтаанд. Дар он, аз ҷумла, ҳисоби тўлҳои миёна ва ҳақиқӣ, гардиши шабонарўзии осмон, ҳисоби хусуфҳои Офтобу кусуфҳои Моҳ, усулҳои ҳисоби вазъи бо мурури вақт тағйирёбандаи ҷирмҳои осмон (эфимеридҳо), тулуъ ва ғуруби онҳо, пайвастшавӣ ворид карда шудаанд.

Олими бузург барои инкишофи илми астрономия дар Византия ва мамолики исломӣ таъсири бузург гузоштааст. Ў бо истифода аз усулҳои алгебравӣ ба ҳисобҳои астрономӣ оғоз кард. Тавре пештар қайд кардем, бобҳои 12 ва 18-и асари пурарзишаш «Браҳма – спутҳа – сиддханта» ба математика бахшида шудаанд ва дар баробари дигар бобҳо то замони мо боқӣ мондаанд…

 

Манбаъ: Асадулло Шарифзода, Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, соли 2025.

Ин китобу хубу шавқоварро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

 

        Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.

 

Теги: илмҳои дақиқ